Садои кӯҳ

Писарак ва падараш аз миёни кӯҳҳо мегузаштанд.

Ҳикоят
Писарак ва падараш аз миёни кӯҳҳо мегузаштанд. Ногаҳон пойи писарак ба санге бархӯрда ба замин афтод ва фарёд кашид: «Оҳ-ҳ!» Дарҳол садое аз кӯҳ шунид, ки мегуфт: «Оҳ-ҳ!»
Писарак бо кунҷкобӣ фарёд зад: «Ту кистӣ?» Аммо посух боз ҳамон буд, ки мегуфт: «Ту кистӣ!»
Ин моҷаро ӯро асабонӣ карда боз фарёд зада гуфт: «Ай тарсончак!» Посухи кӯҳ ҳам чунин буд: «Ай тарсончак!»
Писарак, ки бисёр ба тааҷҷуб афтода буд, ба падараш нигоҳ карду гуфт: «Падарҷон, чӣ иттифоқе аст ин ҷо?» Падар лабханде заду фарёд кард: «Офарин ба ту!» Кӯҳ садо дод: «Офарин ба ту!» Падар боз фарёд зада гуфт: «Ту беҳтаринӣ!» Посухи кӯҳ ҳам ҷуз ин набуд, ки гуфт: «Ту беҳтаринӣ!»
Писараки дар тааҷҷубафтода ҳанӯзам нафаҳмида буд, ки ин ҷо чӣ сирре аст. Падар ин иттифоқро барояш ин гуна тавзеҳ намуд: «Мардум ин падидаро акси садо мегӯянд, аммо дар ҳақиқат ин «зиндагӣ» аст.
Зиндагӣ, ҳар чиро бидиҳӣ, бар ту ҳамон баргардонад. Зиндагӣ оинаи аъмоли корҳои неки туст. Агар меҳрбонии бештар мехоҳӣ, бештар меҳрбон бош. Агар эҳтиром ва бузургӣ мехоҳӣ, инро дарк кун ва эҳтиром бигзор. Агар мехоҳӣ мардум нисбати ту муаддаб (боадаб) бошанд, адаб дошта бош. Зиндагӣ ҳар чӣ ба ӯ бидиҳӣ, ба ту бармегардонад. Ба ҳар кас хубӣ кунӣ, дар ҳаққи ту хубӣ хоҳад шуд. Зиндагии ту ҳосили як тасодуф нест, балки оинае аст, ки инъикоси корҳои худатро ба ту бармегардонад.

Таҳияи А. ДУРАНДЕШ.

Аз ҳаёти адибони ҷаҳон

Мегӯянд, ки чун Михаил Лермонтов ба дунё омад, доя ҳамон лаҳза гуфт, ки ин писарбача марги ғайримаъмулӣ дорад. Бибиаш Елизавета Александровна, ки намояндаи сулолаи сарватманд буд, бо тарбияи Миша машғул гардид. Маблағи таҳсили набераашро, ки андак набуд, ӯ пардохт менамуд ва наберааш тӯли 16 сол бо вай умр ба сар бурд.
***
Лермонтов ба ҷуз адабиёт ба риёзиёт низ рағбат дошт, хуб расм мекашид.
***
Лермонтов бо густохӣ ва шӯхиҳои худ, ки ҳама сарҳадотро убур мекард, ном бароварда буд. Барои ҳамин хислаташ дар ҷамъиятҳо ӯро дӯст намедоштанд. Ҳалокати шоири петербургиро аксарият бо чунин суханон пазируфтанд: «Сазои сараш...», «коштаашро даравид».
***
Дар умри начандон тӯлонии худ (ҳамагӣ 26 сол) классики адабиёти рус дар чаҳор дуэл ширкат варзид.
***
Ҳангоме ки ба Лермонтов зарурати интихоб омад: дар Пятигорск бимонад ё ба хидмат биравад, ӯ ба танга эътимод намуд. Баъди ба осмон ҳаво додан танга нишон дод, ки дар Пятигорск бимонад ва дар ҳамон ҷо бо гузашти 1 сол дуэли маргбори ӯ бо Мартинов рух дод.
Мартинов нишонзани моҳир набуд ва ҳама гумон доштанд, ки тираш хато меравад, аммо ин дафъа чунин нашуд. Тир рост ба синаи Лермонтов зад. Шӯхии хунуки Лермонтов нисбат ба Мартинов сабаби охирин дуэл гардид.
***
Ҳаёти Лермонтов аз тасодуфҳои фоҷиабор пур буд. Бобобузургаш дар паси мизи солинавӣ даст ба худкушӣ задааст, падарашро аз хона пеш карда буданд, модараш дар ҷавонӣ ногаҳон вафот карда буд.

Таҳия ва тарҷумаи А.КОМРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: