САДОЕ, КИ АЗ ШОИСТА МОНД

Дар инкишофи суруду таронаҳои классикиву замонавӣ, аз ҷумла “Шашмақом”, ки дурдонаи бебаҳои мусиқии аҷдоди мост, мусиқор, овозхон ва раққосаҳое ҳам, ки баромадашон яҳудии бухороист, ҳиссаи муносиб гузоштаанд.

Дар инкишофи суруду таронаҳои классикиву замонавӣ, аз ҷумла “Шашмақом”, ки дурдонаи бебаҳои мусиқии аҷдоди мост, мусиқор, овозхон ва раққосаҳое ҳам, ки баромадашон яҳудии бухороист, ҳиссаи муносиб гузоштаанд. Малика Қаландарова, Берта Давидова, Изро Малаков, Барно Исҳоқова, София Бадалбоева, Муҳаббат Шамаева барин шахсиятҳои маъруф ситораҳои тобнок ва маликаҳои ҳунар дар боргоҳи санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор мерафтанд. Дигар аз ҳунарварони номӣ – Шоиста Муллоҷонова, ки ҳоло мехоҳем дар борааш чанд сухан ронем, садои ба худ хос дошт, санъати сарояндагии моро берун аз диёрамон низ тарғиб месохт. Ончунон тоҷикона иҷро мекард, гумон менамудед тоҷики асл...
Вай соли 1925 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) таваллуд ёфтааст. Номи ҳақиқиаш – Шушан. Навозишомез ӯро Савсан низ меномиданд. Падару модараш (Рубен ва Сивиё) дилбохтаи таронаҳои мардумии тоҷик буданд. Аз даврае, ки духтари хурдсол буд, ӯ ба мусиқӣ ошно шудаву ба рақсу таронахонӣ майл намуд. 
Дар шонздаҳсолагӣ ба ансамбли дуторнавоздухтарони назди Филармонияи Тоҷикистон қабул гардид. Баъд аз он, ки баробари дуторнавози хуб будан сарояндаи хушовоз ва ба эҳтироми хос шоиста буд, Шушан не, Шоиста меномидагӣ шуданд.


Шоиста соли 1943 омӯзишгоҳи занонаи мусиқии Сталинобод, соли 1953 Консерваторияи Маскавро ба итмом расондааст.
Ба ӯ гуфтанд, ки ё дар Маскав  ё дар Тошканд фаъолият оғоз намояд. Вале вай Душанберо интихоб намуд. 
Душанбе сарояндаи ҷавонро хуш истиқбол кард. Шароити хуби корӣ барояш фароҳам гардид. Бо манзил таъмин намуданд.
Ҳарчанд дар Тоҷикистон кору эҷод мекард, ба ватани аҷдодӣ – Ӯзбекистон меҳри ҷудогона дошт. Модараш Сивио Давидова зодаи Самарқанд буду падараш Рубин Муллоҷонов фарзанди Бухорои шариф. Соле қабл аз ба дунё омадани ӯ (1924) волидонаш бо фарзандони калонӣ Риби, Леви, Ишохор, Роза ва Зулай ба Душанбе кӯчида буданд.
Аъзои оила ба санъат сарукор доштанд. Мегӯянд сарояндагӣ ба Шоиста аз модараш, ки овози марғуб дошт, гузаштааст. 

Нақл мекунанд вақте Шоиста дар радио месароид, мардум ҳама кори худ гузошта, гӯшу ҳуш мешуданд. Бештар дар ҳавои таронаҳои мардумӣ месароид, орзуву ниятҳои поки заҳматкашони саҳроро тараннум месохт. Чунон бадард нолаҳо мекард, дили онҳое, ки ғарибӣ ва рӯзҳои сахт аз сар гузарондаанд, об мегашт.

Шоиста дар таркиби ансамбли бонувони дуторӣ соли 1945 ба Эрон рафт. Аз бухориёни сокини он мамлакат сар карда, то соҳиби тоҷу тахт – Ризошоҳ баромадҳояшро бо мароқ шуниданд, ба ҳунари волояш аҳсант хонданд.
Моҳи майи ҳамон сол, ба муносибати Пирӯзии бузург аз болои фашизм, “Иди Зафар” ном таронаи ӯ (шеъри Боқӣ Раҳимзода, оҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ) дар Боғи истироҳатии Душанбе бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ танин андохта, қалби дӯстдорони савту наворо ба ҷӯш овард.  
    
Фаъолияти ҳунарварии Шоиста Муллоҷонова дар Театри опера ва балети ба номи Айнӣ низ қобили таваҷҷуҳ сурат дошт. Вай дар операи А. Ленский “Тоҳир ва Зуҳро” нақши Маҳинро, дар “Шӯриши Восеъ”-и С. Баласанян нақши Гулизорро, дар “Арӯси шоҳ”-и Римский-Корсаков нақши Марфаро бо маҳорати том офарид. Ҷуз арияҳо таронаҳои “Шашмақом”, айни замон, аз ҷониби ӯ хотирангез ба иҷро расонда мешуданд.

Номбурда аввалин санъаткорзани Тоҷикистон мебошад, ки ҳануз дар бистсолагӣ  “Артисти хидматнишондодаи Тоҷикистон” гардидааст. Баъдтар бо унвони ҳунарпешаи мардумӣ, соли 1957 бо унвони “Ходими хидматнишондодаи санъати СССР” сазовор гашт.
Давраи тиллоии фаъолияташ солҳои 50-70-ум буд.Нафақат бо тоҷикӣ, балки бо забонҳои гуногун таронаҳо ба иҷро мерасонд. Ба Ҳиндустон, Индонезия, Финландия, Фаронса, Нидерланд, Дания, Таиланд сафарҳои ҳунарӣ ва санъати тоҷикро дар он кишварҳо тарғиб намуд.
Соли 1975 муаллимаи калони Институти санъати Тоҷикистон таъин гашт. Баъди аз институт рафтан низ дар тарбияи истеъдодҳои ҷавон саҳм гирифт, сарояндагӣ давом дод.   
***
Шоиста Муллоҷонова соли 1946 Ефрем Беняевро ба шавҳарӣ пазируфт. Онҳо то соли 1999 (то дунёи фониро падрудгӯии Ефрем) ба як болин сар ниҳоданд. Се фарзанд ёфтанд: Анна, Неъмат ва София.

Овозхони маъруф соли 1991 дар Ню-Йорк зиндагӣ ихтиёр намуд. Узви ансамбли “Шашмақом” гардид, ки Фотима Куинова ташкил карда буд. Баъд ба ансанбли “Мақом” гузашт, ки онро шавҳари дигар аз овозхонҳои номвар Муҳаббат Шамаева – Илёс Маллаев сарпарастӣ менамуд.
Охири моҳи апрели соли 2010 дар консулгарии Русия дар ИМА Шоиста охирин бор яке аз беҳтарин сурудҳои худ – “Таронаи Зафар”-ро, ки 65 сол қабл дар Душанбе суруда буд, ба самъи шунавандагон расонд. Ҳамон тару тоза ва дилошӯб буд ба назар садои ин сарояндаи нотакрор, ки ба торҳои эҳсос нохун мезад.
26 июни ҳамон сол вай аз дунё гузашт. Дар қабристони яҳудиёни Лонг-Айланди Ню-Йорк ба хоби абад рафт. Вале беҳуда нагуфтаанд, ки “ҳамон садост, ки мемонад”. Бо савту сурудҳои дилангез вай ҳануз зинда.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: