Дар мамлакатамон рӯзҳои охир дар қатори баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ нархи шакар низ боло рафт ва дар байни аҳолӣ ҳолатҳои хариди зиёдатӣ ва захира кардани он ба назар расид.
Дар кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои ИДМ баланд шудани нарх ба бозори Ӯзбекистон низ бетаъсир намонд, аз ҷумла, ба афзоиши нархи шакар оварда расонд.
Бо ташаббуси Агентии ахбору коммуникатсияҳои оммавӣ (ААКО) ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ангрен-шакар” пресс-тур ба амал омад. Баробари ворид шудан ба саҳни ҳавлии корхона ба назар расид, ки дар чаҳорчӯбаи иҷрои лоиҳаи давлатии “Макони сабз” корхона фаъол аст. Ҳудуди он бо райҳону гулҳои рангоранг, дарахту арчаҳои сабз иҳота гардида буд. Гирду атроф тозаву озода.
Журналистон, блогерҳоро директори ҶММ “Ангрен-шакар” Рустам Акбархӯҷаев ва коргарони корхона пешвоз гирифтанд.
Иштирокдорони чорабинӣ бо ҷараёни кори корхона, шуъбаҳои он, вагонҳои боркашон, ашёи хом, лаборатория, бинои асосии истеҳсоли шакар, ки ҳамаи он бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз буд, аз наздик шинос шуданд.
– Бахусус, соли ҷорӣ дар мамлакат ҳаҷми истеҳсоли шакар дар моҳҳои январ-май нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28 ҳазор тонна, яъне беш аз 21 фоизро ташкил намуда, сарфи назар аз талабот, нархи он асосан бо таъсири омилҳои беруна боло рафт. Баланд шудани нархи шакар, дар навбати аввал, ба мушкилоти нақлиёту таъмини логистикии ин маҳсулот ва ашёи хоми он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин болоравии қимати сӯзишворӣ марбут аст,– гуфт Р. Акбархӯҷаев. – Ҳоли ҳозир ба мақсади таъмини эҳтиёҷи аҳолӣ бо шакар ҶММ “Ангрен-шакар” дар як шабонарӯз 1100 тонна маҳсулот истеҳсол карда истодааст. Дар асл, корхона соле дорои иқтидори коркарди 300 ҳазор тонна шакар мебошад. Ба туфайли бо иқтидори зиёд кор кардани корхона, ҳар моҳ беш аз 30 ҳазор тонна шакар истеҳсол карда мешавад. Ин нишондиҳанда маънои дар як сол 360 ҳазор тонна шакарро дорад.
Роҳбари корхона инчунин таъкид намуд, ки аҳолӣ набояд аз баланд шудани нархи шакар дар хавотир бошад. Ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, аҳолиро бо маҳсулот мунтазам таъмин мекунем. Дар анборҳоямон ашёи хом ва маҳсулоти тайёр ба дараҷаи кофист. Дар Ӯзбекистон ду заводи бузурги истеҳсоли маҳсулоти шакар – “Хоразм-шакар” ва “Ангрен-шакар” фаъолият дорад. Заводи “Ангрен-шакар” аз соли 2014 инҷониб бо неруи бузурги истеҳсолӣ кор мекунад. Дуруст аст, ки муноқишаи байни Русия ва Украина ба болоравии нархи баъзе маҳсулот сабаб шуда истодааст. Ашёи хом дар бандаргоҳҳо ба сабаби норасоии нақлиёт, то 15-20 рӯз мемонад, ки ин низ хароҷоти зиёдатиро талаб мекунад.
Назар ба маълумоти мутахассисон, дар корхона ба сахарозаи таркиби шакар эътибори калон дода мешавад. Тибқи талаботи стандарти давлатӣ дар таркиби шакар миқдори сахароза аз 99,7 фоиз набояд кам бошад. Алҳол сахарозаи таркиби маҳсулот аз 99,8 фоиз баланд аст. Дар корхона маҳсулоти шакар аз ашёи хоми найшакар тайёр карда мешавад. Ашёи хомро асосан аз Бразилия, Мексика, Аргентина дастрас менамоем.
– Бино ба маълумоти статистикӣ, эҳтиёҷи солонаи аҳолӣ ба шакар 650 тоннаро ташкил медиҳад. Дар мамлакат соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли шакар 720 ҳазор тоннаро ташкил кард, яъне нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд аст. Яъне, аз эҳтиёҷи аҳолӣ зиёд истеҳсол карда мешавад,– гуфт Р. Акбархӯҷаев.
Вақте вориди ошхонаи корхона шудем, коргарон хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд. Аз имконият истифода бурда бо онҳо суҳбат оростем.
– Барои бурда овардани коргароне, ки аз масофаи дур меоянд, автобус ҷудо карда шудааст. Дар корхона ҳамаи шароит муҳайёст, хӯроки нисфирӯзӣ ройгон аст. Маошамонро саривақт медиҳанд, – мегӯяд коргари корхона Гулнора Аъзамова.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ТОШКАНД.