Садбарги сурх

Садбарги сурхро хостанд дар замине кишт кунанд, ки он ҷо ҷуворимакка парвариш мекарданд.

Баробари маскани хешро дар байни макказор дидан, дасту пойи гули хушбӯю зебо суст шуда, як ҳисси навмедӣ вуҷудашро фаро гирифт. Худ ба худ ҳунгосзанон бо овози паст гиря мекарду дар худ мепечид. Медонист, ки ҷуворимаккаро ҳангоми гардолудшавӣ аст. Дар ин ҳангом ранги сурхи қирмизияшро аз даст медиҳаду ба худ як ранги нимзарду нимсурхи заъфаронӣ мегирад. Ҷуворимакка бошад, хеле аз ҳамнишини худ қаноатманд ва хурсанд буд, чун мақсади деҳқони ботаҷриба низ ҳамин буд, ки ранги сурхи гули садбарг ба донаи зарди ҷуворимакка гузарад, ба ин васила аз ҳисоби донаҳои нимзарду нимсурх бозорашро обод кунад. Бо мурури вақт ҳосили донаҳои калон-калони ҷуворимакка кам-кам бо ранги сурх омезиш ёфта, дар байни дигар ғалладонаҳо обрӯю эътибор пайдо мекард. Лекин садбарги сурх бошад ҳусну тароваташро ҳар лаҳза бой медоду баргҳои зебову алвонияш зард мешуданд. Ин талафотро ҳама медиданду касе ба ин аҳамият намедод. 
Деҳқон коркарди байни ҷӯякҳоро мегузаронд, заминро нарм мекард, бехи ҳар як ҷуворимаккаро бо ғизо таъмин менамуд. Аммо ба ҳолати табоҳи садбарги сурх касе аҳамият намедод. Ҳар лаҳза марг интизораш буд. Баргҳояш мерехтанд. Аз зебоие, ки баҳор ба ӯ ҳадя карда буд, нишоне намонда буд. Садбарг худ ба худ зери лаб пичиррос мезад, ки боз баҳору шир-шири борони найсонро Яздони пок барояш бармегардонида бошад? Шарфаи пойҳои барзаговҳои ҷуфт ба гӯш мерасид. Охирин умеди гули зебо ба омоч буд, ки шояд аз решааш бардошта, ба сари ҷӯяк бароварда партояд. Шояд... Ҳавои даруни ҷуворимакказор  ботлоқи бадбӯеро мемонд, ки нафас кашидани кас ғайри имкон буд. Ҷуворимакка оксигенро ба худ кашида, ҳавои муҳитро заҳролуд мекард, ки табиати садбарг баръакси ин буд. Гули сурх таҳаммули як лаҳзаи ин табаддулоти табиатро надошту танҳо ба Худованд илтиҷо мекард.
– Парвардигоро, ман як гули зебою муаттар будам. Баҳори нозанин бо тамоми таровату зебоиҳояш маро дар канори хеш гирифту обу ғизоям дод. Ҷаззобтару дилангезтар шудам. Маро аз лутфу марҳамати худ бебаҳра магардон. Ту худ қодирӣ, маро аз ин бунбасти умр раҳо бикун. 
– Дар ҳамин вақт воқеаи ғайричашмдошт рӯй дод. Решаи нимҷони буттаи гулро омоч канда ба сари ҷӯяк бароварда монд. Деҳқон бо каландаш пеши ҷӯйчаҳоро кушода мерафту алафҳое, ки омоч баровардааст, бо нӯги белчааш ба даруни об мепартофт. Буттаи гул низ ба ҷӯйбор афтид. Дар даруни оби зулол гул хурсандӣ мекард, ташнагияшро мешикаст, гӯиё парубол мекушод. Дар ҳамин вақт дасте ба сӯйи буттаи гул дароз шуду аз ҷӯйи об берунаш овард. Дар ҳамон наздикиҳо боғе нашъунамо дошт. Даст садбарги сурхро дар боғ шинонд. Бо мурури вақт садбарг чашми ҳар бинандаро бо гулҳои сурху қирмизияш ба рабудан сар кард. Як андак монда буд, ки гул хазон гардад. Ин кори тақдир буд ё тақдирҷунбон?

Саодат САНГИНОВА. 
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: