САБР ШАҲДЕ ДОРАД

Рӯзноманигорӣ пешаи пурмашаққат ва дар айни замон бошараф низ ҳаст.

Рӯзноманигорӣ пешаи пурмашаққат ва дар айни замон бошараф низ ҳаст. Ба кам касоне даст медиҳад, ки ба касби худ то ба охир содиқ монанд. Дар ин бобат танҳо дӯст доштани он кам аст. Касе, ки аз душвориҳо намеҳаросад, метавонад ба манзили мурод расад. 
Қаҳрамони лавҳаи мо тӯли зиндагӣ ва фаъолияти хеш ҳамчун журналист собит намуд, ки дар соҳа шахси тасодуфӣ нест.
Солеҳи Муҳаммадҷон (Раҷабов) 29 октябри соли 1971 дар деҳаи Зархонаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё аз оилаи омӯзгор Муҳаммадҷон Раҷабӣ ба дунё омадааст. Ӯ падарро нахустустоди худ медонад. Маҳз муҳити оилавӣ сабаби эҷодкору рӯзноманигор шудани ӯ гардид. Дар мактаби рақами 13-уми ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳсил намуд. Солҳои мактабхонӣ навиштаҳояш баъзан дар рӯзномаҳо чоп мешуданд. Ин ба ӯ болу пар мебахшиду меҳри касби журналистӣ дар дилаш бештар ҷой мегирифт ва ҳамин меҳр ӯро ба даргоҳи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Соли нахуст (1988) кораш омад накард. Вале рӯҳафтода нашуд. Соли дигар донишҷӯйи факултаи журналистикаи ин боргоҳи дониш шуд. Баъди хатми донишгоҳ солҳои 1995-2002 ба ҳайси хабарнигори махсуси рӯзномаи вилоятии «Садои Сурхон» кор кард. Он айём барои ӯ солҳои ҳам санҷиши ҳаёт ва ҳам такмили касб буданд. Бо вуҷуди гаронии шароити иқтисодӣ фаъолиятро тарк накард, агарчи дар ин роҳ саломатиашро ҳам аз даст дод. Табобат мегирифту боз ба кор бармегашт. Вале на ҳама вақт хости мо мешавад. Шароити оилавӣ ӯро маҷбур намуд ба зодгоҳ баргашта фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби рақами 52-юми ноҳия давом диҳад. Дар ин байн рӯзномаи «Садои Сурхон» ба сабаби касодӣ баста шуду 21 марти соли 2005 рӯзномаи нави тоҷикӣ бо номи «Бохтар» таъсис ёфт. Муассиси он рӯзноманигор Олим Панҷизода дар қатори дигар ҳамкасбон Солеҳҷонро низ ба кор ҷалб намуд. Ӯ дар ин ҷо баробари сайқал додани пешаи худ мухлисони нав пайдо намуд. Зеро рӯзнома дар сартосари ҷумҳурӣ паҳн мешуду Солеҳҷон бо мақолаву ҳикоя ва шеърҳояш дили мухлисонро тасхир мекард. Ӯ котиби масъул буд. Соли 2006 нахустмаҷмӯаи шеъриаш бо номи «Мавҷи эҳсос» дар Душанбе бо сарсухани Абдулло Раҳмон аз чоп баромад.
Мутаассифона, апрели соли 2007 рӯзномаи «Бохтар» низ баста шуд ва ӯ боз ба мактаб баргашт. Ниҳоят, соли 2009 рӯзномаи мазкур аз нав таъсис ёфту Солеҳҷон дар он ҳамчун котиби масъул то соли 2014-ум кор кард. Барои пешрафти рӯзномаи нав ва пуробуранг гаштани он саҳм гузошт. Ҳамзамон дар мактаб фаъолияти худро идома дод.
Соли 2015 хавфи баста шудани саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё» ба миён омад. Мутахассис лозим буд. Ҳамкасбон аз «Ховар» ва таҳририяти рӯзномаи «Сариосиё» бо машварат ба дӯши ӯ масъулияти  саҳифаи тоҷикиро гузоштанд. Баъдтар ӯро котиби масъул таъин карданд. Алҳол ҳам муҳаррири саҳифаи тоҷикӣ ва ҳам котиби масъули ин нашрия аст. 
Дар зиндагӣ шахси хоксор, оддӣ ва самимӣ буда, ҳаёту эҷодиёти бемисли ниёгонро барои худ оинаи ибрат медонад. Аз ашъораш эҳтиром ба ниёгони бузургу зодгоҳ, аз ҷумла ба падари бузургвораш, русуми миллӣ, сатҳи худшиносӣ, сипосгузорӣ ба табибону дӯстон эҳсос карда мешавад. Козибу мутакаббир, риёкору суханчинонро бад мебинад.
Дар суҳбат аз абёту андарз ва пандҳо фаровон истифода мебарад. Аз тариқи матбуот шеъру ҳикоя, порчаҳо аз пандҳои бузургон, намунаҳо аз фолклори Дараи Ниҳон, мусоҳибаҳо бо чеҳраҳои шинохтаю арзанда, мақолаҳо доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯзро мунтазам ба чоп мерасонад.
Дар кафи мардонагӣ шамшер 
мебояд гирифт,
Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд
 гирифт,
шиори зиндагонияш аст.

Олим ПАНҶИЗОДА,
Маҳкам ҶАЪФАРОВ.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: