САДОҚАТ БА ЭКРАН

Арбоби маъруфи санъати кино Комил Ёрматов дар зиндагӣ ва эҷодиёти худ давомдиҳандаи анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳое буд, ки аҳли адаб ва илму ҳунари тоҷику ӯзбек ҳанӯз дар асрҳои миёна ба он пояи боэътимод гузоштаанд.

Ин анъанаҳо дар қисмати таърихии ин ду халқи ҳамҷавор нақши муҳим бозидаанд. Осори адабию ҳунарӣ ва илмии онҳо алҳол ганҷинае дар ҳаёти маънавии халқҳои мост. Комил Ёрматов низ зодаи Конибодоми Тоҷикистон аст, дар рӯҳи ҳамин анъанаҳо тарбия дида буд.

Вақте саҳифаҳои дӯстию ҳамкории кинематографистони ду ҷумҳуриро варақ мезанем, мебинем, ки мавсуф дар инкишофи кинои миллии ҳар ду ҷумҳурӣ саҳми беназир гузоштааст! Аз таҳқиқи роҳи эҷодии ӯ бармеояд, ки умри вай – чӣ дар Тоҷикистону чӣ дар Ӯзбекистон – ба офаридани кинои замони нав, кинои инқилобӣ, кинои фикру эҳсосоти баланд ва созандаи ҳаёти нав бахшида шудааст.
Комил Ёрматов дар Конибодом ба воя расида, дар он ҷо мактаби русиро хатм кард. Сипас чун ҷанговари полки якуми мусулмонӣ соли 1920 ба Бухоро рафта, дар инқилоби Бухоро иштирок намуд. Ба Конибодом баргашта, ҳамчун сардори отряди милитсия бо душманони синфӣ мубориза бурд. Нависандаи рус Леонид Соловёв, муаллифи китоби машҳури «Қиссаҳои Хоҷа Насриддин», ки Осиёи Миёнаро cap то по қадам зада буд, дар асари худ «Аз китоби ҷавонӣ» вохӯриҳояшро бо Комил Ёрматов ба қалам дода, аз он ба ҳайрат меояд, ки ин ҷавони қоматбаланду зебоандом ва ваҷоҳаташ ҷиддӣ доимо дар ҳарбу зарб бо дастаҳои душман буд ва ҳар дафъа сиҳату саломат бармегашт. Дар соатҳои дамгирӣ Комили ҷавон ояндаи худро фикр мекард ва дар яке аз ҳамин гуна лаҳзаҳо пай бурд, ки ба театр ва кино шавқу рағбат дорад. Ин фикр ӯро ором намегузошт.
Комил Ёрматовро барои таҳсил ба Донишкадаи муҳандисони роҳи оҳани Маскав мефиристанд. Муҳити ҳунарии Маскав, музею театр, филмҳои аҷоиб фикру эҳсоси ҷавони тоҷикро бедор менамуданд. Тасодуфан дар пеши толори кинотеатри «Арс» Комили донишҷӯро дида мондани ассистенти коргардони машҳур Владимир Гардин ва иҷрои нақши афсари гвардияи сафед дар яке аз филмҳои ин коргардон тақдири ӯро ҳал намуд. Вай мафтуни олами афсунгари кино гардид. 
Фикру ҳиссиёти онвақтаи худро ӯ дар яке аз мақолаҳояш ин тавр ифода кардааст:
«Ман бо тамоми вуҷудам асрори ин забони бузурги беовозро донистан мехостам (кино ҳанӯз овоз надошт. – А.А.) ва ҳамон вақт дар дилам орзуе пайдо шуд, ки бо дастони худам, бо дилу шуури худ филмҳо офарам. Ман медонистам, ки ин филмҳо дар бораи чӣ бояд ҳикоят намоянд... 
Дар бораи мардонагӣ ва қаҳрамонии сарбозони инқилоб, ки барои бахту саодати халқ ҷангидаанд...
Дар бораи обе, ки деҳқонон вайро ҳеҷ вақт надоштанд...
Дар бораи заминҳое, ки онҳо вайро бо арақи ҷабинашон обёрӣ мекарданд...
Дар бораи фаранҷӣ, ки асрҳои аср занро дар зулмат нигоҳ медошт ва нури ҳаёти навро аз вай пинҳон мекард...».
Комил Ёрматов ба ин гуфтаҳояш то охири умр содиқ монд. Тамоми фаъолияти эҷодии ин ҳунарпеша ва коргардони барҷаста ба амалӣ намудани ҳамин нияту орзуҳояш бахшида шуд.
Ба олами кино Комил Ёрматов ҳамчун ҳунарпеша ворид гардид. Ҳанӯз дар охири солҳои 20-ум ӯ дар як қатор филмҳои беовози ӯзбекӣ, ба мисли «Шағолҳои Равот», «Аз зери тоқҳои масҷид», «Беки охирин» нақшҳои асосӣ ва хотирнишинро бозидааст. Дар факултети режиссёрии Донишкадаи давлатии кинематография (ГИК) Комил Ёрматов аз устодони кино Лев Кулешов, Сергей Эйзенштейн ва дигарон ҳунари филмофариро омӯхт. Соли 1931 ӯро ба «Тоҷиккино» фиристоданд. Он айёме буд, ки студияи филмгирӣ дар Душанбе акнун қомат рост мекард, асоси моддию техникиаш суст буд ва ба кадрҳои эҷодӣ эҳтиёҷи зиёд дошт. Комил Ёрматов нахустин коргардони миллӣ буд, ки дар кинои тоҷик ба кори эҷодӣ шурӯъ намудааст.
То ба Душанбе омадани ӯ фаъолияти «Тоҷиккино» асосан аз истеҳсоли филмҳои мустанад ва киножурналҳо иборат буд. Замон тақозо дошт, ки филмҳои бадеӣ низ офарида шаванд. Тавассути филмҳои бадеӣ тасвир намудан ва ба муҳокимаи тамошобин пешниҳод намудани муаммоҳои тезутунди рӯзгор, ки дар атроф ҷӯш мезад, вазифаи муҳими мафкуравӣ буд, ки ба ҳалли он Комил Ёрматов таъҷилан қадам гузошт. Филми начандон калонҳаҷми ҳуҷҷативу бадеии «Ҳуқуқи бошараф» (1932) қадами нахустини коргардонии ӯ буд, бинобар ин аз рӯйи он ҳанӯз дар бораи маҳорати офаранда ҳукм баровардан барвақт буд. Дар филм барои ҳимояи Ватан ба сафи Армияи Сурх даъват гардидани ҷавонони миллӣ аксар бо унсурҳои соддаи ташвиқотӣ, бидуни фикру муқоисаҳои образнок инъикос меёфт.
Ҷозибаи тасвир ва диди режиссёрии Комил Ёрматов дар ду филми бадеии ӯ — филми беовози «Муҳоҷир» ва филми овоздори «Дӯстон аз нав вомехӯранд» – бештар ба чашм мерасанд. Ҳарду филмро метавон комёбии эҷодии кинои ҷавони тоҷик дар солҳои 30-юм шумурд. К.Ёрматов дар филми «Муҳоҷир» (1934) ду вазифаро адо мекард: ҳам таҳиягар, ҳам иҷрокунандаи роли қаҳрамони асосӣ – Комил буд. Нахустин бор дар экран образи зани тоҷик — Марям (ҳамсари Комил) пайдо шуд, ки он нахустин нақши София Тӯйбоева дар кино ба шумор мерафт. «Муҳоҷир» ҳикояте буд дар бораи бунёди колхозҳо, мубориза бо душманони ҳаёти нав, банди ҳилаву найрангҳои онҳо шудани Комил ва ниҳоят бунёдгари сохти колхозӣ гардидани ӯ. 
Ба филми «Дӯстон аз нав вомехӯранд» низ ҳамин гуна услуб ва диди вусъатноки воқеият хос аст. Филм бо воқеаҳои ҷанги гражданӣ оғоз ёфта, бо тасвири садоқати қаҳрамонон ба зиндагии нав ва фош кардани хиёнаткориҳои ҷосусони хориҷӣ хотима меёбад. Дар ин филм нафаси айём эҳсос мегардид ва аз ин рӯ, ташвиқу тарғиби он низ бештар буд. Рӯзномаи «Комсомолская правда» пас аз ба экран баромадани филм гӯшаи доимие бо номи «Дӯстон аз нав вомехӯранд» кушод, ки маводҳои он тарбияи инсони нав ва ҳиссиёти ватандӯстиро тарғиб менамуданд. Ҳар ду филми тоҷикии Комил Ёрматов таҷассуми мубориза барои сотсиализм буданд.
Туфайли ин филмҳо мавқеи Комил Ёрматов дар кинои тоҷик мустаҳкам гардид. Ӯро акнун ҳамчун коргардони соҳибистеъдод мешинохтанд, вай дар ҳаёти мадании ҷумҳурӣ обрӯю эътибор пайдо кард. Алалхусус дар Маскав эҳтироми зиёд дошт. Баъди филми «Дӯстон аз нав вомехӯранд» сазовори унвони Ходими шоистаи ҳунари РСС Тоҷикистон ва ордени «Нишони фахрӣ» гардид. Албатта, роҳе, ки Комил Ёрматов дар санъат тай менамуд, ҳамеша гулпӯш набуд. Дар Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав (апрели соли 1941) Комил Ёрматов роҳбари бадеии Даҳа буд. Ёрматов роҳи Маскавро пеш гирифт. Раиси Комитети кинематографияи назди ҳукумати СССР И. Болшаков Комил Ёрматовро дастгирӣ намуда, ӯро ба вазифаи режиссёри дараҷаи олӣ гузаронид ва роҳбари бадеии киностудияи Тошканд таъин кард. Ҳамин тавр, ин фармон нисбати Комил Ёрматов одилона сурат гирифт, лекин нисбати кинои тоҷик чораи қатъиро низ дар назар дошт: ба сабаби набудани кадрҳои миллӣ истеҳсоли филмҳои бадеӣ дар киностудияи Сталинобод баста шуд. Кинои тоҷик аз пешрафт ба муддати 15 сол бозмонд.
Оғози фаъолияти коргардонии Комил Ёрматов дар киностудияи Тошканд ба солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон рост омад. Бо сабаби маҳдуд карда шудани миқдори филмҳои бадеӣ Ёрматов ба наворгирии филм-консертҳо машғул гардид. Баъди хатми ҷанг ва фаро расидани даврони осоишта, ӯ ба жанру мавзӯъҳое, ки хамеша орзу мекард, рӯ меорад. Асарҳое, ки минбаъд офарида шуданд, чӣ дар кинои ӯзбек ва чӣ дар кинои шӯравӣ арзишманд буданд.
Филмҳои таърихиву тарҷумаҳолии Комил Ёрматов «Алишер Навоӣ» (1947), «Абӯалӣ ибни Сино» (1956) ва «Дар байни мардум танҳо» («Нодирабегим», 1973) барои тарбияи хотираи таърихии тамошобин хидмати беандоза намуданд, ҳисси таърихфаҳмии ӯро афзуданд, доираи донишашро вусъат доданд. Дар ҳар се филм мо зиддияти қадимаи таърихӣ – шоҳ ва шоирро мебинем, ки он бар беадолатиҳои хукмрон ҳамеша ғолиб омадани каломи шоир (арбоби ҳунар, олим, мутафаккир)-ро ифода мекунад. Ҷозибаи миллии ин филмҳо ба дараҷаест, ки онҳоро аз дигар асарҳои кинои таърихиву тарҷумаиҳолии даврони шӯравӣ ҳатман фарқ мекунед. Дар филмҳои таърихиву инқилобии «Тӯфон дар Осиё» ва «Саворагони инқилоб» низ ҳамин гуна хусусияти миллӣ эҳсос мешавад.
Донистани таърих ва маданияти ду халқ, махсусан дар вақти ба навор бардоштани филмҳои бахшида ба Алишер Навоӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Нодира ҳамчун силоҳи пурқуввати афкори режиссёрӣ ба кор омаданд. Ҷараёни таъсири анъанаҳои як маданият ба маданияти дигар дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» равшантар ба чашм мерасад. Иштироки адиби таърихнигори тоҷик Сотим Улуғзода (ҳаммуаллиф Виктор Виткович) дар иншои сенария, актёрони тоҷик Марат Орифов (дар нақши Ибни Сино), Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Тӯҳфа Фозилова дар нақшҳо пурсамар буданд.
Комил Ёрматов актёрони тоҷикро ба филмҳои худ даъват намуда, бо ин робитаҳои эҷодиашро бо кинои тоҷик мустаҳкам мекард. Вай дар филми лирикии «Вақте ки гулҳо мешукуфанд» Сталина Азаматова ва Маҳмуд Тоҳирӣ ва дар филми «Тӯфон дар Осиё» Гурминҷ Завқибековро ба навор гирифт. Актрисаи тоҷик Сайрам Исоева  дар филми ӯ «Дар байни мардум танҳо» нақши асосӣ — шоираи пурэҳсос ва зани тақдираш пурфоҷиа Нодираро бозид. Ин аст, ки як зумра актёрони тоҷик ӯро устоди худ мешуморанд. Комил Ёрматов дар давоми фаъолияти пурмаҳсули худ барандаи бисёр ордену нишонҳо, режиссёри маъруфу машҳури на фақат санъати кинои ӯзбеку тоҷик, балки Иттиҳоди  Шӯравӣ шуд, сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, мукофоту ҷоизаҳо, устоди ин санъати беназир гардид.
Аҳли санъати кинои миллии тоҷику ӯзбек ва тамошобинони сершумор дар ин рӯзҳо симои барҷастаи кино Комил Ёрматовро ба муносибати 120-солагиаш ба некӣ ёд карда, филмҳои ӯро бори дигар қадрдонӣ мекунанд. Филмҳои Комил Ёрматов ба мисли худи ӯ муборизи ҳаёти нав буданд, гузаштаи таърихиро барои мо, ворисон зинда ва номи офарандаи худро ҷовидонӣ намуданд.

Ато АҲРОРОВ, 
номзади илмҳои санъатшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: