САДБАРГИ САФЕД – РӮҲИ АДИБАИ ЗИНДАЁД

Адибаи номии ӯзбек Саида Зуннунова байни тоҷикон низ маҳбубият дошт, падидаҳои қаламиаш ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр мегашт.

Ӯву шоираҳои тоҷик Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Мавҷуда Ҳакимоваро риштаҳои меҳр мепайваст. Ба адабиёти тоҷик дилбастагии қавӣ дошт.
Солҳое, ки донишҷӯ будем, яке аз ҳикояҳояш «Номаҳои қадрдон» дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» нашр шуд. Бо мутолиаи он хеле мутаассир шудам.
Ин рӯзҳое буданд, ки Саида Зуннунова дар синни 51 баъди бемории вазнин аз олам гузашта ва дарду доғи ҷудоӣ қалби ҳамсари бовафои ӯ – адиби номвар Саид Аҳмадро ба шиканҷа мегирифт. 
Саид ва Саида. Ин ду эҷодкор ҳамтақдир шуда ва ғаму нишоти рӯзгорро бо ҳам дида, дар вазъе, ки якдигарро пурра мекарданд, ба камолот ва комёбиҳои эҷодӣ даст ёфтаанд.
Саида Зуннунова соли 1926 дар шаҳри Андиҷон таваллуд ёфт. Аз падар ҷудо шуд ва бо ҳамроҳии модар хеле барвақт бори зиндагӣ кашид. Солҳои 1941-1943 дар Донишкадаи омӯзгории Андиҷон таҳсил намуд. Дар дабистони таълими умумӣ омӯзгорӣ, дар рӯзномаи вилоятӣ ба сифати ходими адабӣ фаъолият бурд, дар қалбаш, ки шавқи эҷод рӯ мезад, таровишҳои эҳсос ба коғаз кӯчонд ва аз назари устодон гузаронд. Нахустин шеъраш ҳанӯз соли 1945  бо унвони «Фронти пахта» рӯи чоп дид. Баъде ба Тошканд омад ва дар риштаҳои филологии Дорулфунуни давлатии Осиёи Марказӣ (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) ба таҳсил шурӯъ кард, дар пайроҳаи эҷод ҷиддитар қадам ниҳод ва бо нашрҳои адабӣ робитаро мустаҳкамтар сохт. Баъди хатми дорулфунун дар маҷаллаи бачагонаи «Гулхан», рӯзномаи «Ӯзбекистон маданияти», Нашриёти адабиёти бадеӣ, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон фаъолият бурд. Маҷмӯъҳои шеъриаш бо унвонҳои «Духтаратон навишт» (1948), «Шеърҳои нав»(1950), «Водии гулҳо» (1954), «Духтарҷон», «Фикру ёди як сол» (1967) ба табъ расиданд. Дар чакидаҳои қаламии шоираи ҳассос суруди ҷавонӣ, шукӯҳ ва шаъни Ватан, завқи меҳнат, меҳру самимият тараннум ёфта ва онҳо аз ҷониби дӯстдорони адабиёт бо мамнунӣ пазируфта шуданд.
Саида Зуннунова дар наср низ сермаҳсул эҷод кард. Баъди Ойдин (Манзура Собирова) ҳикоя ва қиссаҳои ҷолиб иншо сохта, чун адиба дар рушди адабиёти муосири ӯзбек саҳми босазо гузошт. Ҳаёти коргарзанон, мавзӯи муҳаббат ва оила дар ҳикоёте, ки дар «Гулбаҳор» ном маҷмӯааш ҷой гирифтаанд, ҳамчунин қиссаи ӯ «Гулхан» (1958) бонувон буда, меҳнат ва муборизаи онҳо дар солҳои сиюми қарни сипаришуда бо нақш ва рангҳои дилкаши бадеӣ ифодаи худ ёфтаанд. Персонажҳои марказии «Оташ» (1962), «Аз қадат гардам» (1972), «Директор» барин асарҳои насрии С. Зуннунова, айни замон бонувони дар ҷодаҳои зиндагӣ фаъолаву пешрав ва муборизанд.
Чӣ наср ва чӣ назми адибаи хушзавқ ҷозибаи ба худ хос дорад. Вай ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, бахту саодати инсонро дар шеъру сурудҳои лирикӣ, осори пурмуҳтавои насрӣ тараннум месохт ва дар дилҳо ҷой гирифта буд. Осори дар шакл ва навъ гуногунаш, ҳамзамон, дар хазинаи адабиёти ӯзбек ганҷинаи бебаҳост.
Мегӯянд С. Зуннунова ҳарчанд аз устодони зиёд сабақ омӯхт ва аз меҳри падаронаашон баҳравар гашт, ба Ойбек ихлоси дигар дошт.
Боре вохӯрии адибони ҷавон бо Ойбек баргузор шуд ва баъди чорабинӣ «духтарбача танҳо намонад» гуфта, ҷои худ дар кабинаи мошинро ба С. Зуннунова дод ва ӯро ба манзилаш гуселонд. Инро бо ҳисси миннатдорӣ борҳо ҳикоя карда буд Саидаапа. Чунин одамият ва инсонигарию садоқат ба худаш низ хос буда, аз дилёбӣ ва некӣ ба дигарон як олам завқ мебурд. Ӯву ҳамсараш Саид Аҳмад ҷавонони эҷодкорро ба хонаашон даъват ва барояшон дастархон ороста, суҳбатҳои дилчасп ва муфид барпо менамуданд. Хонадони онҳо бо сутунҳои муҳаббат ва садоқат устуворӣ касб карда буд, гӯён навиштааст яке аз шогирдонашон Амон Мухтор дар хотираҳои худ. Ба таъкиди ӯ, ҳаёти С. Зуннунова бо азоб ва изтиробҳои рӯҳӣ сипарӣ гашт. Солҳое, ки Саид Аҳмад ба табъид дучор шуд, Саидаапаро низ бо баҳонаҳои гуногун ба шиканҷа кашиданд. Чанд муддат азоби бекорӣ кашид. Ба асарҳояш ҳар гуна эрод мегирифтанд. Хусусан, «Пайроҳаҳо» ном асарашро хеле «кӯфтанд». Хориҳо дид, вале иродат аз даст надод. Назди нокасҳо сар хам нанамуд.
Амон Мухтор меафзояд, ман қатори чанд нафар, ки дар як вақт ба майдони эҷод қадам гузоштаем, аз меҳри Саид Аҳмад ва суҳбату маслиҳатҳояш баҳра бурда ва ӯро устод мегӯям, вале гуфта наметавонам, ки  шогирди бевоситаи ӯ мебошам, ман бештар худро шогирди Саидаапа меҳисобам...
Қалби пок ва эҳсоси мусаффо дошт адиба.
Ба ҳама меҳрубон. Вале ба ноҳақӣ муросо намекард. Яке аз ҳамзамононаш менависад: 
«Саидаапа кай ва куҷое исён бардошта бошад, алайҳи ноҳақӣ ва қабоҳат исён намудааст».
Бо вуҷуди он ки роҳҳои зиндагӣ ба Саид Аҳмад ва Саида Зуннунова тахту ҳамвор набуда ва ҳарду зиёд азият кашиданд, назар ба нақлҳо, дар ҳолатҳои оддӣ низ ҳарду кӯдаквор болида ва мешуд худро хушбахт ҳис намоянд.
Дар Хиёбони адибон воқеъ дар қаламрави Боғи миллии ба номи Алишери Навоӣ муҷассамаи ҳарду гузошта шудааст. Ин муҷассамаест, ки ба иродату матонати инсон, хусусан, вафою садоқати зани ӯзбек қомат афрохта, таъкид сохта буд дар маросими кушоиши ёдгорӣ духтари онҳо Нодира Ҳусанхоҷаева.
Нависандаи мардумӣ Тӯлан Низом ба хотир меорад, ки дар хонадони Саид Аҳмад як бех садбарги сафед мерӯид. Бо устод дар кат чой хӯрда менишастем. Аз чӣ бошад, хаёли ӯ парешон ба назар метофт. Ниҳоят, суол кардам: «Устод, ба ҳамин гул бисёр менигаред, ҷудо нағз мебинед-а, ин садбаргро?» Вай гуфт: «Ин рӯҳи Саидаапаат – гули сафедест, ки вай бо дасти худаш нишондааст».
Ба  таъбири шоира Ойдин Ҳоҷиева, Саидаапа шеър нависад, дар оташи муҳаббат сӯхта, шеъри пурҳарорат эҷод  мекард. Вай муҳаббати Саид Аҳмадака, ба маънои том манбаъ ва сарчашмаи илҳоми ӯ буд...
Воқеан ҳам осоре, ки адиб ва адиба бо камоли илҳом офариданд, имрӯзҳо бӯстони адабиёти муосирро зеб мебахшанд. Маҷмӯи ёдгорӣ дар Хиёбони адибон бошад, бешубҳа, тимсоли равшани Меҳр ва Вафост. 
Навъе ишора рафт, Саид Аҳмад аз зумраи эҷодкоронест, ки дар солҳои панҷоҳуми асри сипаришуда дучори тазйиқи сиёсӣ шуда ва муддате дар ҳабсу бадарғаҳо ҳаёти сангин гузарондаанд. Табиист, ки ҳамчун «узви гурӯҳи миллатгаро, тарғиботгари ғояҳои зарарнок» айбдор карда шудани саробони хонадон ба азоб ва изтиробҳои ботинии Саида Зуннунова низ боис гашт.
Вай барои хабаргирии шавҳар ба лагери Ҷезқазгани вилояти Қарағандаи Қазоқистон мерафт, лаҳзаҳои дидор бо соҳиби сарро дар паси симхорҳо интизорӣ мекашид. Ҳолати зану шавҳар дар он давраҳои мушкил дар ҳикоёте, ки ба маҷмӯаи «Маҷнуни чашмсиёҳ»-и Саид Аҳмад ворид шудаанд, инъикос гардидаанд. 
Нақл мекунанд, яке аз шогирдони Саид Аҳмад ният дошт дар рӯҳи достонҳои ишқӣ ҳикояе бо номи «Саид ва Саида» иншо созад. Ин ният ба амал набаромад, вале филмофарони ӯзбек бо ҳамин унвон ба бардоштани филм шурӯъ сохтанд. Коргардони картина Розиқ Аббосов. Дар филми «Саид ва Саида», ки дар ҷойҳои ҷолиби диққати вилояти Тошканд, мавзеи Красногорски назди Ангрен ба навор бардошта шуд, Дилноза Кубаева, Раъно Зокирова, Фурқат Файзиев, Ҷумадулло Раметов, Ҷамила Ғафурова барин ҳунарпешагон нақш бозидаанд. Нақши Саида Зуннуноваро актриса Шаҳло Темирова ба иҷро расондааст.
Ба адибони ӯзбек Саид Аҳмад ва Саида Зуннунова, ки пасту баландии рӯзгор бисёр дида, вале ҳеҷ гоҳ иродат  аз даст надоданд, ба қавли яке аз ҳамзамонҳояшон, ки онҳоро аз наздик мешинохт, муҳаббате насиб  карда буд, ки дар ҳаёт кам вомехӯрад. 
Хусусан, онҳое, ки бо Саида Зуннунова қаробат доштанд, ӯро бо меҳр ва муҳаббати хосса ба хотир меоранд.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: