САБУКСАР КАЙ КУНАД АНДЕШАИ НАҒЗ?...

Камина мақолаи пурдарду дилсӯзонаи хабарнигори «Овози тоҷик» Зоҳир Ҳасанзода оиди ба номгузорӣ ва нав кардани номҳои кӯчаву гузарҳо «Кори бемашварат накӯ н-ояд»-ро аз рӯзномаи «Овози тоҷик» (№45. 7 июни соли 2023) бо диққату эътибори хоса ва албатта сипосгузорӣ мутолиа намудам.

Ҳамкасби ман доғи рӯзро бо далели раднопазир иншо кардааст. Дар ҳақиқат дар ин масъала шитобкорӣ ва сабуксарӣ вуҷуд дорад. 
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре  пахш шуд, ки номи кӯчаи ба номи Павел Бенков ба Боғчасарой иваз мешудааст. Аз ин хабар бештар аҳли фарҳанг ба тааҷҷуб афтод. Охир Павел Бенков соҳиби унвони «Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон», устоди устодони муқалам, тараннумгари дӯстии халқҳо буд ва аз худ асарҳои нотакрору ҳунармандонаро ба ёдгор гузошт. Вай соли 1928 ба шаҳри Самарқанд омад ва тамоми умр бо эҷоду тарбияи насли наврас машғул буд. Лутфулло Абдуллоев, Чингиз Аҳмаров, Ашраф Раззоқов, Рашид Темуров ва дигар мусаввирони номдор ба ӯ шогирданд. 
Соли 1949 қалби мусаввир аз тапиш монд ва ҳамон сол бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд ва омӯзишгоҳи санъат ба номи вай гузошта шуд. 
Чанде қабл аз ин аҳли маҳаллаи Мир Саид Барака маҷлис ороста қарор қабул кард, ки номи Павел Бенков ба Боғчасарой иваз карда шавад. Зеро «мардуми таҳҷоӣ намедонанд, ки Бенков кӣ бошад».
Камина аз ҳокимияти шаҳри Самарқанд талаб кардам, ки дар ин масъала шитобкорӣ ва сабуксарӣ лозим нест. Боз як ҳамкасби мо Анастасия Павленко дар рӯзномаи «Самаркандский вестник» низ мақолаи «Номи кӯчаи Бенков иваз мешавад?»-и хешро эълон кард, ки ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. 
Афсӯс то ҳол мутасаддиён муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд. 
Умед дорем, ки пас аз дахолати «Овози тоҷик» масъала мусбӣ ҳал хоҳад шуд. Ба ин маънӣ чӣ хуб гуфта шоир:
Сабуксар кай кунад андешаи нағз?
Бале, ҷавзи сабукро кай бувад мағз?

Тошпӯлоди РАҲМАТУЛЛОҲ,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: