Имрӯзҳо ҷамоати байналмилал ва аҳлу тифоқи Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд 100-солагии таъсисёбии он ва рӯзи ходимони тибро бо комёбиҳои назаррас пешвоз мегиранд.
Бо вуҷуди ҳукми тирамоҳи заррин ҳудуди иттиҳодия бо гулу буттаҳои шукуфону дилрабо, дарахтони ҳамешасабзи манзаравии худ диққатро ба худ мекашад. Дар миёнаҷойи ҳавлӣ аз чӯбу тахта айвони базеби миллӣ ва дар шафати он майдончаи варзишӣ бунёд кардаанд, ки корафтодагон ҳам истироҳат кунанду ҳам бо варзиш машғул шаванд.
Аз долону зинаҳо бӯйи накҳати гулҳои рангоранг ба машом мерасанд.
Яке аз духтаракони шуъбаи «Ба рӯйхатгирӣ» моро назди мудири он Абдураҳмон Расулов раҳнамоӣ кард.
– Дар мо ба тӯй бо тӯёна рафтан анъана шудааст, – аз мақсадамон огоҳ шуда гуфт Абдураҳмон Холкаримович. – Дар шифохона бо роҳбарии сардухтурамон Аҳмадҷон Султонбоевич ба 100-солагӣ тайёрӣ мебинем. Пас аз он, ки эшон роҳбар таъин гардиданд, корҳои ободонӣ, навоварӣ, аз ҳама муҳимаш, бо асбобҳои замонавӣ муҷаҳҳаз сохтани табобатхона хеле пеш рафтанд. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки барои ба дарди худ шифо ёфтан мизоҷон на танҳо аз мамлакатамон, ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя ҳам меоянд. Инро аз навиштаҷоти дафтари «таклифу мулоҳизаҳо» низ метавон дарёфт.
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар…
Аҳмадҷон Бобоҷонов баъди хатми литсейи академии Урганҷ дар дуроҳа монд. Устодонаш маслиҳат доданд, ки шомили факултаи риёзӣ шавад, ӯ бошад, таърихро дӯст медошт. Аммо баъди суҳбат бо модар масъала ранги дигар гирифт.
– Ҷони оча, – гуфт Дармоная Салоева, – оё дар ёд дорӣ, ки ҳангоми бачагӣ бемор шудиву дӯсти падарат Искандарамак табобат кард. Нияти ман ин ки мисли ӯ шифокор шавиву ба халқу Ватан хидмат кунӣ!
Аҳмадҷон бо дуои волидайн ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд супурд. Саводи хуб, ки дошт, шомили мактаби олӣ шуд. Вале дар мусофират хондан осон набуд. Бинобар ин, Аҳмадҷон шабона дар шифохонаи марказии шаҳри Самарқанд ба кор даромад. Барои ӯ имконият фаро расид, ки дониши назариявиро ба амалия пайваст намояд. Ин аст, ки донишкадаро бо дипломи имтиёзнок хатм карда, дар аспирантура монд ва таҳти роҳбарии профессор Баҳодур Собиров рисолаи номзадиро дифоъ намуд.
Роҳбарони вилоят истеъдоди ташкилотчигӣ ва ташаббускории ӯро ба инобат гирифта, сардухтури Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд таъин карданд, ки беморхонаи марказӣ низ дар тасарруфи он буд. Ҳоло ин муассисаи табобатии шаҳр ба 586 ҳазору 200 нафар аҳолӣ хидмат мерасонад. Дар 23 муассисаи шифокорӣ тақрибан 5 ҳазор ходим, аз ҷумла, беш аз ҳазор шифокорон ва 2 ҳазору 688 ҳамшираҳо кор мекунанд. Иттиҳодия дорои 938 кати беморқабулкунӣ аст. Танҳо дар тӯли 9 моҳи ҳамин сол 38 ҳазору 636 нафар табобат гирифтанд.
Суҳбати гуворо...
Ба муносибати таҷлили 100-солагии табобатхонаи марказии шаҳр Аҳмадҷон Бобоҷонови ниҳоят серкору серташвиш ба чанд пурсиши мо посух дод.
– Солҳои охир бо дастгирӣ ва ташаббуси сарвари давлатамон ба соҳаи тиббиёт диққати алоҳида дода, сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ ба дараҷаи ҷаҳонӣ наздик мешавад, – гуфт Аҳмадҷон Бобоҷонов. – Масалан, чанде пеш сайёҳе аз Куриёи Ҷанубӣ, ки тиббаш дар дунё нуфузи баланд дорад, нобаҳангом ба шифохонаи мо омад ва ба дардаш даво ёфт. Вай қабл аз рафтан бо сипосгузорӣ изҳор намуд, ки дар шифохона сатҳи хидматрасонӣ аз хориҷа кам нест. Чунин фикру андешаҳоро аз шаҳрвандони Русия низ бисёр шунидем.
– Ба муносибати ҷашн чӣ гуна чорабиниҳо андешида шудаанд?
– Ният дорем китоби хотира чоп карда, дар он оид ба таърих ва шифокорони дирӯзу имрӯзи табобатгоҳ нақл намоем. Аз манбаъҳои гуногун медонем, ки пас аз ба Русия тобеъ шудан, соли 1870 дар яке аз мадрасаҳои Самарқанд шифохона ташкил кардаанд, ки 22 кати табобатӣ ва ду нафар фелдшер доштааст. Дар он замон губернатор назди шифокорон вазифа гузошта будааст, ки ба мардум хидмати бепул расонанд. Шифохонаи шаҳр соли 1924 ташкил ёфтааст. Он вақт дар тасарруфи табобатхона 4 шифокор, 3 доя, як ароба ва се асп будааст.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маҷрӯҳони армияи сурхро табобат мекардаанд.
Албатта, мо хидматҳои шоистаи собиқ сардухтурҳо Мӯсо Ҳаитов, Эркин Ҳамидов, Назира Нуруллохоҷаева, Шариф Гаппаров ва дигаронро фаромӯш нахоҳем кард.
Имрӯз ҳам дар муассиса табибони соҳибэҳтирому соҳибтаҷриба кам нестанд. Мо бо Зуҳриддин Камолов, Уйғун Сиддиқов, Суръат Олимов, Ҳабибулло Муртазоев, Бактош Раҳматуллоев, Абдураҳмон Расулов, Абдулло Юсуфов, Олга Ёқубова ва дигарон барҳақ ифтихор дорем.
Собири БУРҲОН, муҳаррири калони бахши тоҷикии садою симои вилоят.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.