Сабук кардани ғами одамон – намунаи олии инсонигарӣ

  • Сабук кардани ғами одамон – намунаи олии инсонигарӣ
  • Сабук кардани ғами одамон – намунаи олии инсонигарӣ
  • Сабук кардани ғами одамон – намунаи олии инсонигарӣ
  • Сабук кардани ғами одамон – намунаи олии инсонигарӣ
  • Сабук кардани ғами одамон – намунаи олии инсонигарӣ
  • Сабук кардани ғами одамон – намунаи олии инсонигарӣ

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 29 апрел ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба чорабиниҳои минбаъд пурзӯр намудани ҳимояи иҷтимоии қишри аҳолии заиф баргузор гардид.

Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дастгирии қишри аҳолиии ночор, ҳамчунин решакан намудани қашшоқӣ ба сифати сиёсати бартариятноки давлатӣ муайян гаштааст, ки ба принсипҳои адолати иҷтимоӣ асос ёфтааст. Моҳиятан ин идомаи мантиқии кори ҷорӣ дар бобати сохтмони давлате, ки дар бораи халқаш ғамхорӣ менамояд.

Солҳои охир низоми нави кумак ба эҳтиёҷмандон ба вуҷуд омадааст. Дар доираи он қариб 1,5 ҳазор тарбиягирандагони хонаҳои Меҳрубонӣ ба хонаводаҳо қабул гардиданд, 116 хонаи бачагонаи оилавӣ ташкил гардид, барои тарбияи қариб 700 нафар кӯдакон дар хонаводаҳо шароит ба вуҷуд оварда шудааст.

Соли гузашта 757 нафар ятим бо хона таъмин гардид. Аз ҳисоби давлат 4 ҳазор нафар кӯдакон ҷарроҳии мураккабро аз сар гузаронданд.

Инчунин домани дастгирии шаҳрвандоне, ки ногиро ҳастанд, васеъ гардид. Аз он ҷумла, соли гузашта қариб 42 ҳазор нафар бо ҷиҳозҳои реабилитатсионӣ ва протезу ортопедӣ таъмин гардида, 555 нафар кӯдаки узви шунавоиаш ноқис бо василаи кохлеар, 4 ҳазор нафар бачагони нобино бо алифбои Брайл таъмин карда шуданд.

Низоми нав ҷорӣ гардид: ба модарони қариб 35 ҳазор кӯдак, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ доштанд, пардохти кумакпулӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор сӯм шурӯъ гардид.

Ғайр аз ин, ногироҳои бачагӣ ва инчунин ногироҳои гурӯҳҳои якум ва дуюме, ки моҳона дар ҳаҷми то 2,5 миллион сӯм музди меҳнат мегиранд, аз пардохти андози даромад озод карда шуданд. Миқдори андози иҷтимоие, ки аз ҷониби кордиҳандагон барои ходимони ногиро пардохт мегарданд, пурра аз ҳисоби буҷет ҷуброн карда мешаванд.

Ҳамзамон ҳадди ақалли миқдори нафақа ва кумакпулӣ якбора 40 фоиз зиёд карда шудааст. Умуман онҳое, ки кумакпулӣ мегиранд, аз 466 ҳазори соли 2016 соли 2022 то 1 миллиону 860 ҳазор сӯм зиёд карда шуд.

Ба миқдори зиёди одамон аз тариқи фондҳои хайрия ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ мадад расонда шуд.

Дар ҷамъомад чорабиниҳои минбаъда дар бобати вусъат додани ин корҳои хайр, мустаҳкам намудани муҳити эътибор ва ғамхорӣ дар ҷамъиятамон муайян гардиданд.

Дар мамлакатамон беш аз 3 миллион нафар куҳансолон иқомат доранд. Бо ташкил намудани Вазорати дастгирии маҳалла ва куҳансолон низоми ғамхории онҳо ба вуҷуд оварда шуд.

Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки харҷи куҳансолон барои табобати солона дар санаторияҳо, харҷи шахсони куҳансоли оилаҳои камтаъмин барои хариди доруворӣ ва василаҳои ортопедӣ, амалиёти ҷарроҳӣ аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.

Барои куҳансолон чандин имтиёз барои машғулот дар объектҳои варзишӣ, боздид аз театру музей, сафар дар Ватан роҳандозӣ мегардад.

Бо мақсади дастгирии моддии эҳтиёҷмандон фармони Президент дар бораи аз 1 май зиёд намудани миқдори нафақа ва кумакпулӣ ба миқдори 12 фоиз ба имзо расид.

Ин ба буҷети 4,1 миллион хонавода маблағи иловагӣ ворид менамояд. Барои таъмини молиявии нафақа ва кумакпулӣ соли ҷорӣ 4 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.

Ғайр аз ин ҳаҷми нафақаи 725 ҳазор нафар, ки нафақаи ҳаҷми минималӣ мегиранд, 14 фоиз зиёд карда мешавад.

Ғайр аз ин дар остонаи 9 май иштирокдорони ҷанг барои як дафъа дар ҳаҷми 15 миллион сӯмӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Васеъ намудани низоми дастгирии эҳтиёҷмандони ногиро эълон гардид. Аз он ҷумла, аз 1 май корхонаҳое, ки ходимони ногиро доранд, дар ҳаҷми 400 ҳазор сӯм барои ҳар як чунин коргар дар тӯли шаш моҳ субсид ба даст меорад.

Аз субсид инчунин шахсони ногиро – онҳое, ки бо ҳунармандӣ машғул ҳастанд, барои хариди дастгоҳ ва таҷҳизот баҳраманд мегарданд. Онҳо аз ҳисоби давлат касб меомӯзанд, ба Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибати меҳнат супориши дахлдор дода шудааст.

Ташкилотҳои ғайридавлатии  дорои шахсони ногиро, шуъбаҳои ҳудудии онҳо субсиди давлатиро барои пардохти музди меҳнати ходимони худ метавонанд дарёфт намоянд.

Бо мақсади фаро гирифтани бачагони нобино ва чашмхира аз соли нави хониш дар мактабҳои «Нурли маскан» барои пурра таълим додани онҳо 850 синфи иловагӣ ва 1,2 ҳазор ҷой дар хобгоҳҳо ба вуҷуд оварда мешавад. Бинобар фармоиши давлатӣ китобхонаҳои ин мактабҳо бо китобҳои дарсӣ ва аёниятҳо, адабиёти бадеӣ дар асоси алифбои Брайл таъмин карда мешавад.

Дар назди вазоратҳои масъул вазифаи зина ба зина ташкил намудани гурӯҳҳои омодагии солона барои кӯдакони нобинои синни кӯдакистонӣ гузошта шуд.

Ғайр аз ин, беш аз 3 ҳазор кӯдакони гаронгӯш бо дастгоҳҳои шунавоии замонавӣ таъмин карда мешаванд. Барои тамоми кормандони мактабҳои махсуси интернат 50 фоиз изофапулӣ ба маошашон ба амал ҷорӣ мегардад.

Ҳар сол 108 мактаб-интернати бачагони ногиро бо беш аз 20 ҳазор китоби адабиёти махсус таъмин мегардад.

Ба куҳансолони имконияташон маҳдуд эътибор зиёд карда мешавад. Барои мисол, ҳоло барои қариб ҳазор нафаре, ки собиқаи корӣ надоранд ва дар хонаҳои Саховат зиндагӣ мекунанд, ягон пардохт пешбинӣ нагаштааст. Аз ин баъд ба онҳо инчунин барои харҷҳои шахсӣ ба миқдори 20 фоизи кумакпулӣ бинобар куҳансолӣ пардохта мешавад.

Ҳоло ҳозир нафақа бинобар ногироӣ бинобар собиқаи корӣ ва музди меҳнати пешина ҳисоб карда мешавад. Ин бевосита ба даромади беш аз 75 ҳазор кормандони ногиро таъсир мерасонад.

Акнун нафақаи онҳо дар ҳар ду сол аз нав ҳисоб гардида, дар вобастагӣ аз собиқаи корӣ ва музди меҳнаташон индексатсия мегардад. Ба ин мақсадҳо барилова 300 миллиард сӯм равона мегардад.

Инчунин тартиби ҷудо намудани маблағ аз буҷет барои боғчаҳои бачагонаи оилавӣ содда карда мешавад. Маблағ барои харҷи рӯзмарра ба карточкаи пластикии шахсии падару модарон таҳвил мегардад.

Ғайр аз ин, пардохтҳои коммуналии кӯдакистонҳои оилавӣ бинобар тариф, ки барои аҳолӣ муқаррар гаштааст, пардохта мешавад.

Таҷрибаи ҷудо намудани 10 миллион сӯм барои хариди озуқаворӣ ва либосворӣ барои донишҷӯёне, ки ятим ва ё бепарастории падару модар мондаанд, инчунин барои муассисаҳои таълими олии ғайридавлатӣ эътибор пайдо мекунад.

Ба миқдори 600 миллиард сӯм барои таъмир ва таҷҳизонии 376 хонаи Меҳрубонӣ, Саховат ва Мурувват, мактаб-интернатҳои махсус барномаи алоҳида қабул хоҳад гардид.

Роҳбари давлат ногузирии пурзӯр намудани ҳимояи иҷтимоии занони коргарро таъкид намуд.

Ҳоло саҳми занон дар сектори ғайридавлатӣ 57 фоизро ташкил менамояд. Бисёр кордиҳандагон расман ба кор қабул намудани занонро афзал намедонанд, то ки бинобар ҳомила ва таваллуд кумакпулӣ напардозанд.

Бинобар ин аз моҳи сентябри соли 2022 тартиби қисман ҷуброн намудани пардохтҳои давраи декрет аз ҳисоби буҷети давлатӣ муқаррар карда мешавад. Бо ин мақсад дар назди Вазорати молия Фонди бимаи иҷтимоӣ, ки дар соли ҷорӣ аз буҷет 170 миллиард сӯм дарёфт менамояд, ба вуҷуд оварда мешавад.

Рамазон моҳи саховат ва шафқат мебошад. Бинобар ин Президент фармонро дар бораи авфи 65 нафаре, ки бинобар иштибоҳ ҷиноят содир намуда, гуноҳи худро амиқан дарк намуда, қатъан ба роҳи ислоҳ даромадаанд, ба имзо расонд. Ба шарофати ин онҳо метавонанд иди Рамазонро дар хонаи худ ва муҳити оила истиқбол намоянд.

Дар рӯзҳои ид, тавре ки дар мардумамон роиҷ аст, кӯча ва ҳавлиҳо ободу пок гардонда шуда, аз оилаҳои бепарастор, куҳансолони дасттанҳо ва ногироҳо аёдат ба амал оварда мешавад.

– Мо набояд фаромӯш кунем, ки ғами одамонро сабук намудан – ин, тавре ки мутафаккири бузург Алишери Навоӣ гуфтааст, олитарин намунаи инсонӣ аст ва бинобар ин ҳикмат кор кардан нафақат вазифаи хидматии мо, балки қарзи маънавиамон низ мебошад, – гуфт роҳбари давлат.

Ба шахсони масъул иҷрои вазифаҳои мадади моддӣ ва ҳамчунин дар рӯзҳои ид аёдати инсонҳои  қишри заифи иҷтимоии аҳолӣ, ҳадяи туҳфаву мукофотҳои пулӣ супориш дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: