Дар майдони ба номи Абурайҳон Берунии пойтахт фестивали XX анъанаҳои фарҳангӣ ва хӯрокҳои миллии халқҳои ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он намояндагиҳои сафоратҳои хориҷа ва дигар ваколатхонаҳо, инчунин баъзе ҳавзаҳои хӯроки миллӣ ва фарҳангӣ аз Ӯзбекистон низ иштирок доштанд.
Мисли ҳамеша фестивалро Бюрои хидматрасонии корпуси дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон баргузор намуд.
Дар фестивал даҳҳо сафоратхонаҳои хориҷӣ бо таому намоиши анъанаҳои фарҳангӣ ва миллии худ ширкат намуданд. Дар ҳар ғурфа хӯрданиҳои ҳам болаззат ва ҳам тунди кишвар ва қавмҳои мухталифи ҷаҳон рӯйи суфра гузошта шуда буд.
– Мо имсол низ бо мамнунӣ ин даъватро қабул намудем ва бо матои сӯзанӣ, ҳунарҳои пурғановати мардумӣ, атлас ва адрас, туҳфаҳои хотиравӣ аз сафол ва чӯб, сангҳои рангаи Тоҷикистон, корду теғҳои истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишварамон дар он ширкат менамоем, – мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода. – Мо инчунин палави болаззати тоҷикӣ таҳия намудем, ки он зуд тақсим шуд.
Бояд қайд кард, ки тамоми маблағи бадастомада аз фурӯши тамоми таом ва маҳсулоти дигари ҳунарӣ бо роҳи хайрия ба муассисаҳои бачагонаи кишвар тақсим карда мешавад.
Т. МИРҲАЁЕВ.