САДОЕ ДИЛНИШИН ДОРАД

Боре дар мактаби рақами 9-уми деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка вохӯрии мактабиён бо аҳли эҷод баргузор шуду дар он маҳфил шеър хондан ба ин ҷониб низ насиб гардид.

Дар фосилаи шеърхонӣ сурудхонии овозхоне бо номи Ғойиб ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид. Ӯ дар қатори дигар шеърҳо як шеъри каминаро низ, ки оҳанг баста будааст, иҷро кард. Садояш ба гӯши дил нишаст. Вале филфавр андешидам, ки гӯшҳоям фиреб медиҳанд. Инсон як мавҷуди худхоҳ аст. Дар худ гуфтам: «Садои ӯ барои он ба дил менишинад, ки шеъри маро бо мусиқӣ пешниҳод менамояд». 
Рӯзе иттифоқ афтод, ки бо устод Бекназар, ки бо савту сурудҳои тоҷикӣ алоқамандие дорад ва гоҳо суруде хиргоҳӣ мекард, суҳбат кунем. Гуфт, ки чанде пеш дар чорабинии фарҳангии Маркази фарҳанги тоҷикони ҷумҳурӣ ширкат ҷустам. Овозхоне бо номи Ғойиб, бо сурудҳояш табъи гирдиҳамомадагонро болида сохт. Садои дилнишине доштааст. Магарам аз ҳунари навозандагию сарояндагӣ вуқуфи комил дорад. Ин суҳбат маҳфили Бӯка ва сурудхониҳои Ғойибро ба ёд овард.  Аз арҷгузориҳои мусоҳибам натиҷа гирифтам, ки гӯшҳоям хато накарда будаанд.
Ғойибро рӯзе дар пойтахт дидам, ки пайи коре омада буд. Ба қавле, суҳбатамон қӯр хӯрд.
– Ғойибҷон, ҳар инсон як сандуқи пӯшида аст, то аз наздик бо ӯ суҳбат накунӣ, намедонӣ, ки кию чист, чӣ дороие дорад. Инҷониб дар мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯка бо шумо суҳбати фишурдае доштам ва натиҷа гирифта будам, як овозхони худрӯед, ки то ҷое ҳунаратон такмил ёфтааст. Натиҷагириям оё дуруст аст?
– Саҳв кардаед. Камина хатмкардаи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзодаи Тоҷикистон ҳастам.
– Наход? Маъзарат мехоҳам. Шумо худ зодаву парвардаи куҷоед?
– Камина моҳи январи соли 1972 дар деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка таваллуд шудаам. Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1989-ум ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода супурдам.
– Чаро ҳуҷҷатҳоро ба донишкадаи дигар нею маҳз ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо супурдед?
– Зеро ба овозхонӣ майлу рағбати зиёде доштам. Ишқи ин ҳунарро бори нахуст падарам Муҳаммадраҷаб ҷо карда буд. Аз он ки инсони чусту чолок буд, мардум ба ӯ лақаби гургро дода буданд. Ӯ рубоиёти тоҷикони шимолию ҷанубиро бо шеваи худ хеле устодона месароид. Дар тӯйҳо даъваташ мекарданд, ки суруд хонад. Биноан, хостам ва ӯ хост, ки дар оила овозхони касбие бошад. Падарам дар сароиши сурудҳои ӯзбекию русӣ низ маҳорати хуб дошт.
– Хеле хуб, Донишкада ба шумо чӣ дод?
– Бисёр чиз. Оҳангсозӣ ва сарояндагӣ, ба «Шашмақом» ворид шуданро омӯхт. Бо таърихи ҳунари мусиқӣ, созандагӣ ва навозандагии тоҷик ошно кард. Шурӯъ, авҷ ва хотима омӯхт, ба олами ҳунари навозандагӣ ва сарояндагии Аврупою ҷаҳон ворид кард. Амиқ дарк кардам, ки ҳар як овозхони тоҷик, сарфи назар аз тавону салиқа, бояд аз вазни шеъри форсӣ-тоҷикӣ вуқуфи комил дошта бошад. Ҳамчунин идрок кардам, ки оҳангро вазни шеър тавлид мекунад.
– Яъне ҳамон соле, ки мактаби миёнаро хатм кардед, донишҷӯйи Донишкадаи ҳунарҳои зебо шудед?
– Не, ду сол «ғалтидам». Соли дуюм падарам бо маъмурияти донишкадаи мазкур «ҷанг» эълон кард. Шӯрид, ки чаро ин хел амал мекунанд, донишу салиқаи даъвогар, яъне ман, аз донишу салиқаи баъзе донишҷӯёне, ки таҳсилро идома медиҳанд, баландтар аст. Падарам дар ин ҷо ҳам «гург»-иашро кард. Соли сеюм донишҷӯ шудам.
– Иродаатон қавӣ будааст.
– Чӣ кунам, моҳӣ агар бо об зинда бошад, ман бо савту суруд.
– Баъди хатми донишкада боди тақдир шуморо боз ба деҳа овард?
– Оре, дар мактаби зодгоҳ ба сифати омӯзгори мусиқӣ ба кор пардохтам.
– Чаро ба филармония ё дигар даргоҳи санъат нарафтед?
– Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон халал расонд. Ба ҷуз ин, дар замони мо барои аҳли ҳунар такядоре лозим аст. Яъне барои «ба рӯйи об баромадан»-и санъаткор, ба ҷуз истеъдод, маблағ низ лозим. Вале кор дар мактаб дер давом накард. Ғайричашмдошт мушкили нострификатсия ба миён омад. Инак, ба сабабҳои номаълум бори сеюм аст, ки аз нострификатсия гузашта наметавонам. 
Ба мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ ва мусиқӣ мисли Ғойиб Ашӯров мутахассисон лозиманд. Вале онҳо, бино ба сабабҳои гуногун, аз нострификатсия гузашта наметавонанд. Хатмкардаи як донишкадаи баобрӯ, бино ба як баҳонаи ночиз, дар мактаби таълими ҳамагонӣ дарс дода наметавонад. Бо чунин баҳонаҳо шӯри мактабҳои тоҷикӣ хушк мешавад, бекадр мемонанд.
– Шоири ҷавон аз шоирони бузург гирумон меомӯзад. Ин байт: «Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд» дар байни халқ машҳур аст. Ғойиб аз кадом устодони соҳа гирумон омӯхтааст, аз ҳунари навозандагию сарояндагии кадом ҳунарпешагон хушаш меояд?
– Дар ин ҷодаи ноҳамвор аз ҳунари навозандагию сарояндагии бузургворон Ҷӯрабек Муродов, Шералӣ Ҷӯраев, Муродбек Насриддинов ва Афзалшоҳ Шодиев хушам меояд. Сурудҳояшонро мехонам. Дар эҷоди сурудҳои нав аз онҳо гирумон меомӯзам.
– Яъне худ низ оҳанг месозед?
– Донишҳои дар донишкада омӯхта ва таҷрибаи андӯхтаам имкон медиҳанд, ки ба шеъри шоирон оҳанг бандам. Ба беш аз 10 суруд оҳанг бастам.
– Назари шумо ба ҳамкориҳои овозхону шоир.
– Басе мехостам, ки овозхону шоир ҳамкории табиӣ, яъне бевосита дошта бошанд. Гоҳо мешавад, ки онҳо ба воситаи касе ҳамкорӣ мекунанд. Шоирони қадим, мисли Рӯдакию Фирдавсӣ ва дигарон аз ҳунари мусиқӣ ва овозхонӣ вуқуфи комил доштаанд. Имрӯз ҳама чиз, аз ҷумла шеъру мусиқӣ, соҳавӣ шудаанд. Ин аст, ки ҳоло шоирони аз мусиқӣ ва овозхонони аз вазни шеър дур кам нестанд. Мусиқӣ дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ бояд на ба номаш, балки амиқ омӯзонида шавад.
– Мо–тоҷикону ӯзбекон аз миллатҳои бумии минтақаем. Ба қаробати ин ду халқ ҳар кас назари худро дорад. Шумо ба сифати омӯзгори мусиқӣ ва овозхони касбӣ доир ба дӯстии азалию абадии халқҳои тоҷику ӯзбек чӣ гуфтаниҳое доред?
– Ба сифати як нафаре, ки бо ҳунари мусиқию сарояндагӣ сарукор дорад, ҳамин қадар гуфтаниям, ки ин ду халқ, ба ғайр аз хешии наздик будан, дар ҳунари мусиқию овозхонӣ муштаракоти зиёде доранд. Бигирем, ҳунари классикии мусиқӣ ва овозхонии «Шашмақом»-ро. Сарфи назар аз забони суруд, аз ин санъат ҳар ду халқ як хел баҳра мегиранд. Созҳои миллии мо низ, мисли тор, дутор, танбӯр, доира, ғиҷҷак, чанг, най, карнай ва ҳоказо аз якдигар фарқ надоранд. Як мутахассиси соҳа метавонад ба фарзандони ҳар ду халқ дарси маҳорат омӯзад...
Моҳи марти соли сипаригардида бо ташаббуси сарони халқпарвари ду давлат гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шуданд. Навободиён, ки гузаштагонашон аз ноҳияи Мастчоҳи ҷумҳурии ҳамсоя маскуни ноҳияи Бӯка гардидаанд, ин иқдомро хеле хуш пазируфтанд. Ҳоло ба тӯю маъракаҳои якдигар бе виза рафта меоянд...  
– Шумо китоби бадеӣ мехонед? Аз нигоҳи шумо имрӯз вазъи мутолиаи китоб дар байни ҷавонон чӣ хел аст?
– Китоб мехондам, имрӯз низ ҳавсалаи китобхонӣ пир нашудааст. Вале зиндагӣ водор месозад, ки пайи ризқу рӯзӣ давед, ба ҷевони китобҳо бо чашми ҳавас нигаред ва аз муаллифонашон барои вақту фурсат наёфтан узр пурсед. Бо вуҷуди ин, соле панҷ-шаш китоби бадеӣ мехонам. Ба тарбия бисёр чиз вобаста аст. Насли наврасро дар рӯҳи китобхонӣ тарбия кардан натиҷаи матлуб мебахшад. Роҳбари кишварамон амиқ дарк кардааст, ки танҳо инсони соҳибмаърифат ва мутахассис метавонад ба пешрафти давлату ҷамъият саҳм гузорад.
Ба суҳбат дар ин ҷо нуқта гузоштем. Мисли Ғойиб Ашӯров дар ҷумҳурӣ овозхонҳои тоҷики касбиву ғайрикасбӣ кам нестанд. Мутахассисони соҳа хеле хуб медонанд, ки тарвиҷи ҳунар ба дастгириву рағбатноксозӣ вобастагии зиёд дорад. Вақти он расидааст, ки ба парвариши истеъдоди онҳо рӯйи эътибор гардонда шавад. Вагарна ҳавсалаашон пир мешавад, маҷбур мешаванд, ки аз шеъру суруди тоҷикӣ рӯ гардонанд. Ҳол он ки шефтагони савту сурудҳои тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ кам нестанд.

Мусоҳиб
А. СУБҲОНОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: