САБР ГАНҶАТ ДИҲАД

Имрӯзҳо профессор Аҳмадҷон Солеев 70-сола мешавад.

Имрӯзҳо профессор Аҳмадҷон Солеев 70-сола мешавад. Воқеан, пайроҳаи қуллаи муроди ӯ барои насли наврас намунаи ибрат аст. Боиси хурсандист, ки дар ҷодаи илму фарҳанг аз дониши фарогирифтаи хеш қонеъ нашуда, бо қадами қатъӣ ба пояи баландтар ҳаракат мекунад, ки ин одатест ба ӯ.
Таваҷҷӯҳи ӯро аз айёми мактабхонӣ беш аз ҳама асрори риёзӣ ба худ ҷалб карда буд. Нишонаи  заҳматписандии ӯ ба риёзӣ аст, ки доир ба математика қариб даҳ номгӯй китоби дарсӣ навишт. Ҳоло дар мактабҳои олии Ӯзбекистон дар асоси ин китобҳо толибилмон сабақ мегиранд.
Фасли гулбези соли 1951 ба муаллими мактаб Солеҳҷон Шодиев Худо писар дод. Вай хурсанд назди раиси маҳалла Тоҷиой Пардаева рафт, то гувоҳнома оид ба таваллуди фарзанд гирад.
Раиси деҳшӯро аз ин навид мамнун шуда, даст ба дуо кушод: 
– Илоҳо набераамон сиҳату саломат ба камол расад, мисли падари бузургвораш хонда ба халқу Ватан хизмат кунад, серфарзанду сердавлат гардад! 
Ҳар ду даст ба рӯ кашиданд. 
– Хӯш, дадаҷонаш, ба писарча чӣ ном медиҳем?
– Бобояш китобҳоро варақ зада «Аҳмадҷон номи муносиб гуфтанд”, – фаҳмонд падар. – Боз шумо медонед...
– Баъди Аҳмадҷон Раҳматҷон шавад, – завқ карда хандид Тоҷиойхола ва илова кард:
– Келинро аз номи ман табрик гӯед.
Аҳмадҷон акнун роҳгард шуда буд, ки нобаҳангом тағояш аз ҳаёт чашм пӯшид. Бечора бобояш аз ғаму ғуссаи ҷудоӣ ҷойи нишаст намеёфт. Муаллими дурандеш Солеҳҷонамак писари калониро ба тарбияи бобо дод, ки падарарӯсаш бо набера андармон шуда, ғами ҷигарбандро андак фаромӯш кунад. Вақте ки Аҳмадҷон ба синни мактабхонӣ расид, қиблагоҳаш ӯро ба таълимгоҳи худ – мактаби рақами 16-уми деҳаи Ӯрташайх овард. Пеши муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Чинниой Акрамова шогирд афтод. Аҳмадҷон, ки зеҳни тезу ҷаҳонбинии васеъ дошт, хондану навиштанро зуд омӯхта, аз арифметика дар ҳал кардани чорамал муаллимашро дар ҳайрат мегузошт.
– Аз ту математики зӯр мебарояд, – ситоиш менамуд омӯзгор. 
Яке аз муаллимони сахтгир Сайфиддин Нарзиев хабар дошт, ки Аҳмадҷон дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ширкат варзида, ҷойҳои фахрӣ насибаш гардидааст. Вале устод дар баҳогузорӣ сахтгир буд ва доим ёдрас мекард, ки “дар олимпиада ғолиб шудан, маънои онро надорад, ки риёзиро хубу аъло медонад. Зеро риёзӣ уқёнуси беканор аст». 
Дӯстону ҳамсинфон ғайр аз мактаб, рӯзҳои истироҳат дар курсҳои махсуси математика, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд таъсис ёфта буд, таҳсили илм менамуданд ва аз муаллимони фидокор сабақ мегирифтанд. 

Шоҳмот – кони ҳикмат

Дар гузари Кӯи Сахо чойхонаи Саидмуродамак воқеъ буда, мардуми гирду атроф дар ин манзил ғайр аз сӯҳбат шоҳмот мебозиданд. Яке аз бозингарони ашаддӣ Адаш Истад буд, ки дертар адиби номдори тоҷик гардид. Вай дар синфи боло таҳсил гирифта, ба ҷавонон, аз ҷумла ба Аҳмадҷон ва дӯстони вай асрори шоҳмотро меомӯхт. 
– Шумо математикҳои ҷавон ҳастед, – мегуфт мавсуф. – Фаромӯш накунед, ки аксарият чемпионҳои ҷаҳон математик буданд.   
Аҳмадҷон ҳангоми таътили тобистона ғайр аз шоҳмотбозӣ ба устои гилкор шогирд истода маблағ меёфт, то ки дар соли нави таҳсил бо либоси наву тоза ба мактаб равад. Зеро маоши падари омӯзгораш аз рӯзгор зиёдатӣ намекард. 
Боиси хурсандист, ки аз 112 нафар хатмкунандагони соли 1968 беш аз нисфаш номи донишҷӯи мактаби олиро гирифтанд, ки дар байни онҳо Аҳмадҷон низ буд.

Аз ҳаракат – баракат

Аҳмадҷон мактаби миёнаро ба забони тоҷикӣ хатм карда бошад ҳам, дар донишгоҳ таҳсилро ба забони ӯзбекӣ идома дод. Бо тавсияи ҳамкурсаш Ҳабибулло Қурбонов пайваста асарҳои бадеӣ мехонд. Натиҷаи заҳматҳояш буд, ки ҳамон сол аз санҷиши фанни забони ӯзбекӣ бо баҳои аъло гузашт. Бино ба маслиҳати олими рус А.Брюно, ки дар курси чорум аз риёзӣ дарс медод, ба пойтахти Русия чиптаи тайёра гирифт. Пеш аз сафар аз падари бузургвораш роҳи сафед талабид.
– Писарҷон, – гуфт қиблагоҳаш,– ту фарзанди калонӣ, боз ҳашт нафар хоҳару додаронат мактабхону донишҷӯ. Росташро гӯям, ман ба ту ёрии моддӣ дода наметавонам.
– Падарҷон, аз шумо дуо кифоя аст, – гуфт ӯ. – Агар илоҷашро ёбам, ман ба шумо ёрӣ мерасонам.
Солеҳҷонака бозавқ хандид ва писарашро ба оғӯш кашиду аз пешонааш бӯсида гуфт:
– Ба ту бовар мекунам. Лекин ба чӣ мақсад ба Маскав рафтани худро фаромӯш накун! Фақат хон, илм омӯз, бачем.
Аҳмадҷон аз волидайн дуо гирифту ба Маскав, ба Донишгоҳи давлатии Ломоносов омад.
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад...

Александр Дмитриевич донишҷӯйи самарқандиро хуш пазируфт. Аз хонааш ҷой дод. Дар донишгоҳ низ роҳбалад буд. Аҳмадҷон ҳангоми саволу ҷавоб бо донишҷӯёни Маскав пай бурд, ки ҳоло дониши ӯ кофӣ нест. Шаб то саҳар ва баъзан рӯзҳои истироҳат низ бо китобхонӣ ва ҳалли мисолҳо машғул мегардид. Беэътиборӣ ба тарзи хӯрок, саривақт истеъмол накардани таом, бедориву хастагӣ асорати худро нишон дод. Аҳмадҷон бистарӣ гардид. Чанд муддат дар беморхона хобида, табобат ёфт ва пас аз сиҳат гардидан таҳсилро давом дод. «Барои ман роҳи бозгашт танҳо пас аз хатми донишгоҳ аст, – худ ба худ мегуфт вай. – Ман бояд хонам ва бо сари баланду рӯи сурх назди волидайн бозгардам».
Дуруст мегӯянд, ки ҷӯянда ёбанда аст. Меҳнати ӯ барабас нарафт. Вай бо дониши баланди худ дар байни донишмандони Маскав ба эҳтиром соҳиб шуд. 
Ӯ бо роҳхат ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба кор омад. Ба ҳайси омӯзгори оддӣ корро сар карда, дар андак вақт дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо гардид. 
Соли 1987 дар маҷаллаи бонуфузи «Алгебра ва таҳлил» мақолаи калонҳаҷми худро эълон кард, ки барои ҳимояи рисолаи доктори фанҳои физика-математика муносиб шавад. Он диққати олимони соҳаи риёзии ҷаҳонро ба худ кашид. Онҳо аз Аҳмадҷон хоҳиш мекарданд, ки дар ҷамъомади олимон ва дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон маърӯза хонад.
Аҳмадҷон соли 1994 рисолаи докториро ҳимоя намуда, унвони профессориро низ гирифт. Сипас, азми сафари хориҷ кард. Сафари ӯ аз Эрон оғоз ёфт. Вай дар донишгоҳҳои Теҳрону Машҳад, Шерозу Нишопур маърӯза хонд. Дар рӯзҳои фориғ аз тадрис мақбараҳои бузургони назми форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Умари Хайём ва дигаронро зиёрат кард.
 
Вазифаи инсон – фаъолияти оқилона

Аҳмадҷон Солеев қариб 20 сол боз проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Ба зиммаи ӯ таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрии сохтор доир ба тайёр кардани кадрҳои миллӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ташкил кардани корҳои маънавиву маърифатӣ гузошта шудааст. Китобхонаи бой дар ихтиёри толибилмон аст, ки дар ин кори хайр хизмати Аҳмадҷон калон мебошад. 
– Мутафаккири бузург Галилео Галилей, «агар ба ман омӯзиши дубора муяссар шавад, ба маслиҳати Афлотун амал карда, аввалан ба омӯзиши риёзӣ, ки илми дақиқ аст, аз нав шурӯъ мекардам» навишта будааст, – бо завқ гуфт Аҳмадҷон Солеев. – Воқеан, риёзӣ шоҳи тамоми фанҳост ва дӯстдоштаи вай ҳақиқат асту либосаш соддагӣ ва равшанист.
– Риёзӣ чӣ тавр пайдо шуд? – ба суҳбат мароқ пайдо карда пурсидам.
– Бо боварӣ метавонам гӯям, ки баробари пайдоиши одам, – посух дод А. Солеевич. – Дар замони қадим гузаштагони мо ба шикор мерафтанд. Он чизе, ки ба даст меоварданд, байни худ тақсим мекарданд. Мумкин дар навбати аввал бо кӯмаки ангуштҳо шумурда бошанд, аммо бо мурури замон усули ҳисоб тараққӣ ёфт. Аз ин ҷо дар мафҳуми мо калимаҳои «ҷамъ», «тарҳ», «тақсим» ва ғайра пайдо шуд. Ҳоло мо дар ҳаёт дар ҳар қадам бо риёзӣ рӯ ба рӯ мешавем. Масалан, пагоҳирӯзӣ аз хоб хеста, ба соат менигарем ва вақтро мефаҳмем. Ё хона созем, боз ҳисобу китоб лозим аст. Хулоса, ҳаётро бидуни риёзӣ тасаввур кардан хеле душвор. 
А.Солеев ғайр аз дӯст доштани математика ба гулпарварӣ, варзиш, саёҳати кӯҳсор, пиёдагардӣ таваҷҷӯҳи зиёде дорад. Ҳар рӯз қариб 4-5 километр роҳ рафта, саломатии хешро мустаҳкам месозад. Албатта, дар ҳалқаи фарзандону наберагон будан низ ба ӯ олам-олам хурсандӣ мебахшад. 
Вай ду нафар фарзандро бо ҳамсараш Амина Ҳамроева (ҷояш дар ҷаннат шавад!) таълиму тарбия дод. 

Рустам ХОЛМУРОДОВ, 
ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: