Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид

30-юми май, дар Эрон сабти номи довталабон барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми Президент оғоз гардид.

Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, Президенти собиқи ин кишвар чанд рӯз қабл дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад.

Тибқи иттилои хабаргузории “Тасним”, дар рӯзи аввал 30 нафар барои сабти ном дархост ироа кардаанд, аммо ҳамагӣ панҷ номзад сабти ном шудааст. Имрӯз як нафари дигар сабти ном шудааст. Дар умум, то ҳол 6 нафар тавонистаанд худро ҳамчун номзад ба курсии президентӣ сабтином кунанд:

Саид Ҷалилӣ, дабири собиқи Шӯрои олии амнияти Эрон,

Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини маҷлиси Эрон,

Муҳаммадризо Сабоғиён, намояндаи шаҳри Бофқ дар маҷлиси шӯрои исломӣ,

Аббос Муқтадоӣ, намояндаи мардуми Исфаҳон дар маҷлиси Шӯрои исломӣ,

Мустафо Кавокибиён, дабири кулли Ҳизби мардумсолорӣ дар Эрон,

Қудраталӣ Ҳашматиён, раиси Хонаи ҳизбҳои Эрон.

Ин ҳоло рӯйхати ниҳоӣ нест ва ба эҳтимоли зиёд дар рӯзҳои баъдӣ номзадҳои дигар сабти ном хоҳанд шуд. Рӯйхати ниҳоии номзадҳо ба мақоми президентии Эронро 11 июн Шӯрои нигаҳбони Конститутсия, ки аъзои ӯ таъйин ё аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии ин кишвар тасдиқ мешавад, нашр хоҳад шуд.

Интихоботи раиси ҷумҳур бошад, 28-уми июн доир мегардад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: