САБР (Дарси тасаввуф)

Дарси тасаввуф

Шартҳои авлиё будан

Дар асари «Насоим-ул-муҳаббат мин шамоим-ул-футувват»-и худ Алишери Навоӣ, ки дар асоси «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот ил-қудс»-и пиру устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ навишта шудааст, талабҳои муҳиму аввалиндараҷаро, ки бояд сӯфиён, яъне аҳли тасаввуф риоя кунанд, ба миён мегузорад:
Якум — тавба. Сӯфӣ бар асари ягон ҳодисаи ҳаётӣ ё панду насиҳат аз баҳри тарзи зиндагии пештара баромада, ба Худо тавба мекунад ва роҳи тариқатро пеш мегирад.
Дуюм — луқмаи ҳалол. Ин маънои онро дорад, ки ҳар бурдаи нон ва ҳар ҷуръаи обе, ки мехӯрӣ, бояд аз нигоҳи шаръӣ ва маънӣ ҳалолу покиза бошад, яъне бо арақи ҷабин ба даст омада бошад. (Барои дар ин хусус маълумоти муфассалтар гирифтан, ба китоби муаллифи ин сатрҳо — «Луқмаи ҳалол» (Т. нашриёти «Маънавият», 1997) муроҷиат шавад).
Сеюм — шариат. Шариат дорои панҷ асос аст: имон, панҷ вақт намоз, закот, дар як моҳ сӣ рӯз рӯза доштан, дар тӯли умр як бор анҷом додани сафари ҳаҷ.
Чорум — одоби тариқат. Ин одобест, ки аҳли тариқат худро аз дигарон кам мегиранд, ҳамеша дар ҳолати хидмат ба дигарон қарор доранд. Ба зердастон, ҳатто ба фарзандони худ сухани сахт намегӯянд, дар насиҳат ба дигарон басе нармгуфторанд.
Панҷум — саховат. Ин моҳиятан, дареғ надоштани ҳеч чиз аз ҳеч кас бошад.
Шашум — ҳилм (ҳалимӣ). Ҳама гуна низоъро бо муросою мадоро гузарондан, корҳоро бо забони ширин анҷом додан.
Ҳафтум — ризо. Аз Худо ҳар чӣ пеш ояд розӣ будани банда. Бандаеро гунаҳкор наҳисобидан.
Ҳаштум — сабр. Пеши ҳар он чӣ аз Худо расидааст, сабр кардан. Бандаро гунаҳкор наҳисобидан.
Нӯҳум — сидқ. Ҳамеша рост гуфтан, дурӯғро ба забон наовардан. Зеро Худо ҳамаро мебинад, бо кадом рӯ дурӯғ мегӯӣ?
Даҳум — риёзат. Дар роҳи камолоти рӯҳӣ ранҷу азоби гуногунро аз сар гузарондан.

Сабри Шайх Тустарӣ

Ин ҳама шартҳои муҳиманд. Вале ба сабр эътибори алоҳида дода мешавад. Дар тасаввуф гӯянд: «Сабр ними имон аст». Зеро нафс танҳо тавассути сабр маҳв мегардад.
Дар ин маврид як мисол аз Навоӣ. Каромати Шайх Саҳл бинни Абдуллоҳи Тустарӣ ин буд, ки ба сари ҳар касе кулфате меомад, бо дуои ӯ рафъ мешуд. Худ аз бемории бавосир ранҷ мекашид. Вале ҳеч гоҳ аз Худо дархост намекард, ки ӯро аз ин дард наҷот диҳад. Бино ба эътиқод мегуфт: «Ҳар чӣ аз Худо ояд, хуш аст, мо онро чаро рад кунем?» Ин як намуди сабри олӣ буд.

Ба фарзандон чаро номи «Собир»-ро медиҳанд?

Дар тасаввуф мафҳуме вуҷуд дорад бо номи «мақомот». Ин зинаи муайяни рӯҳию маънавии сӯфӣ дар роҳи расидан ба Худо бошад. Сабр яке аз чунин мақомот аст.
Профессор Наҷмиддин Комилов ба сабр, аз ҷумла, чунин таъриф додааст: «Сабр — бурдборӣ, тоқат. Аз нигоҳи сӯфиён шикоят накардан аз душвориҳо. Ба ҷуз Худо ба касе нолаю илтиҷо накардан. Собир одамест, ки худро ба гирдоби балоҳо афканда, аз ҳеч чиз наметарсад. Сабр интизориест барои кушоиш. Яъне, вақте мушкилиҳои рӯҳию маънавӣ пеш меояд, солики сабрпеша муваффақ мегардад, манзилҳои навро кашф менамояд». (Наҷмиддин Комилов. «Тасаввуф ва ахлоқи инсони комил». — (Тошканд: «Ёзувчи». 1996, саҳ. 27).
Ба маънии мақом солик бояд ба зинаи сабр расад. Зеро роҳи мақсади бузург ҳамеша машаққатнок аст. Бесабрӣ натанҳо дар роҳи расидан ба Худо, балки дар роҳи расидан ба кӯйи мақсадҳои одии инсонӣ низ монеа эҷод мекунад. Биноан, сабр яке аз шартҳои ҳаёти рӯзмарра низ ҳаст. Аз ин рӯ, одамон, бо орзуи сабрпеша гардидани фарзандонашон ба онҳо номи «Собир»-ро медиҳанд.

Сабр ба сарватмандон низ лозим аст

Вожаҳои «сабр»-у «қаноат» гоҳо дар забонамон омезиш меёбанд ва онҳоро дар шакли «сабру қаноат» низ истифода мебарем. Ин беҳуда нест. Зеро лозим меояд, ки барои сабр кардан қаноат кунем, барои қаноат кардан — сабр. Вале сабру қаноат як чиз нестанд. Зеро қаноат қонеъ будан ба неъмати моддии андак ва ор накардан аз камбағалист. Сабр як андак мафҳуми маънавӣ дорад. Сабр на ҳамеша ба сарвати моддӣ иртибот дорад. Сабр ба сарватмандтарин инсон низ лозим аст. Зеро ҳамаи ғаму ташвиши дунёро наметавон бо молу дунё бартараф намуд. Дар урфият мегӯянд: «Таги сабр тиллост». Аҳли тасаввуф нек дарк намудаанд, ки маҳз тавассути сабр инсон ба фараҳи маънавию рӯҳӣ даст меёбад.

Дӯсте, ки дар рӯйи барф то субҳ интизор буд

Ду сӯфӣ ба роҳ меафтанд. Яке хост сари роҳ ба хонаи як шиносаш пайи ҳоҷате дарояд. Биноан, ба шарикаш гуфт:
— Ту ин ҷо мунтазир бош, ман бармегардам. Ин гуфт ва аз хона барнагашт. Як вақт ба ёдаш расид, ки дар кӯча шарикаш ӯро интизор. Фикр кард, ки то дер ин ҷо мондам, шояд шарикам ба роҳаш идома дод. Аз хона набаромад ва ӯро огоҳ накард. Суҳбат бо соҳиби хона тафсиду то субҳ он ҷо монд. Субҳ вақте аз хона мебаромад, дид, ки шарикаш дар ҷояш истодааст. Зери бори барфи борида ларзидан дорад. «Гунаҳкор» суол кард:
— Ҳанӯз ин ҷоӣ, чаро нарафтӣ?
— Гуфтӣ, ки бармегардам, интизорат будам.
Магар ин сабри кӯҳвор нест?

Хорро чӣ ба гул табдил медиҳад?

Дар «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Навоӣ бобест бо номи «Дар зикри сабр». Дар он, аз ҷумла, ба ин гуфтаҳо дучор меоем:
«Сабр талх аст, аммо судманд, сахт аст, аммо дофеи газанд (дафъкунандаи зарар). Кадом номурод даст ба домани сабр заду комёб нагашт ва кадом гирифтор дил ба сабр доду бахт наёфт?»
Бобро шоир бо байти зерин хотима бахшидааст:
Гоҳи шиддат ҳар касе сабру таҳаммул 
кардааст,
Бахт нешаш нӯши ҷону хори ӯ гул
 кардааст.

Нуқтаи назари нодурусти шӯравиён

Дар замири мақолҳои «Сабр пеша созӣ, бори шутурро куррааш мебардорад», «Бесабрро ош ҳам санг аст»,  «Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво пазад» хулосаву натиҷагириҳои донишмандон ва таҷрибаи асрҳо нуҳуфтааст. Падару бобоёни мо ба ин ҳикматҳои қадимӣ амал кардаанд.
Дар урфият мегӯянд, ки «Асп гирд гашта мехашро меёбад». Инак, мо бо мурури вақт ба асолати худ баргаштем. Вале парчамбардорони мафкураи шӯравӣ дар навиштаҳо вақте ба вожаи «сабр» дучор мешуданд, садо баланд мекарданд, ки «Фалонӣ даъват менамояд, ки халқи мазлум аз нав тобеи синфи истисморгарон шавад, ба синфи истисморгар дастёрӣ мекунад»...
Ин тарғиби сусти сабр дар санъати сухан буд. Дар асл маънои вожаи «сабр» аз доираи фаҳмиши шӯравипарастон фарохтар буд. Имрӯз ҳам бояд фаромӯш накунем, ки то ба як мамлакати мустаҳкам табдил ёфтани кишварамон сабри бисёр лозим аст. Зеро ҳар гуна бесабрӣ моро ба кӯйи ҷаҳолат мебарад. Сабру қаноат мазмуну моҳияти дини мубини исломро ташкил медиҳад.
Чун зиндагӣ худ аз сабр иборат аст, ин ақидаҳо танҳо ба хотири донистани таърихи тасаввуф ва эътиқоди суфиён нест, балки бояд сабрро дар ҳаёти рӯзмарра ба кор гирифт. Бояд ошкоро эътироф намоем, ки агар ақидаи миллие чун «сабр» дар мо ғолиб намеомад, кайҳо оилаҳоямон пароканда мешуд. Инро дар мисоли рӯ ба таназзули маънавӣ овардани ҳаёти Ғарб низ дида истодаем...

Султонмурод ОЛИМ,
Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: