Рюноске АКУТАГАВА (Нависандаи ҷопон) ДӮЗАХИ ТАНҲОӢ

Аз хазинаи адабиёти ҷаҳон

Ин нақли модарам буд, ки мегуфт: ман инро аз бобокалонам шунидаам. Вале ин нақл то куҷо заминаи воқеӣ дорад, намедонам. Бо назардошти он, ки бобокалонам чӣ инсоне буд, фикр мекунам, ки ин ҳодиса рӯй додааст.
Бобокалонам шефтаи ҳунару адабиёт буд ва дар байни актиёрону нависандагони даҳсолаҳои охири ҳукмронии Токугаваҳо (сулолаи сиёгунҳо — ҳукмронҳои ҳарбию феодалии Ҷопон дар солҳои 1603—1867) маҳбубият дошт. 
Дар байни онҳо драматургҳое ба мисли Каватаке Мокуами, нависанда Рюка Тэйтанэкадзу, актёри машҳур Зензай Анейки, актёр Тоэй, актёри шинохтаи театри кабуки Данзюрои нӯҳум, актёрҳои театри кабуки Удзи Сибун, Мияко Сэнтю, Кэнкон Борюсай ва дигарон буданд. Мисолан, Мокуами бо ҳамроҳии бобокалонам дар песаи худ «Эдодзакура киёмизду сейген» прототипи тоҷири сарватманд Кинокуния Бунзаэмонро ба риштаи тасвир кашидааст. Ӯ панҷоҳ сол қабл фавтида буд, ба вай лақаби Има-кибун (Кинокуния Бунзаэмони муосир)-ро дода буданд. Имрӯз низ нафароне ҳастанд, ки дар бораи ӯ, бино ба шунидаҳояшон, медонанд. Насаби бобокалонам Сайки, номаш Тозиро, Кои тахаллуси адабии ӯ буд. Номи авлодиаш — Ямасирогасино Суто.
Суто боре дар фоҳишахонаи Тамоноя Ёсивара (яке аз мавзеъҳои Токиои кунунӣ) бо роҳибе ошноӣ пайдо мекунад. Роҳиб пири маъбади Хонги буд, ӯро Дзентё меномиданд. Вай низ дар ин фоҳишахона бо зани сабукпое, ки Нискидзиё ном дошт, қаробат пайдо карда буд. Ин ҳодиса дар замоне рӯй дод, ки ба роҳибон на танҳо издивоҷ кардан, балки баҳрабардорӣ аз лаззати шаҳвонӣ низ манъ буд. Бино бар ин, Дзентё тавре либос мепӯшид, ки роҳиб будани ӯро касе надонад. Вай дар бар кимоно (ҷомаи ҷопонӣ)-и шоҳии гаронбаҳои рахҳояш зарду қаҳваранг дошт, ки дигарон гумон мекарданд, ӯ дар асл табибест. Бо ӯ бобокалони модариям тасодуфан шинос шуда будааст.
Бале, он ошноӣ ошноии тасодуфӣ буд: бино ба тақвими шамсӣ як шоми моҳи июл, вақте аз рӯйи одати қадимӣ дар хонаҳои кӯчаки чойхӯрии Ёсивара фонусҳоро овехта буданд, Суто дар долони ошёнаи дуюм гаштугузор дошт. Ҳангоме аз обхона бармегашт, марди қадпасту лоғареро дид, ки бо меҳр ба моҳи осмон менигарад. Вай мӯйи сарашро бо поку тарошида буд. Дар зери партави моҳ ба назари Суто чунин намуд: марде, ки пуштнокӣ дар баробари ӯ қарор дорад Тикунайи шӯх ва ҳамешаҳозири ин биност, ки либоси табибонро дар бар дорад. Суто аз назди ӯ гузашту гӯшашро сабук кашид ва аз дил гузаронд: «Вақте аз бим ба ман рӯ оварад, масхара хоҳам кард».
Вале, чун чеҳраи марди ба ӯ рӯовардаро дид, худ аз бим ларзид. Агар сари тарошидаашро сарфи назар намоем, вай бо пешонаи фарох ва муйлаби расида ба Тикунай ҳеч монандӣ надошт. Шояд ба сабаби хеле лоғар будани чеҳрааш чашмони ӯ ба назар аз буда калон менамуданд. Дар нимаравшанӣ бараъло дида мешуд, ки дар бари рӯйи чапаш холи калоне дорад ва поёнтар аз он чонаи дуруште. Дар рӯ ба рӯйи Сутои даступохӯрда чунин манзара қарор дошт. 
Марди ба хашмомада пурсид:
— Ба шумо чӣ лозим?
Чунин ба назар мерасид, ки мард як андак сархуш аст.
Фаромӯш кардаам бигӯям, ки Суто дар ин ҳангом танҳо набуд, ду ҳамроҳ дошт, ки дар он рӯзгор онҳоро гейша (раққоса ё мутриба дар ишратхонаҳои Ҷопон) меномиданд. Онҳо, албатта, нисбати саҳлангории Суто бефарқ набуданд. Яке аз онҳо, барои аз ҷониби Суто маъзарат хостан, дар назди марди ношинос монд. Суто ҳамроҳи дӯсти дуюм саросема ба ҳуҷраи худ рафт ва онҳо бо ишрат машғул шуданд. Тавре ки мебинед, хатои шефтагони санъат низ шармсорӣ дар пай дорад. Тоссар вақте аз дӯсти Суто донист, ки ин хатои аламангез аз куҷо сар задааст, дарҳол ба худ омад ва шодмон хандид. Марди мӯйи сараш тарошидагӣ Дзентё буд.
Баъди ин ҳодиса Суто амр кард, ки ба назди тоссар як лаълӣ шириниҳо баранд ва бори дигар аз ӯ узр пурсанд. Вай, дар навбати худ, барои ташаккур изҳор кардан, ба ҳузури Суто омад. Бад-ин тариқ риштаи дӯстиии онҳо ба ҳам пайваст. Ҳарчанд гуфтам, ки риштаи дӯстии онҳо ба ҳам пайваст, онҳо ҳамагӣ як бор дар ошёнаи дуюми ин муассиса якдигарро дида, дигар дар ягон ҷо вонахӯрда буданд. Суто машруботи спиртдорро боре ба даҳон нагирифтааст, вале Дзентё, баръакс, аз нӯшидан хушаш меомад. Либоспӯшиаш аз либоспӯшии Суто фарқ мекард, пуркарруфар буд. Фарқи дигарашон дар он буд, ки Дзентё занонро бештар дӯст медошт. Суто гоҳо бо шӯхӣ мегуфт: ҳоло маълум нест, ки кадоме аз мо роҳибтарем. Сутои фарбеҳи тулум ва зоҳиран безеб моҳҳо муйи сару ришашро наметарошид, дар гардан тӯмори занҷирдор, дар бар кимонои миёнбандаш шоҳии хоксорона дошт.
Суто боре бо Дзентё дар ҳолате вохӯрд, ки ба шонаҳояш китфпӯшаки зарбофтро партофта, сямисэен (асбоби мусиқӣ) менавохт. Ғайричашмдошт, Дзентё он рӯз ранги рӯйи парида ва чашмони сурхи варамида дошт, гоҳо чунин ба назар мерасид, ки раги кунҷҳои даҳонаш кашида мешаванд. Суто зуд пай бурд, ки дӯсти ӯ изтироби шадиди ботиние дорад. Вай дар рафти суҳбат ба Дзэнтё бо суханони таҳдор фаҳмонд, ки омодааст ӯро бо камоли майл бишнавад, вале ӯ дари рози дилашро кушодан намехост. Баръакс, беш аз пеш пӯшидатар мешуд, гоҳо сари риштаи калобаи суханро гум мекард.
Суто андешид, ки Дзентёро ғаме, ки одатан дар дили меҳмонони фоҳишахонаҳо пайдо мешавад, шиканҷа медиҳад. Ва он ғамест, ки онро аз дил, бо дода шудан ба ишрат, берун наметавон кард. Сутою Дзэнтё дер бо ҳам суҳбат карданд, бо мурури вақт фазои суҳбаташон бозтар мешуд. Дзэнтё, гӯё чизеро яке ба ёд оварда бошад, гуфт:
— Бино ба ақоиди буддоӣ, доираҳои гунонгуни дӯзах вуҷуд доштаанд. Умуман, дӯзахро метавон ба се доира: доираи дур, доираи наздик ва доираи танҳоӣ ҷудо кард. Оё ин гуфтаро дар ёд доред: «Дар дунёе, ки зиндаҳо ба сар мебаранд, дӯзах ба панҷсад ри (ченаки масофа) вусъат пайдо мекунад». Пас, маълум мешавад, қадимиён бовар доштаанд, ки дӯзах ондунёист. Ва яке аз ин доираҳо — дӯзахи танҳоист, ки ғайричашмдошт, дар фазои кӯҳу саҳро ва ҷангалҳо пайдо мешудааст. Ба таври дигар гӯем, ҳар он чӣ, ки инсонҳоро иҳота кардааст, метавонад, дар як миҷа ба ҳам задан, ба дӯзахи ранҷу азобҳо табдил ёбад. Чанд сол қабл ман ба чунин як дӯзах бархӯрд кардам. Вале аз он ки ташнаи дигаргуниҳоям, маро ҳеч чиз ба таври ҳамешагӣ мутаваҷҷеҳ намесозад. Бо вуҷуди ин, маро аз дӯзах ҷойи гурез нест. Бинобарин, саъй мекунам, ки ҳолати рӯзгорам пайгирона тағйир ёфта истад. Дигаргуниҳо кӯмак мекунанд, ки ғаму ғуссаҳоро пушти сар гузорам. Агар шонаҳои дилам бори дигаргуниҳоро бардошта натавонанд, маро як чиз раҳоӣ хоҳад бахшид, ки он марг аст. Пеш дар ин рӯзгори ғамангез аз марг танаффур доштам. Ҳоло бошад...
Суто суханони охирини ӯро нашунид. Дзэнтё онҳоро бо садои паст, сямисенро ҷӯркунон ба забон овард...  
Аз он рӯз Дзэнтё дигар дар он даргоҳ нанамуд. Ва ҳеч кас намедонист, ки бо ин роҳиби дар ботлоқи гуноҳҳо ғӯтида чӣ ҳодиса рӯй додааст. Дзэнтё ҳамон рӯзе, ки рафтан дошт, шарҳи сутраҳоро (садде, ки дар пеши саҷҷодаи обидон, барои халалнопазирии ибодат аз раҳгузарон мегузоранд) фаромӯш карда буд. Ва вақте ки Суто дар овони пиронсолӣ муфлис шуду ба шаҳраки музофотии Самукаву омад, дар байни китобҳои рӯйи миз чашмаш ба китоби шарҳи сутра афтод. Суто дар пушти муқоваи он сегонаи (шеъре, ки аз се сатр иборат аст) худро навишт: «Чиҳил сол аст, ба шабнами рӯйи бунафшаҳое, ки дар саҳро доман паҳн кардаанд, менигарам». Китоб нигоҳдорӣ нашудааст. Ҳоло аз он аҳд касе намондааст, ки он сегонаи бобокалони модариро дар ёд дошта бошад.
Таърихи нақлгардида мутобиқ ба соли чоруми Ансей — соли 1857-ум аст. Модар магарам онро ба сабаби вожаи «дӯзах», ки ба миён омада буд, ба ёд овард.
Ҳоло ман рӯзҳои дароз дар дафтари кориам на дар он оламе, ки бобокалони модариам ва роҳиби тоссар зистаанд, балки дар дунёи батамом дигар ба сар мебарам. Ва маро китоби наққошиҳои аҳди Такугаваҳо заррае мутаваҷҷеҳ намесозад. Бар илова, ҳолати равониям чунин аст, ки ибораи «дӯзахи танҳоӣ» дар дилам нисбати бошандагони он аҳд ҳисси тараҳҳум меангезад. Ман инро инкор намекунам. Зеро аз як дидгоҳ як андоза худи ман низ қурбонии дӯзахи танҳоиям.

Аз забони русӣ тарҷумаи А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: