САБР - ПОЙДЕВОРИ ОИЛА

Дар мамлакатамон ба масъалаи таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, баланд бардоштани фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.

Кумитаи занон, маҳалла ва ташкилотҳои дигари ҷамъиятӣ бобати расондани кӯмак ба оилаҳои камтаъмин, дастгирии занону духтарони ногиро, пешгирии ҷудошавии оила, бо кор таъмин кардани онҳо як қатор корҳои назаррасро анҷом доданд. Аммо дар ин соҳа камбудиҳо ҳанӯз бисёранд.
– Яке аз муаммоҳои муҳими ҷамъият парокандашавии оилаҳо мебошад, ки солҳои охир шумораи онҳо беш аз пеш меафзояд. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки муросо накардани зану шавҳар, хушдоману арӯс, бефарзандӣ, норасоии хонаву ҷой боиси ҷудошавӣ мегардад.
Аз рӯйи таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи куллан такмил додани фаъолият дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила», аз 2 феврали соли ҷорӣ, ба мақсади пешгирии низоъ ва ҷудошавиҳо, омӯхтани сабабҳои он, кӯмак ба фаъолияти Комиссияи оштӣ дар вилоят гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Ба мутасаддиён доир ба мустаҳкам кардани оила, пешгирии ҷудошавиҳо, ҷиноят аз ҷониби занон вазифаҳои мушаххас супурда шуданд,– гуфт ҳамсуҳбати мо раиси Кумитаи бонувони вилояти Навоӣ Насиба Содиқова.
– Мушовирони доир ба масъалаҳои диниву маърифатии маҳаллаҳои ноҳияҳои Ғазғон, Нурато, Конимех ва дигар якҷо бо фаъолони маҳаллаҳо ба ҳар як оила сар халонда, бо муаммоҳои онҳо, шароити зист, саломатии модару кӯдак, шуғли онҳо бо соҳибкории оилавӣ аз наздик шинос шуданд. Ба ҳаёти оилавӣ тайёр набудани ҷавонон, беэътиборӣ ба саломатии онҳо, бемасъулиятӣ ба тарбияи фарзанд, вазифаи модариро дарк накардани духтарон ва моҷароҳои хушдоману арӯс сабаби пароканда шудани оилаҳо мегарданд.
Доир ба ин мавзӯъ бо занони пурдида ва соҳибтаҷрибаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато суҳбат оростем.
– Дар деҳаҳои Сойихурд, Эҷ ва Симбулоқи ноҳияи Нурато ҳамагӣ 928 нафар занону духтарон зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми омӯхтани шикоятҳо маълум гардид, ки ҷавонон бо сабабҳои ночиз аз якдигар ҷудо мешаванд,– мегӯяд мутахассис доири кор бо занону духтарон, мустаҳкам намудани арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оилаҳо Соҷида Расулова. – Масалан, шикояти хушдоман нисбат ба арӯс: «танбал, ягон кор аз дасташ намеояд», «ба тӯяш як сол шуда бошад ҳам, ҳоло фарзанд надидааст», «модараш сарупои дуруст накардааст», «ҷиҳози ба духтараш туҳфакарда ба як пул ҳам намеарзад» ва ҳоказо. Бо харҷи зиёд тӯй кардаву бо орзую ниятҳои нек ба хонадон арӯс мебиёранд. Наход камбудиву норасоии арӯси ҷавонро ошкор накарда, ба ӯ муомила, муносибат ва корҳои рӯзгорро омӯзондан душвор бошад? Хушдоман бояд вазифаи модарро иҷро кунад.
– Бо ду келин дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунам. Келини калонӣ 3, дуюмӣ 2 нафар фарзанд доранд. Албатта, арӯсон мехоҳанд бо оилаҳояшон дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. Аммо барои мустақилона кашидани аробаи рӯзгор каме фурсат ҳаст. Ба писари калонӣ иморат сохта истодаем. Осиё бо навбат, гуфтаанд. Ба келинҳо, фарзандон, набераҳоям мефаҳмонам, ки сабр, таҳаммул, муросою мудоро инсонро ба мақсад мерасонад,– мегӯяд Гулнора Раҳимоваи соҳибкор.
– Духтарам 11 сол фарзанд надид. Дар тӯли ин солҳо ба дари даҳҳо табобатхонаю табиб боумед сар халонд. Ба маслиҳату тавсияи шахсони пурдида амал кард. Ҳатто ба дарз рафтани оилааш андак монд. Аммо зану шавҳар ба тундию носазогӯиҳои хушдоману дигар аъзои оила мардонавор тоб оварданд. Бо инояти Офаридгор баъди 11 сол соҳиби духтарча шуданд,– иброз намуд Тоҷигул Расулова.
Оре, сабр пойдевори оила, оила пойдевори ҷамъият аст. Мустаҳкам кардан ва ҳифзи қалъаи оила, дар ин қалъа ба воя расондани фарзандон, ки ояндаи Ватан ҳастанд, вазифаи асосии волидон мебошад.
Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар ин хусус фармудааст:
Сабр талх омад, валекин оқибат,
Меваи ширин диҳад пурманфиат.
Ҳаст мар ҳар сабрро охир зафар,
Ҳаст рӯзе баъди ҳар талхӣ шакар.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: