САДОҚАТ БА САНЪАТИ БОШАРАФ

Соли равон ба муносибати ҷашни Рӯзи кормандони тиб бо Фармони Президент саршифокори Маркази тиббии бисёрсоҳаи бачаҳои вилояти Самарқанд Маматқул Азизов бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шуд.

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
(Тошхоҷаи Асирӣ)

Бо ҳамин муносибат мо чанд лаҳзаро аз зиндагиномаи ин марди ба касбу кор садоқатманд рӯйи коғаз овардем.
Дар яке аз рӯзҳои пурфайзи тобистони соли 1969 Маматқул аз мактаб бо табъи болида баргашт. Аҳли оила болои чорпояи зери воиш нишаста чой менӯшид. Шояд аз таъсири гармо бошад, ки ду рӯйи Маматқул лоласон сурх гашта буд. Сарвари оила Қурбонамак, ки болои кӯрпача пойҳояшро баҳузур дароз карда менишаст, барои ба писараш ҷой додан чорзону зад. Маматқул бо рӯмолча арақҳои сару рӯяшро пок карда, номаи камолро назди қиблагоҳаш гузошт.
–  Шери додо, ин қадар арақшорӣ?
–  Давидам, то шуморо хурсанд кунам.
Падар ба номаи камол ва медали тилло чашм давонда, дар лабонаш беихтиёр табассум давид. Вай бо қаноатмандӣ сар ҷунбонд:
–  Офарин!
Ҳамсараш Иқболхола низ навозишомез сӯйи писараш чашм дӯхт.
– Хӯш, акнун чӣ нақша дорӣ? – қиблагоҳаш суоломез ҷониби писар нигарист.
–  Ба маслиҳати шумо амал карда, ба Донишкадаи тиббии Самарқанд ҳуҷҷат месупорам, – гуфт Маматқул.
– Шери додо, дар ҳар кор завқу шавқи баланд лозим, – дар пешонаи фарохи ӯ риштаҳои ожанг тӯр баста, байни абрӯвонаш гиреҳ афтод ва нигоҳаш ҷиддӣ гашт. – Дар мактаби олӣ таҳсил гирифта, соҳиби дипломи сурх шудан ҳанӯз маънии ба муроди дил расидан нест. Хушбахт касест, ки аз кори вай ба халқу Ватан фоида расад. Аммо пешаи табибиро интихоб кардани ту табъи дили ман. Панҷ сол дар ҷанг будам ва шоҳиди он шудам, ки посбонони саломатӣ ба ҳазорҳо нафар аскару афсарон ҳаёти дубора бахшиданд. Пеши назари ман бисёр ходимони тиб дар майдони муҳориба шаҳид гардиданд.
Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд аз мактабҳои олии баобрӯ аст. Аз ҳамин сабаб бисёр довталабон аз шаҳру вилоятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз ба ҳамин донишкада ҳуҷҷат месупориданд. Маматқули деҳотӣ ҳам ба ин ҷо омаду мардуми бисёрро дида, дар ҳайрат монд. Ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо фаҳмид, ки дар байни довталабон соҳибони медали тилло ҳам кам набудаанд. Онҳо танҳо аз як фан имтиҳон месупурданд ва агар баҳои «аъло» гиранд, ба сафи донишҷӯён қабул мешуданд.
Маматқул дониши мустаҳкаму пухта дошт, ки аз санҷиши аввалин сарбаландона гузашт. Профессорон Матлуб Самеъбоев, Бобоқул Рустамов, Фарадей Голуб, Маҳмудҷон Аҳмадов, Масъуд Аҳтамов ва дигарон аз дониши шогирд мамнун. Шояд аз ҳамин сабаб, Маматқул Азизов соҳиби дипломи имтиёзнок гардид ва бо тавсияи олимону маъмурияти донишкада  барои такмили ихтисос ба Санкт-Петербург рафт. 
Соли 1985 ба зодгоҳ баргашта, дар шуъбаи ҷарроҳии бачагона фаъолияти меҳнатиро оғоз кард. Аз теғи ҷонбахши ӯ бисёр писаракону духтаракон аз маризиҳои гуногун раҳоӣ ёфтаанд. Аммо ҷарроҳии аввалин ҳамон дар хотираш нақш бастааст. Он айём чун донишҷӯйи таҷрибаомӯз дар шифохонаи шаҳр навбатдорӣ мекард. Посе аз шаб гузашта буд. Ба шуъба писарчаи чордаҳсоларо оварданд. Бачаи бечора аз шиддати дард даст болои шикам гузошта менолид. Пас аз ташхис дар утоқи ҷарроҳӣ ҳамшираҳои шафқат сомону маводи ҷарроҳиро чун қоида зуд бо чолокӣ ва ҳушмандии ба худ хос омода намуданд.
– Канӣ, писарҷон, дасту остин бар занед, – нобаҳангом ба ӯ амр дод табиби навбатдор Рафиқ Сатторов. – Инак, вақти мустақил кор кардани шумо омад. Ҷарроҳии сабук – кӯррӯдаи муқаррарӣ. Кӯррӯдаро гирифта партофтан лозим. Ана ба шумо «теғи Сино». Фаромӯш накунем, ки табобати мо бо ҷарроҳӣ ва кори мо ба ҳаёти инсон алоқаманд аст. Пири мо – аллома Ибни Сино навиштаанд, ки табиб бояд соҳиби сифатҳои ҷисмонию рӯҳӣ бошад. 
Соли 1987 боз бо корҳои илмӣ машғул шуд ва дар мавзӯи «Иллатҳо дар ривоҷи рӯдаҳои бачагона» рисолаи докториро ҳимоя кард.
Ректори Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд Нуриддин Камолов гуфт, ки акнун ҳамчун ҷонишини декани факултаи педиатрия ба шогирдон таҷриба омӯзонад.
Имрӯзҳо Маркази тиббиёти бисёрсоҳавии бачаҳои вилоят на танҳо дар Самарқанд, балки дар ҷумҳурӣ низ нуфузи хосса дорад. Замоне ҳамагӣ 10 шуъба дошту фақат ба сокинони вилояти Самарқанд хизмат мекард. Ҳоло табобатхона қариб сӣ шуъба ва 400 кати беморқабулкунӣ ва беш аз 800 нафар ходим дорад, ки аз онҳо 103 нафар шифокорони баландихтисос буда, 4 нафар доктори фан, профессор мебошанд, 350 нафар ҳамшираи шафқат дар атрофи беморон парвонаанд. Муолиҷагоҳ минтақавӣ буда, ба вилоятҳои Қашқадарё, Ҷиззах, Сурхондарё, Бухорои шариф хизмат мерасонад. Пас аз он, ки сарҳадҳо кушода шуданд, ба ин ҷо аз Тоҷикистони бародарӣ низ бачагони беморро меоранд. 
Сардухтур Маматқул Азизов барои беҳтар намудани табобати бачагон бо муассисаҳои тиббии  Олмон шартнома баст ва ду маротиба ба ин мамлакат сафар кард. Ғайр аз он, дар Фаронса, Нидерландия, Туркия, Тоҷикистон буд.
Дар яке аз рӯзҳои пурфайзи тирамоҳи заррин ба шифохона рафтем. Вохӯрии мо дар боғи истироҳати беморону парасторон ба вуқӯъ пайваст. Вай ба боғбон ба дарахт шакл доданро ёд медод, баъди рӯ ба рӯ шудан якбора пурсид:
– Ана шумо журналист, гӯед, ки ин дарахт чӣ ном дорад ва хизмати он аз чӣ иборат аст?
– Можжевелник.
– Шумо хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик»,  номи дарахтро ба тоҷикӣ гӯед-дия, додарҷон!
– Сӯзанбарг!
– Не-дия, – завқ карда хандид мусоҳибам, – ин як намуди арча, яъне арзаҷаст. Зимистону тобистон мову шуморо бо ҳавои тоза таъмин мекунад. Ва ба маълумоти шумо мерасонам, ки аз ин дарахт дар ҳудуди шифохона беш аз шаш ҳазор бех месабзад.
Аз хурсандӣ шохчаи райҳонро шикасту роҳаткунон бӯ кард ва ба ман дод.
– Райҳон боз чӣ ном дорад? – кунҷковона пурсид ӯ. – Тоҷикон чӣ мегӯянд?
– Нозбӯ!
–  Ана акнун ба тоҷик будани шумо бовар ҳосил кардам, – завқ кард роҳбалади ман. – Ман ҳангоми таҳсил дар мактаби рақами 21-уми деҳаи Оқмасҷиди ноҳияи Самарқанд асарҳои устодон Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигаронро бо шавқу завқ мутолиа карда будам.
– Ҳоло чӣ?
–  Хабаратон ҳаст, дар таърих яке аз бузургтарин симоҳои илм ва яке аз шахсони донишмандтарини асрҳои Х-ХI Абӯалӣ ибни Синоро Шайхурраис, яъне сардори олимон номидаанд, – мусоҳибам сӯям ҷиддӣ нигарист. – Вай оид ба тиб қариб бист асар эҷод намудааст, ки машҳуртарини онҳо китоби «Ал-қонун» мебошад. Ин асар беш аз 300 сол китоби болои мизи шифокорони Аврупо буд. Ҳамдиёри мо бо номи «Авитсенна» дар дунё машҳур гардид. Воқеан, Сино «Донишнома», «Рисолаи набз», «Зафарнома», «Рисолаи тилисмоти форсӣ» барин асарҳои худро бо забони тоҷикӣ навиштааст. Дар шифохона китобхона ташкил кардем. Солҳои мактабхонӣ чанд байт аз Абдураҳмони Ҷомӣ аз ёд карда будем, ҳоло дар хотир дорам: 
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Ӯ боз чанд шеърро аз ёд хонд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: