САБАБ ВА ОҚИБАТҲОИ ҲОЛОТИ КОРРУПСИОНӢ

Ҳанӯз 3 январи соли 2017 Президент Шавкат Мирзиёев ба қонун «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» имзо гузошта буд.

Ҳанӯз 3 январи соли 2017 Президент Шавкат Мирзиёев ба қонун «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» имзо гузошта буд. Мақсад аз қабул гаштани ҳуҷҷати муҳими давлатӣ дар бораи коррупсия, ки онро «заҳрпечаки ҷамъият» низ номанд, рӯз барин равшан: ба тартиб андохтани муносибатҳо дар соҳаи оштинопазирӣ ва мубориза алайҳи коррупсия.
Дар ҳуҷҷати мазкур ба «коррупсия», «қонуншиканиҳо оиди коррупсия», «бархӯрди манфиатҳо» барин мафҳумҳои асосӣ шарҳу эзоҳ дода шудааст. Айни замон принсипҳои асосии мубориза алайҳи коррупсия қайд ёфта, решаҳои иҷтимоии ин иллат баён гардидааст.
Ба таври оддӣ ифода намоем, аз мансаб ё худ мавқеи хидматӣ баҳри манфиати шахсӣ ё манфиати шахсони дигар сӯиистифода кардан – коррупсия мебошад. Он иқдомест бар хилофи қонун бо мақсади ба даст овардани нафъи моддӣ ё ғайримоддӣ. Вақти манфиатнокии шахсӣ ва давлатӣ, манфиатнокии шаҳрвандон ва ташкилотҳо, айни замон манфиатҳои қонунии ҷамъият ва давлат бархӯрд мекунанд, яъне байни онҳо зиддият ба вуҷуд меояд, ин дар ҳуҷҷатҳои қонунии марбут ба соҳа «бархӯрди манфиатҳо» номида мешавад.
Барои мо, шаҳрвандон, хусусан донистани принсипҳои асосии мубориза алайҳи коррупсия хеле аҳамиятнок аст, ки ин дар моддаи 4-уми қонун «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» қайд гардидааст. Қонуният, устувории қонунҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, кушодӣ ва шаффофӣ, муттасилӣ, ҳамкорӣ байни давлат ва ҷамъияти шаҳрвандӣ, устувории чорабиниҳо доир ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ҳамин принсипҳои асосӣ мебошанд. Боз як принсипи асосӣ мавҷуд – муқаррарии ҷавобгарӣ.
Баланд бардоштани тафаккури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккул додани муносибати оштинопазирӣ нисбати коррупсия дар ҷамъият, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ ба амал баровардани чораҳо оиди пешгирии коррупсия, дар вақташ аниқ кардани ҳуқуқшиканиҳо оиди соҳа, нуқта гузоштан ба ин гуна амалҳои номатлуб, омӯхтани оқибат ва бартарафсозии шарт ва шароитҳое, ки ба манфиатхоҳон имконият фароҳам меоваранд, аз ҳама асосиаш, таъмини принсипи муқаррарии ҷавобгарӣ – самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар моддаи 5-уми ҳуҷҷати зикршуда баён ёфтаанд.
Аз байн наздик чаҳоруним сол сипарӣ гашт. Дар ин байн ҳуҷҷатҳои қонунӣ такмил ёфтанд. Агентии мубориза алайҳи коррупсия ташкил ёфт ва ҳоказо. Саъйҳо самара бахшида ва заҳрпечаки ҷамъиятӣ решакан мегардад. Вале ришват, тамаъгарӣ, фасодкорӣ барин иллатҳо ҳанӯз ба назар бархӯрда ва дар ин бобат қариб ҳар рӯз хабарҳо ба гӯш мерасанд.
Омӯзгори Институти давлатии педагогии Чирчиқ бо ваъдаи дохил намудан ба муассисаи таълими олии мазкур ё худ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба ду нафар шаҳрванд ваъда дод ва аснои гирифтани 6 ҳазор доллари ИМА  ба даст афтод. Аз ин хусус департаменти мубориза алайҳи ҷинояти иқтисодии назди Сарпрокуратура хабар дод. Чорабинии таъҷилӣ аз ҷониби шуъбаи ноҳиявии (Шайхонтаҳур) департаменти зикршуда ва ХАД ба амал баромад ва кирдукори муаллим Ш.Э. фош гардид. Аз рӯи ин ҳолат дар асоси моддаи 168-ум (фиребгарӣ) ва моддаҳои 28, 211-уми Кодекси ҷиноӣ (ришват) кори ҷиноӣ кушода шуд ва тафтишот оғоз ёфт.
Аз ин пештар нафаре ҳам, ки мехост ба ивази 3 ҳазору 500 доллар абитуриентро ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дароварад, ба даст афтода буд. Ҳамчунин дар ноҳияи Мирободи пойтахт шахсе, ки бо ваъдаи дохил сохтан ба филиали Донишгоҳи давлатии Маскав аз нафаре 1 ҳазору 500 доллар гирифтан мехост, аниқ гардид.
Дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ду нафар бо ваъдаи он ки оиди дар яке аз институтҳои Қазоқистон хонда истоданашон ҳуҷҷат тайёр карда медиҳанд, аз шаҳрванд Ш. ва ҷияни ӯ 4 ҳазору 200 доллар талаб мекунанд. Ҳарду аснои гирифтани пора дастгир мешаванд.
Кирдукори нафаре ҳам, ки чун роҳбари филиали Донишгоҳи технологияи хабарии Тошканд дар Самарқанд фаъолият мебурд, дар вақти гирифтани ришват ба миқдори 3 ҳазор доллар аз шаҳрванд Б.Т. фош карда шуд.
Ҷонишини декани Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ш.П. аз донишҷӯи курси якум 500 доллар тамаъ кард ва ваъда дод кори назоратии ҷориашро мусбат ҳал мекунад. Ҳангоми қабули ин маблағ вай ба даст афтид.
Шаҳрванд Ф.А. Л.З. ном шахсро «бовар кунонд», бо кӯмаки шиносҳояш, ки дар идораҳои болоӣ кор мекунанд, ӯро ба Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд дохил мекунонад. Ба ивази ин 15 ҳазор доллари ИМА пурсид. Дар вақти гирифтани пул ба даст афтид ва бо моддаҳои дахлноки КҶ парвандаи ҷиноӣ кушода ва тафтишот оғоз ёфт.
Шахсҳое низ аниқ гаштанд, ки дар Шаҳрисабз барои дохил кунондан ба техникуми тиббии ба номи А.Сино аз ҳар 21 нафар 500 долларӣ гирифтаанд. Маълум шуд онҳо (М.Ф. ва И.Ш.) айни замон бо ваъдаи дохил кунондан ба Донишгоҳи давлатии Қаршӣ ва гирифта додани хона аз шаҳри Тошканд 17 ҳазору 500 доллари шаҳрванд С.-ро обу лой кардан хостаанд. Дар ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё фиребгаре хостааст бо ваъдаи ба кор дохил кунондан ба сохтори Гвардияи миллӣ аз нафаре 4 ҳазор доллар ситонад. Тири ӯ низ хок хӯрд.
Ҷавонзане нафареро бовар кунондан хост, ки дугонааш дар Институти давлатии омӯзгории Чирчиқ дар яке аз вазифаҳои масъул кор мекунад. 4,5 ҳазор доллар диҳад, масъалаи ба институти мазкур дохил шудани шахси наздики ӯ ҳал мешавад. Дар вақти «додугирифт», ки дар назди мактаби миёнаи рақами 260-уми ноҳияи Юнусобод ба вуқӯъ пайваст, ба дасти зани фасодкор кишанг зада шуд.
Сабаб чист, ки ҳолатҳои коррупсионӣ ҳамон барҳам нахӯрда ва бо вуҷуди он ки ба ҳар амали нораво ҷазо муқаррар аст, тавре ба назар мерасад, ки онҳо авҷ гирифтаанд.
Мутахассиси Агентии мубориза алайҳи коррупсия Обидҷон Латифов қайд менамояд, дар мо ҳанӯз ҷаҳонбинии антикоррупсионӣ ташаккул наёфтааст. Ҳанӯз қисме боварии комил доранд, то пора надиҳӣ корат буд намешавад. Ба ин восита онҳо коррупсияро ҳатто «тарғиб» месозанд.
Ҷазо бояд таъсирноктар бошад, ҳар як инсон мазмун ва моҳияти коррупсияро фаҳмад. Омма ҳар қадар зиёд ва шуурнок бошад, ғалаба осон мекӯчад. Ҳар як шахс дар доираи фаъолияти худ бояд дар ин кор ҳисса гузорад, яъне мубориза алайҳи коррупсия вазифаи ҳама ва ҳар кас аст. Стратегияи мубориза дар ин самт тағйир меёбад. Доири мубориза алайҳи коррупсия лоиҳаҳои нави қарору фармонҳои Президент эълон мегарданд. Мувофиқи лоиҳаҳо, аз 1 январи соли 2022 молу мулк ва даромадҳои хидматчиёни давлатӣ, ҳамсар ва фарзандони онҳо декларатсия карда мешаванд. Рӯйхати коррупсионерҳо тартиб дода ва як қатор манъкуниҳо нисбати фаъолияти онҳо ҷорӣ мегарданд.
О.Латифов дар ақидаест фақат ба оқибатҳо саргарм шудан натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, дар навбати аввал бояд ба муқобили сабабҳое низ, ки ин гуна ҳолатҳоро тавлид месозанд, муборизаи оштинопазир барем.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: