САДОҚАТ

Вафои ду дӯст

Як ифода, тамсил, тасвир ё ҳодисаро дар чанд асари Навоӣ метавон дучор кард. Дар боби 35-уми «Ҳайрат-ул-аброр»-и Навоӣ ҳикояти аҷибе оварда мешавад. Дар ин ҳикоят, ки бо ифодаи «шунидам, ки» оғоз меёбад, воқеае мавриди нақл қарор мегирад, ки дар вақти Ҳиндустонро ба тасарруфи худ даровардани Амир Темур рӯй додааст. Ҷаҳонгир ҳамон вақт ба аз дами шамшер гузарондани душманонаш амр медиҳад. Яке аз сипоҳиёни амир аз асп фуруд омада, шамшер аз ғилоф мекашад ва барои қатли яке аз дӯстон азм мекунад. Ин ҳангом дӯсти дуюм мегӯяд:
Ким санга мақсуд агар 
бош эрур,
Қӯй ани, бу бош анга 
подош эрур.
Шарҳи маънӣ: «Агар мақсадат сарзанист, ӯро ба ҳоли худ гузор, сари маро бигир. Бигузор, сари ман ба ӯ армуғон гардад». Ин мегӯяд ва сар ба зери шамшер мегузорад. Қотил вақте ба дуюмӣ рӯ меоварад, якумӣ низ ин гапро гуфта сар ба зери шамшер мегузорад. Сипоҳӣ тасмим мегирад, ки ҳар дуро қатл намояд ва вақте барои сар задан ҳамлавар мешавад, дӯстон ба навбат ин сухан такрор мекунанд:
Ким мени қатл айла бурун, 
тез бӯл,
Токи мен ӯлгунча тирик 
бӯлсин ул.
Шарҳи маънӣ: «Сари маро пештар бур, тез бош, ки то ба ҳалокат расидани ман ӯ зинда монад». Баҳс чанд муддат давом мекунад. Ин ҳангом хабари хуше интишор меёбад, ки фармони шоҳ доир ба аз дами теғ гузарондани мардум бекор карда шуд.
Агар баҳси дӯстон доир ба дифои якдигар сурат намегирифт, шояд дар ин фосила ҳамроҳи онҳо чанд каси дигар низ шаҳди маргро мечашиданд. Пас, ба туфайли садоқати зиёд ба дӯстӣ ин ду ҷавон сабаби аз марг дар амон мондани чанд тани дигар мешаванд:
Фош этиб ул сидқу 
муваддат ҳавос,
Ҳам элу ҳам ӯзлари бӯлди 
халос.
Шарҳи маънӣ: «Дӯстиву садоқати ду нафар ҳам худашон ва ҳам мардумро аз марг наҷот дод».
Навоӣ, ҳатто ишора мекунад, ки амир ба шарофати садоқати ду ёри вафодор фармони худро бекор кард. Ва худаш низ орзу мекунад, ки эй Навоӣ, агар Худо ба ту чунин дӯст армуғон намуд, ту низ барои ӯ сару ҷонатро фидо кун:
Берса, Навоий, 
санга ёре Худо,
Сен доғи қил бошингу 
жонинг фидо.
Навоӣ беҳуда ин ғояро тарғиб наменамояд. Ӯ мехост дар байни халқ низ чунин садоқат ташаккул ёбад. Ин гуна садоқат имрӯз низ чун обу ҳаво зарур аст.
Вожаи «ёр» танҳо маънои ошиқу маъшуқро надорад. Дареғ, ки баъзе адабиётшиносон ибораи «ду ёри вафодор»-ро, ки аз ин ҳикоят бармеояд, на ба маънои «дӯст», балки ба маънои «дӯстдоштагон», ки яке «ҷавонписар» асту дигаре «духтар» талқин намудаанд.
Бигирем, маънои вожаи «ёр» дӯст аст, вале чӣ хел собит менамоем, ки дар ин ҳикоят сухан дар бораи ҷавонмардест?
Соли 1981 аз ҷониби профессор Ҳамид Сулаймон зери номи «Дастнависҳои бадеии осори Алишер Навоӣ» маҷмӯи суратҳои бино ба дастхатҳои Навоӣ кашидашуда рӯйи чопро дид. Ҳашт сурати ин маҷмӯа зери номи «Нақшҳои бино ба ду ёри вафодори ҳикоя коркардшуда» эълон гардид. Дар рӯйихат гуфта мешавад, ки ин сурат дар замони Навоӣ — соли 1492/93 аз дастхати «Хамса», ки онро хаттот Султоналии Машҳадӣ кӯчондааст, гирифта шудааст. Ин дастхат дар китобхонаи шоҳигарии Виндзори Англия нигоҳдорӣ мешавад.
Дар он нақш қатлиоми дар Ҳиндустон бавуқӯъпайваста тасвир ёфтааст. Ҳодиса дар кӯча рӯй медиҳад. Занон аз дарун — бому панҷараҳо ин хунрезиро дида фиғон бардошта истодаанд. Дар байн ду ҷавонмард ба сипоҳии аспсаворе, ки шамшер аз ғилоф кашидааст, хоҳиш карда истодаанд: «Аввал маро бикуш, аввал маро бикуш!» Дар баъзе шарҳҳои ҳикояти мазкур, ки дар «Ҳайрат-ул аброр» омадааст, масъалаи нозуке нодуруст талқин ёфтааст. Тавре ки Навоӣ навиштааст, хабари ба якдигар ҷон фидо кардани ду ёр ҳанӯз ба амир нарасида, Худо дар қалби подшоҳ фикри эълони афвро андохта буд. Ин ҳақиқат аст. Аммо дар баъзе таҳлилҳо омадааст, ки: «Амир Темури дар баробари ин вафодории бемисл лолмонда, ду ёри вафодор ва тамоми халқро афв намуда, фармони худро доир ба қатлиом бекор кард». Фикр мекунам, ки ин талқини нодуруст аст.
Далели дигаре низ ҳаст, ки ҷавонмард будани ҳар ду ёри вафодорро собит менамояд. Дар боби 25-уми «Садди Искандарӣ» низ дар бораи аз якдигар пештар марг хостани ду дӯст ҳикоя карда мешавад. Ҳарчанд сарлавҳа «Ду ёр» унвон гирифтааст, дар яке аз байтҳо онҳо «ду рафиқ» низ номида шудаанд, дар байти охир шоир вожаи «рафиқ»-ро низ ба кор бурдааст.
Ҳикоят дар ин ҷо дигархелтар баён мегардад. Дар байни Чингизхону Хоразмшоҳ адоват пайдо мешавад ва ин моҷаро сабаби хунрезии зиёд мегардад. Чингизхон дар ин ҷанг пирӯз меояд ва аҳолии кишварҳои забтнамудаашро аз дами теғ мегузаронад. Дар мамлакати Шом ду рафиқ ба дасти кофир асир афтода буданд. Ҳар кадоми онҳо илтиҷо мекунанд, ки қотил аввал даст ба қатли ӯ занад. Ин мегӯянд ва сари худ ба дами шамшери қотил мегузоранд:
Тилаб ҳар бири айламак
  ибтидо,—
Ки жонин яна бирга қилғай 
фидо.
Шарҳи маънӣ: «Ҳар кадом хост ҷонашро ба якдигар фидо созад».
Бу ҳолатда қотил чекиб 
тиғи қатл,
Бирисига қилди аён биғи қатл.
Шарҳи маънӣ: «Қотил дар ин ҳолат теғи қатл аз ғилоф кашида, ба яке аз онҳо таҳдид кард».
Яна бир бошини очиб,
 этмай ҳарос,
Аён айлади ёлвориб илтимос.
Шарҳи маънӣ: «Боз дигаре сарашро кушода, бебокона, аз ӯ илтиҷо кард, ки аввал ӯро бикушад».
Ки: «Аввал менинг бошима 
тиғ сур.
Чу мен ӯлдум, ул дам анинг 
бӯйнин ур!»
Шарҳи маънӣ: «Аввал ба сари ман теғ зан, баъди мурдани ман ба гардани ӯ теғ каш».
Ин ҳодисаро, ки дар Шом рух медод, Чингизхон дар хоб мебинад. Касе дар хоб ба ӯ мегӯяд: «Аз ин ду дӯсти содиқ ибрат бигир ва аз баҳри озор додани халқ баро!» Чингизхон аз хоб бедор шуда, фармони қатлиомро бекор мекунад.
Ин хабар ба гӯши ҳамон қотиле, ки дар Шом ду дӯстро ба қатл расонданӣ буд, мерасад. Сарбоз, бе ин ҳам, аз ин ҳодиса ба риққат омада буд. Вақте амри Чингизхон мерасад, асиронро аз банд озод мекунад.

Дунёро некӣ наҷот медиҳад

Дар хоби Чингизхон он шахс ба ӯ гуфта буд: «Вақте ду дӯст ба якдигар ин қадар садоқат нишон медиҳанд, оё бар асари  адоват дунёро хароб кардани ду шоҳ дуруст аст?» Шоир доир ба ҳиммати ду дарвеш, яъне ду дӯсти вафодор, ки ба нест кардани адовати ду шоҳ саҳм гузоштаанд, менависад:
Икки шоҳ чун бӯлдилар кинахоҳ,
Жаҳон аҳли бӯлди 
саросар табоҳ.
Шарҳи маънӣ: «Бар асари кинахоҳии ду шоҳ ҳоли аҳли ҷаҳон табоҳ гардид».
Вале икки дарвешнинг 
ҳиммати,
Мувофиқлиғи юмну хосияти.
Шарҳи маънӣ: «Аз ҳиммат ва  шарофату хосияти ду дарвеш...»
Ки қилдилар ийсор жони азин,
Кӯтарди жаҳон аҳлидин 
тиғи кин.
Шарҳи маънӣ: «Аз он ки ҷонҳои худро ба якдигар бахшиданд, кинаву теғи ҷанг аз байн рафт, халқ аз қатли ом наҷот ёфт».
Дар ин ду ҳикоят низ, ки асоси воқеӣ доранд, Навоӣ ба ақидаи худ — ҷавоби некӣ некист, содиқ мемонад.
Ҳақ бар ҷониби Навоист, ки гуфта: дунёро танҳо некӣ наҷот медиҳад!

Султонмурод ОЛИМ,
Ходими шоисати фарҳанги Ӯзбекистон.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: