САБАҚИ БӮЗИНА

Робиа зани соҳибҷамоле буд.

(Ҳикоят)
Робиа зани соҳибҷамоле буд. Чашмони чун чашми оҳу базебаш рӯйи чун гул ботароваташ, абрӯи пайвастаи думболадори ҳилолаш, қади болои мавзунаш дили ҳар бинандаро тасхир мекард. Вай бонуи хонаи боҳашам буд. Ҳамаи корҳои хона, ҳатто бозорӣ кардан ҳам ба дӯши ӯ гузашта шуда буд. Ҳамсараш Асадулло соҳибкори номдор буд. Ӯ ба як корхонаи боэътиборе сарварӣ мекард. Вай чун мокуи мошини дарздӯзӣ дар байни хонаю идорааш равуо дошт. Ин ҳол ӯро рӯз то рӯз аз муносибатҳои оилавӣ дур мекард. Ду писару як духтар, ки дошт, аз меҳри падарона маҳрум буданд. Кам воқеъ мегашт, ки ӯ яке аз онҳоро дӯстдорӣ карда бошад. Зиёда аз ин, дар дили Асадулло ҳисси хасисӣ хона мекард. Мӯйи суманбӯ ва китфони нозуки бонуи нозпарвард муштоқи навозиши маҳрамона буданд.
Вақте ки Робиа мардакҳоеро медид, ки аз зери каши завҷаашон гирифта ба сайру тамошо ба боғу истироҳат мерафтанд, ё барои ҳаловат бурдан ба тарабгоҳе раҳнамун мегаштанд аз сардии муносибатҳои оилавӣ, костани меҳри ҳамсараш дар дили ӯ ваҳме падид меомад, ки аз тарсу бим шабзиндадорӣ мекард. Бонуи хона баъд аз фикру мулоҳизаҳои зиёд бо ҳидояти ақлу фаросати занонааш натиҷагирӣ карда худ ба худ мегуфт: «Модоме ки ҳамсарам меҳру муҳаббат, дӯстдорию навозишро фаромӯш кардааст, ман бояд ба ёдаш оварам».
Ӯ рӯзе баъди таҳтӯли шомгоҳ ба шавҳараш нози дилбарона карда гуфт: «Мардакҳо завҷаашонро ба тамошои театр, барои ҳаловат бурдан ба тарабхонаҳо мебаранд. Занакҳо аз зери каши ҳамсарашон гирифта чун кабкони дарӣ мехироманд. Шумо бошед, маро ҳатто ба тамошои боғи ҳайвоноти шаҳрамон набурдаед. Дар чанд соли охир ман аз шумо меҳре надидам, гӯён ашки надомат рехт. Шавҳар фаҳмид, ки ҳақ ба ҷониби Робиа аст. Охир, зиндагӣ фақат аз кору бор, даводавӣ барои сарвати моддӣ иборат нест. Он навозиши маҳрамона, муносибати ошиқона, меҳру муҳаббат, сидқу вафо ва ҳаловати оилавӣ низ дорад.
Асадулло имрӯз аз кори идора барвақттар баромаду ба хонааш омад. Бонуи аз хурсандӣ ба куртааш нағунҷида истодаашро ба тамошои боғи ҳайвоноти шаҳр бурд. Ӯ аз ошхона як помидорро барои ба ягон ҳайвон додан ба қоғазе печонида ба кисаи костюмаш андохта буд. Онҳо ҳайвонҳои ваҳшию алафхорро, ки қафасӣ шуда буд, тамошокунон ба назди панҷарае омаданд, ки дар паси он бӯзинае бо бӯзинабача қафасӣ шуда буд. Асадулло помидорро аз кисааш бароварда ба бачаи маймун дароз кард. Вақте ки бӯзинабача памидорро гирифтанӣ шуд, Асадулло ӯро фиреб дода дасташро қафо кашиду помидорро надод. Вай ин амали ноҷавонмардиро се-чор бор такрор карда бачаи бӯзинаро фиреб дод, маймунбача музтариб шуд. Очамаймун бо дасташ бачаашро ба қафо тела дода ба ҷойи ӯ худаш нишаст. Вақте ки Асадулло помидорро ба сӯйи маймун дароз кард, маймун наҷунбид, ҳаракати ҳадягирӣ накард. Вале, ҳамин ки мардак помидорро ба панҷараи оҳанин наздиктар бурд, бӯзина помидорро аз дасти ӯ бошаст рабуд. Вай помидорро нахӯрд, ба бачааш ҳам надода бо он ба пешонии Асадулло чунон зад, ки тухмҳо, гӯшт ва пӯсти помидор майда-майда шуда ба рӯю мӯй, синаву дастони шавҳару завҷа пош хӯрданд. Дасту рӯй ва либоси онҳо аз оби сурхи помидор арғувонӣ шуданд. Ҳатто баъзе одамоне, ки ба ин панҷара наздик буданд, аз оби помидор бебаҳра намонданд.
Бачаи бӯзина дар ҷояш ҷаҳида-ҷаҳида ба бозӣ даромад. Ӯ хурсандӣ зоҳир мекард. Баъд ором шуду ба чашми очамаймун синчакорона нигоҳ кард. Маймунбача бо ин амал гуфтанӣ мешуд, ки чаро помидорро очааш нахӯрд ё ба вай надоду ба рӯйи мардак зад. Очамаймун лабҳояшро ҷунбонда-ҷунбонда дандонҳояшро нишон дода ким-чӣ хел овозе баровард. Вай бо ин амал ба бачааш мегуфт: «Аз чизи хасис ситора наздиктар аст. Чизи хасисонро нахӯр, бо тарзе ки ман нишон додам, ба худашон бидеҳ. Ба тӯҳфаи ин гуна хору хас эътибор надеҳ. Онҳо гумон мекунанд, ки гӯё ба ту оламеро ҳадя карда бошанд».

Эй саховатманд, бошӣ соҳиби  дасти расо,
Вақти эҳсонат магир аз домани  зарқу дағо.

Малик КАБИРОВ.           

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: