САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ...

Ҷашни Сада дар шумори идҳои маъмули мардумии ориёӣ буда, дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ, мутобиқ ба 30 январ таҷлил мешуд.

Давомнокии он як шабонарӯз буда, хеле бошукӯҳу оммавӣ мегузаштааст. Ниёгони мо то ин ки Садаро таҷлил кунанд, ҳашт рӯз пеш аз он ҷашнеро бо номи Баҳманҷана (рӯзи дуввуми баҳманмоҳ, мутобиқ ба 22 январ) меоростанд. 
Сада сад рӯз пас аз оғози зимистони 5-моҳа ҷашн гирифта мешуд. Дар аҳди қадим гузаштагони мо ду фасл доштанд: яке тобистон (hama) ва дигаре замистон (zayana). Наврӯз оғози тобистон ва ибтидои Соли нав буду Меҳргон ибтидои зимистон. Одатан гузаштагони мо пас аз сипарӣ гаштани сад рӯз аз Рамрӯзи меҳрмоҳ, ки бо номи Меҳргони хоса машҳур буд (15 октябр) дар шумор меоварданд, ки он ба рӯзи даҳуми баҳманмоҳ рост меомад. Аз ҷониби рости ҷашни Сада то ба Наврӯз низ шумори сад бармеомад, «аз он рӯ, ки аз даҳуми баҳманмоҳ то Наврӯзи дилафрӯз 50 шабонарӯз асту ба иллати он ки порсиёни пешин алоҳида ҳисоб мекарданд ва шумори сад пеш меомад, ин ҷашнро Сада ном ниҳоданд». 
Аз хусуси Сада дар сарчашмаҳои зиёде, аз қабили «Худойномак», «Шоҳнома»-ҳо, «Таърихи Табарӣ», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, асарҳои Ибни Зодуя, Ибни Муҳаммади Мискавейҳ ва монанди инҳо маълумоти фаровону мухталиф оварда шудаанд.
Ҷолибтарини онҳо «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ мебошад. «Шоҳнома» доир ба Сада ва таърихи он бо номи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» боби алоҳида дорад.
Бино ба тасвири шоир асосгузори ин ҷашн Ҳушанг мебошад, ки чиҳил сол подшоҳӣ кардааст. Боре Ҳушанг ҳангоми саёҳат бо ҳамгурӯҳонаш дучори море гардида, сангеро сӯйи он меандозад. Санг ба санги дигаре бархӯрда аз вай оташак мепарад, ки ин василаи кашфи оташ мегардад:
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз
Падид омад оташ аз он санг боз...

Минбаъд одамон бад-ин муносибат оташҳо афрӯхта, онро муқаддас медоштанд ва ин маросимро Сада номиданд:
Бигуфто: фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр...

Дар баъзе манбаъҳо ҷашни Сада ба дигар шаҳриёрон нисбат дода шудааст. Берунӣ ва Умари Хайём Садаро ба Фаридун вобаста кардаанд. Манучеҳрӣ дар як қасидааш Садаро тавсиф намуда, онро ба Каюмарсу Исфандиёр нисбат медиҳад:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс, Исфандиёр бошад.

Ҳамин тариқ тасвиру тавсифи ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон дар ашъори классикон фаровон аст. Ташбеҳоту алоқамандии зимистон ба Сада дар ашъори шоирони то нимаи дувуми садаи XI зиёд ба чашм мехӯрад. Сипас, тасвири Сада ва ҳатто зимистон оҳиста-оҳиста маҳдуд мегардад. Тавре ки дар боло қайд намудем, ҷашни Сада ба оташу барафрӯхтани он алоқамандии тамом дорад. Шояд оташпарастӣ низ аз он рӯзгор манбаъ бигирад. Аз ин рӯ, пас аз ҳукмронии Оли Сомон, ки мамлакат парешону ҳукумат ба дасти атроки ғазнавиву қарохонӣ ва салҷуқиву хоразмӣ гузашт, ҷойи равияҳои пешқадами исломӣ, намояндагони равияву мазоҳиби иртиҷоии ислом ба сари қудрат омада, ҷашни Садаро ба оташпарастӣ мансуб донистанд ва таҷлили онро манъ карданд. 
Аз ин рӯ, шоирони баъдӣ тасвиру тавсифи Садаро маҳдуд намуданд. Ва агар Сада гӯянд ҳам, онро ба хотири пеш омадани Наврӯз мегуфтанд:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш битароз...
(Фаррухӣ)

Дар қасидаҳои шоирони машҳуру маъруф Анварӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ низ ташбибҳои фаровон оид ба ҷашни Сада омадаанд. Унсурӣ мегӯяд:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Фаррухӣ оташафрӯзии шаби Садаро чунин ба қалам додааст:
Гар на оини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,
Чун шаби торе ҳама аз рӯз равшантар шавад...
Гоҳ чун ашколи Уқлидус сар андар сар кашад,
Гоҳ чун хуршеди рахшанда зиёгустар шавад...

Дар даврони мо, ки таҷлили ҷашни Сада аз назарҳо дур мондааст, мо ба хотири шод кардани рӯҳи ниёгонамон аз Каюмарс то ба Амир Мунтасир ҳамаро аз забони Фаррухӣ бо ҷашни мубораки Сада шодбош мегӯем:
Фаррухаш боду худовандаш фархунда кунад, 
Иди фархундаву  Баҳманҷанаву Баҳманмоҳ!

Рӯзибойи ҚУРБОНИЁН,
вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: