САБТ ДАР САҲИФАИ ДИЛҲО

Имрӯзҳо ҳаводорон ва алоқамандони адабиёт, хусусан, шеърияти ӯзбек 110-солагии суханвари номӣ Ҳамид Олимҷонро қайд ва ба ин муносибат маҳфил ва нишастҳои ёдбуд ташкил менамоянд.

 Яке аз чунин тадбирҳо дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон баргузор гардид, ки яке аз аввалин сарпарастони ин ташкилоти эҷодӣ Ҳамид Олимҷон ба шумор мерафт. 
Вай 12 декабри соли 1909 дар вилояти Ҷиззах дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омад. Мактаби ибтидоии зодгоҳро, ки номи Наримоновро дошт, соли 1923 хатм намуд. Дар 14-солагӣ ба Самарқанд омад, ба омӯзишгоҳи педагогӣ дохил гардид. Ба мутолиа ва худомӯзӣ ҷиддӣ машғул шуда, якчанд достони халқиро азёд кард, ба омӯзиши осори классикони адабиёти тоҷик ва ӯзбек шурӯъ  намуд. Хусусан, осори муъҷизаомези Саъдию Ҳофиз, Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Ҷомӣ диққати ӯро ба худ кашиданд.
Забони форсӣ-тоҷикиро хуб балад шуда, таҳти таъсири классикони мо шеърҳои нахустин эҷод карда, онҳоро аз назари Абдурауф Фитрат гузаронд. Фитрат ниҳоят сахтгир буд ва назди шогирди навэҷод талабҳои ҷиддӣ мегузошт. Ҳ. Олимҷон бо дарк кардани машаққатҳои эҷодӣ чанд бор хост аз баҳри шеъргӯӣ барояд, вале меҳр ба адабиёт дастболо, иродат ва истеъдоди фитрӣ раҳбалад шуда, вай дар пайроҳаҳои эҷод пеш рафт, ба шоҳроҳи воқеии адабиёт пайваст. Забони русиро низ мукаммал омӯхт, асарҳои дар шакл ва навъ гуногуни Пушкин, Лермонтов, Некрасов, Тургенев, Чехов, Л. Толстой ӯро чун  оҳанрабо ба худ кашиданд. Ба шакл ва тарзи шеъргӯии аврупоӣ таваҷҷӯҳ намуд. 
Соли 1923 дар рӯзномаи «Зарафшон», ки он вақт ҷумҳуриявӣ ҳисоб меёфт, «Шарқ» ном шеъраш ба табъ расид, ки он эътибори Ҳамза Ҳакимзодаро ба худ кашид. Дар ин рӯзнома паиҳам «Ӯзбекистон», «Сиёб», «Қувваи ҷавон» барин падидаҳои қаламиаш эълон ва диққати умумро ҷалб намуданд.
Ҳ. Олимҷон ибтидои солҳои сиюм Академияи педагогии Ӯзбекистонро ба итмом расонд. Баробари шеър дар публитсистика қалам санҷид ва муваффақ гашт.
Солҳои сиюми асри сипаришуда барояш давраи пурбарори эҷодӣ буданд. Паиҳам чанд дафтари шеъриаш ба табъ расид. «Зайнаб ва Омон», «Ойгул ва Бахтиёр», «Симурғ» барин достонҳо эҷод кард. Аз Пушкин, Лермонтов, Шевченко, Н. Островский, А. Корнейчук намунаҳо тарҷума намуд.
Ҳ. Олимҷон баробари шеърҳои хурди лирикӣ дар жанри эпика ба комёбиҳои эҷодӣ даст ёфт. Воқеоти ҷолибро бо ҳиссиёту таассурот шоирона пайваст. «Водии бахтҳо», «Ӯзбекистон» барин шеърҳояш, ки дар васфи диёри нозанинанд, хеле машҳур шуданд. «Вақте зардолу гул кард»-и ӯ ҳанӯз бо завқ ва ҳисси гуворо мутолиа мегардад.
Солҳои душвори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҳ. Олимҷон чун роҳбари ташкилоти адибон як қатор қувваҳои эҷодиро ба як ҷо муттаҳид намуд. Ғафур Ғулом, Ойбек, Уйғун, Шароф Рашидов, Мақсуд Шайхзода, Ғайратӣ, Зулфия, Амин Умарӣ, Туроб Тӯла, Мирмуҳсин, Асқад Мухтор, Мамарасул Бобоев барин истеъдодҳо таҳти сарпарастии ӯ шеърияти ӯзбекро ба зинаҳои нав бардошта, дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, шараф ва номус, гуманизм, садоқат ва дӯстӣ асарҳои баландғоя офариданд. Ҳ. Олимҷон таҳти сарлавҳаи «Эвакуатсия» як силсила шеърҳо навишт, нафаси даврро дар эҷоди гаронмоя инъикос кунонд. Дар шеъри худ «Муҳаббат» дард ва андӯҳи гарони ҷудоиро қаламдод ва дар ниҳояи шеър бо ғояи некбинона муқаррарии висолро бо рангҳои дилкаш ифода намуд.
Вақте дар бораи Ҳамид Олимҷон сухан рафт, беихтиёр, шоираи шаҳир Зулфия Исроилова дар тасаввурамон зинда мешавад. Шоир ва шоираи ҳамтақдир. Ба туфайли шеър ва шарофати адабиёт онҳо якдигарро ёфтанд, ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ барпо намуданд.
Соли 1932 нахустин маҷмӯаи шеърҳои Зулфия бо унвони «Варақҳои ҳаёт» аз чоп баромад. Он шеърҳо ба назари Ҳ. Олимҷон низ афтиданд. Худи ҳамон сол онҳо аз наздик шинос шуданд. Наздик бист эҷодкори ҷавон, ки байнашон Зулфия низ буд, дар машғулоти адабӣ, ки онро Уйғун пеш мебурд, ширкат меҷустанд.
Ҳ. Олимҷон боре меҳмони маҳфил гашт. Зулфия дар хотираҳояш менависад: «Аз нахустин вохӯрӣ, пинҳон намедорам, Ҳ. Олимҷон аввал ба чашм, пасон ба дилам нишаст. Ман бо ҳиссиёти ҷавони худ қалби васеъ, иқтидори бузурги ӯро пай бурдам».
Ду сол суҳбатҳои кӯтоҳ дар маҷлису вохӯриҳои адабӣ паси сар ва, ниҳоят, соли 1934 ҳарду вохӯрданд. Ҳ. Олимҷон бо меҳри ошкоро ба Зулфия нигарист, гуфт, ки шеърҳоятон бароям бисёр маъқул. Сабабашро гӯям? Чунки дар онҳо сурати қалби шумо мунъакис...
Зулфия бо як эҳсоси фараҳбахш ба манзили худ баргашт. «Шаби баҳор» ном шеъре навишт бо ҷӯши илҳом. Дар он бегоҳирӯзии баҳор дар қасри дӯстӣ ва муҳаббати ду эҷодкор гӯё нахустин хиштҳо гузошта шуда буданд.
Соли 1935 Зулфия омӯзишгоҳро хатм ва ба аспирантураи Институти забон ва адабиёт дохил шуд. Дар ин ҷо якҷо бо Ғулом Каримов, Солеҳ Муталлибов, Айюб Ғуломов барин олимони номвари оянда донишҳои назарӣ-адабиашро афзуд. Он солҳо дар ин институт Ҳамид Олимҷон низ хидмат менамуд. Вақт ёфта бо Зулфия дар бораи шеърият ва масъалаҳои адабиёт суҳбат меорост. Ҳар вохӯрӣ қалб ва рӯҳияти ду эҷодкорро наздиктар мегардонд. 
23 июли соли 1935 тӯйи арӯсии онҳо баргузор гардид. Дар ин вақт Ҳамид Олимҷон 26-ро пур карда, чун муаллифи панҷ маҷмӯаи назмию насрӣ ном бароварда буд. Пайвастагӣ бо Зулфия дар ҳаёти шахсӣ ва эҷодиаш бузургтарин воқеа гардид. Зулфия барояш нафақат ҳамсар ва дӯст, балки дар тақдири эҷодиаш симои ба аҳамияти бемисл молик низ қарор гирифт. 
Арӯсу домод худро дар осмони баланди саодат ҳис мекарданд.
Дар арафаи тӯй Ҳ. Олимҷон бо кӯмаки бародари Зулфия Нормат Исроилов хонаеро дар кӯчаи Обсерватория ба номи худ расмӣ кунонда, модарашро кӯчонда оварда буд. Модари арӯсу домод Хадичахола ва Комилахола даҳ рӯзи тамом ба омаду рафти меҳмонон сарубар ва ба онҳо чун соҳибаи тӯй хидмат карданд. 
Ҳ. Олимҷон то нафасҳои вопасини умр ғамхорӣ дар ҳаққи ёру диёрро тарк нанамуд.
Вай рӯзи дароз дар саробӯстони адибон воқеъ дар Дӯрмон бо меҳнати ҷисмонӣ машғул гардид. Бегоҳирӯз ӯву Уйғун ба роҳи калон баромада, интизори мошини раҳгузар шуданд. Мошини боркаше, ки савор шуданд, дар роҳ ба садама дучор ва Ҳамид Олимҷон дар ҷои воқеа ҳалок гардид. Ин 3 июли соли 1944 ба вуқӯъ омад. Ҳ. Олимҷон ҷисман аз назарҳо ғоиб шуда бошад ҳам, бо шеърияти баланд сабт дар саҳифаи қалбҳо монд. 

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: