САДОДА

Исми ман Садода буд.

Аҳли хонаводаам аз хурдсолӣ ба ман бо ин ном муроҷиат мекарданд. Ҳарчанд ба ин ном одат карда будам, вале  намедонистам, ки чӣ маъно дорад. Дугонаҳоям ҳам бо ин ном ба ман муроҷиат мекарданд, вале онҳо маънои номи маро намефаҳмиданд. Вақте ба балоғат расидам, рӯзе ногаҳон дар дилам оташи ишқ аланга заду ба ҷавоне, ки нисбат ба ман ҷавон ба назар мерасид, дил бастам. Дар деҳаамон ҷавоне набуд, ки дар қаду баст баробари ман бошад. Мегӯянд, ки баъзеҳо аз паси кор ва маоши хуб ба Русия, Дубай, Кореяи Ҷанубӣ мусофират ихтиёр кардаанд. 
Рӯзе ин ҷавон номамро пурсид. Азбаски маънояшро худам намедонистам, гуфтани номамро ба вохӯрии рӯзи дигар ваъда додам. Дар аввал аз модарам пурсидам, ки номам чӣ маънӣ дорад. Модарам гуфт, ки ман ҳам он қадар хуб намедонам, ин номро бароят бобои шодравонат гузошта буд. Аз падарам пурсидани маънои номамро ҷуръат накардам. Хостам аз муаллими забон ва адабиёти худ бипурсам. Ӯ гуфт, ки луғати забони форсӣ ё арабиро мебинад ва баъд мегӯяд. Соати рӯзи вохӯрӣ бо ҷавони дилбастаам расид, вале то ин дам маънои номамро муайян карда натавонистам. Қарор додам, ки ягон номи хубу фораме барои худ интихоб кунам, ки барои ҷавон писанд ояд. Дар аввал фикр кардам, ки номамро Гулчеҳра ё Гулбадан гузорам. Вале баъдтар ба хулоса омадам, ки ин номҳо мувофиқи сирату сурати ман нестанд. Зеро ҷуссаам хеле калон аст, чуноне ки ҳамсоягон мегӯянд, кӯҳпайкарам. Танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки андозаи туфлиҳоям ба 44 мерасад. Одатан андозаи туфлиҳои занона аз 36 то 39 мебошанд. Аз андозаи либосҳоям чизе намегӯям. Чунин ҳолат маро ҳар доим ба ташвиш меовард. Хулоса, номамро аз ифода кардан бо «Гул» даст кашидам. 
Хостам номамро Зебо ё Ситора гузорам, аммо баъди чанде фикр кардам, ки ин номҳо ҳам ба шаклу шамоили ман муносиб нестанд. Зеро тарҳи рӯям, ба назарам, он қадар дилнишин ва ранги рӯям ситорабоб нест. Дугонаҳоям мегуфтанд, ки тарҳи рӯям зебо набошад ҳам, ҷозибае дорад. Ба гуфтаҳои дугонаҳоям бовар карда, хостам номи худро Дилбар гузорам. Фикр кардам, ки ин ном ба ҷавони дӯстдоштаам хуш меояд. Аммо баъди чанд сония андешидам, ки ин ном ҳам, агар росташро гӯям, ба пайкари кӯҳворам мувофиқ нест. Дигар дар ҷустуҷӯйи номи муваффақ нашудам. 
Дар рӯзи дигар барои вохӯрӣ бо ҷавон ҳозир шудам. Акнун боварӣ дорам, ки гуфт ҷавон, номи худро аз ман пинҳон намекунӣ? Номамро, албатта, имрӯз бароят мегӯям, вале мехостам номи маро худат дарёбӣ, гуфтам бо як назокату дилрабоӣ.
Дастатро ба ман дароз кун, гуфт ҷавон, то ба василаи хатҳои кафи дастат номатро муайян кунам. Азбаски ангуштҳои дастам бар асари пахтачинӣ, дарави алаф, шустани табақу коса, рӯфтурӯби ҳаррӯзаи ҳавлӣ, шустани либосу кӯрпача дурушту дағал шуда буданд, ман аз дароз кардани дасти худ шарм кардам ва гуфтам, ки дастамро дар вохӯрии рӯзи дигар медиҳам.
Ҷавон аз нӯги пой то фарқи сарам бо диққат нигоҳ карда, яке чашмаш ба андозаи туфлиҳоям афтоду пурсид: 
– Андозаи туфлиҳоят чанд аст? Аз они ман, масалан – 40. Гуфтани андозаи  туфлиҳоятро ҳам ба рӯзи дигар гузоштаниӣ?
Ман аз шарми андозаи калони туфлиҳоям чизе гуфта натавонистам, танҳо хотиррасон кардам, ки ман аз ин ҷиҳат ба бобоям кашидаам. Модарам мегуфт, ки бобоят дар калонпойӣ ҳамто надошт. Балки ба далели калонии пойҳояш ӯро ба ҷанги Афғонистон набурдаанд. Зеро барои пойҳояш мӯза ё путин ёфтан душвор будааст.
Кӯҳпайкариам маро ба ташвишу изтироб меовард. Дар назди ин ҷавон, ки ба назарам хеле ҷавон метофт, ман худро гулбадан, саврқад, нозукандом вонамуд мекардам. Андозаи калони пойҳоямро аломати меҳрубонӣ, садоқату вафодорӣ талқин мекардам, чуноне ки бобоям тамоми умри худ ба модаркалонам содиқу вафодор буд. Ҷавони дӯстдоштаам боз як бори дигар бо диққат ва тӯлонӣ ба андозаҳои  туфлиҳоям нигоҳ карду бо қатъият гуфт: 
– Агар андозаи пойҳоят аломати садоқату вафодорӣ бошанд, ман худро як умр дар ихтиёрат мегузорам.
Аз ин гапи ӯ ман ба ваҷд омада, гуфтам:
– Номи аслии ман Садода аст, яъне некӯкорӣ, росткорӣ ва вафодорӣ. Ин номро, барои аз ёд нарафтани садоқату вафодорӣ дар оила, ба ман падарбузургам додааст.

Ҳақназар
 ҚУРБОНМАМАДОВ,

ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: