САДОИ БЕҲАМСАДО

(Барои Мӯҳсин Умарзода)

Балои ҷони аъдо буд дар байни бало як умр,
Садояш буд гиро гар набудаш ҳамсадо як умр.
Пайи пойи варо ҳар он касе, ки рӯфтан мехост,
Ба пояш по ба по мерафту мезад пушти по як умр.
Нашуд аз асли худ бегонаву бегонапарвар низ,
Агарчи зиндагонӣ кард бо бегонаҳо як умр.
Нидо мекард ӯ бар гӯши ҳар тоҷик, агарчи буд
Дур аз туғёни рӯди чашмаҳои бесадо як умр.
Чу ғаввосе фурӯ рафт ӯ ба баҳри таърихи миллат,
Бурун овард з-он бас дурру гавҳар баҳри мо як умр.
Раҳи худро намуда интихоб аз байни садҳо роҳ,
Агарчи роҳзанҳо буд ӯро раҳнамо як умр.
Миёни дашти хушке буд ӯ ҳамчун дарахти сабз,
Ситорасӯхтагонро буд ахтар дар само як умр.
Нишону номи миллат то ки боқӣ дар ҷаҳон монад,
Барои ташнагони илм буд оби бақо як умр.
Адо мекард ҳар коре, ки меомад чу аз дасташ,
Барои ганҷи аз кафрафта буд обу адо як умр.
Зи бас «Овози тоҷик» минбари розу ниёзаш буд,
Намуд ӯ тоҷики бехуд бо худ ошно як умр.

БОЯД ЗИСТ

Зиндагӣ ранҷу азоб аст, вале бояд зист,
Дил зи ғам гарчи кабоб аст, вале бояд зист.
Обат аз чашма гилолуд биёяд, чӣ кунӣ?
Чашм гар ҳавзи пуроб аст, вале бояд зист.
Хор дар пои дилат мехаладу мегардӣ,
Ҷон агар дар табу тоб аст, вале бояд зист.
Гаҳ ба оташ занаду гоҳ ба обат дунё,
Дил аз ин гарчи хароб аст, вале бояд зист.
Заҳр мехӯрию иҷборӣ шакар мегӯӣ,
Ҷумла з-ин расм қимоб аст, вале бояд зист.
Даст агар дар таги санг аст, шикебо мебош,
Пой гарчи ба халоб аст, вале бояд зист.
Ҳар нафас марги умеде ба дили худ бинӣ,
Гарчи ин умр сароб аст, вале бояд зист.
Бар сарат тири бало борад агар аз пасу пеш,
Гарданат гар ба таноб аст, вале бояд зист.
Гарчи дар майкадаҳо соғару мино холист,
Дар раги ток шароб аст, вале бояд зист!

Абдулло РАҲМОН
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: