САБР ВА БЕСАБР

Мусо (а.) бо Хизр (а.) ба саёҳат мебароянд.

 Баъди тай кардани роҳи дуру дароз Мусо монда шуда дар роҳ мешинад ва мегӯяд:
– Гурусна мондам, дигар роҳ гашта наметавонам. 
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Офаридгор дар ду табақ хӯрок мерасад, дар яке моҳӣ ва гӯшти пухта, дар дигаре гӯшти хом. Ваҳй меояд, ки таомҳои пухта ба Хизр ва хомаш ба Мусо. Мусо аз ҷо хест ва ба пухтани хӯрок тараддуд кард. Ҳезум ҷамъ кард, оташ гиронд, дег монда хӯрок пухт. То тайёр шудани хӯрок машаққат кашид.
– Акнун асрори гӯшти хому пухтаро фаҳмидӣ? Офаридгор ба ғуломи сабрноки худ бе ягон машаққат ризқ диҳад, ғуломи бесабрашро ба душвориҳо дучор гардонд, – гуфт Хизр (а.).

НОШУКРӢ НАКУН

Луқмони Ҳаким ҳар сол бо фарорасии сардии зимистон ба Худо илтиҷо мекард:
– Э, Худо, боз зимистон расид, дар пойи ман ҳанӯз пойафзор нест.
Рӯзе ӯ дар масҷид фақиреро мебинад, ки пойҳояш аз зону поин нестанд. Ва аз ношукрии худ шарм доштааст:
– Ман аз надоштани пойафзор мудом менолам, ин бечора пой надорад, ки пойафзор пӯшад.

СЕ БАРОДАР

Рӯзе Муҳаммад (с.а.в.) бо саҳобагонаш суҳбат орост ва ба онҳо ривоятеро нақл кард: «Нафареро се бародар буд. Ӯ пеш аз марг бародари калониро ба наздаш ҷеғ зада пурсид: – Бародар, дар ҳамин рӯзи вазнинам ба ман чӣ кӯмак расонда метавонӣ? 
– Туро ба ҳузури табиб мебарам, парвариш мекунам, ҳамеша дар наздат мешавам. Агар ҷон таслим кунӣ, туро мешӯям, дар кафан мепечонам ва ба қабристон бурда мегӯронам ва аз Қуръон тиловат мекунам, – гуфт бародари калонӣ. Пас, ин бародар шахси наздиктарини ӯст. Ҳамин саволро ба бародари дуввум медиҳад. 
– То ҳаёт ҳастӣ бо ту ҳамроҳам. Баъди вафоти ту ба дасти дигарон мегузарам, – ҷавоб медиҳад бародари дуввум. Пас ин бародар – боигарӣ ва ҷоҳу ҷалоли ӯст. Ба бародари хурдӣ низ бо чунин савол муроҷиат мекунад. Ӯ ҷавоб медиҳад:
– Ман туро то маскани танҳоӣ ҳамроҳӣ мекунам. Вақте аз амалҳои ту саволу ҷавоб мекунанд, дарҳол ба тарафи амалҳои нек ва корҳои савобат мегузарам. 
Пас, бародари хурдӣ – корҳои нек, савоб ва охирати он шахс будааст. Акнун ҷавоб диҳед, кадоме аз бародарон фоидаовар?»
Саҳобагон ҷавоб додаанд: 
– Албатта, бародари хурдӣ.

Таҳияи Б. САОДАТ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: