САДОҚАТ БА ВАТАН – ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Яке аз қисмҳои низомии Фарғона, ки марбути Округи ҳарбии шарқӣ мебошад, он рӯз хеле серодам буд.

Яке аз қисмҳои низомии Фарғона, ки марбути Округи ҳарбии шарқӣ мебошад, он рӯз хеле серодам буд. Дар ин қисми низомӣ моҳонаи ҳарбӣ-ватанпарварӣ баргузор мегардид. Дар доираи моҳона таҳти шиори “Ҳар кӣ ба Ватан содиқ аст – он ман ҳастам” чорабинии доманфарох рӯи кор омад.
Дар он вакилон аз Вазорати мудофиа, фармондеҳи Округи ҳарбии шарқӣ, аъзои ифтихории кенгаши Вазорати мудофиа, ҳамчунин намояндагони созмонҳову ҳизбҳои сиёсӣ, толибилмони “Мактаби Темурбекҳо”-и шаҳри Фарғона, ҷавонони номуташаккил ва журналистону блогнависон ширкат карданд. 
Дар оғози чорабинӣ ҳама ба хиёбони хотира рафта, ба зери муҷассама гулчанбарҳо гузоштанд. Низомиён зери мусиқии марш қадам зада, вориди майдони васеъ шуданд ва гурӯҳ-гурӯҳ саф оростанд. 
Маълум шуд, ки онҳо ба ҳайати махсуси Вазорати мудофиа донишу маҳорат ва малакаи низомии худро намоиш медиҳанд ва  аъзои ин ҳайат онро баҳогузорӣ мекунанд. Баъд маросими кушодашавии ин чорабинӣ баргузор шуд. 
Нотиқон перомуни салоҳиятҳои нерӯҳои низомии мамлакат, сатҳи омодагии онҳо, имкониятҳо барои тайёр кардани кадрҳои баландмалакаи низомӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва амсоли он ҳарф заданд. 
Дар қисми дуюми чорабинии мазкур афсарону сарбозони таркиби шахсии қисми ҳарбӣ барои иштирокчиёни он санъату маҳорати ҷангии худро намоиш доданд. Дарвоқеъ,  ин қисми низомӣ барои адои хизмати аскарӣ аз тамоми шароити лозимӣ бархурдор мебошад.  Меҳмонон аз хобгоҳ, ошхона, майдони варзишӣ, китобхона, маркази маънавият ва маърифат боздид карданд. Дар бораи техникаи замонавии ҳарбӣ ва силоҳҳои гуногуни оташфишонӣ маълумот пайдо намуданд.
Роҳбари шуъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Хурсаной Исломова ба китобхонаи қисми низомӣ беш аз сад нусха китобҳои гуногун туҳфа кард. Ба гуфтаи китобдор танҳо дар чанд моҳи охир хазинаи китобхонаи онҳо бо 520 нусха китобҳои гуногуни тӯҳфашуда ғанӣ гардид. Гуфта шуд, ки афсарону сарбозони зиёд вақти холии худро маҳз дар ҳамин китобхона мегузаронанд. 
Ноиби фармондеҳи қисми низомӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва мафкуравӣ подполковник Фарҳод Сайидҷонов дар бораи он ҳарф зад, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Он дар замири сарбозон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббат ва садоқатро баланд мебардорад.
– Қаблан ғайр аз низомиён касе ба қаламрави қисмҳои низомӣ ворид намешуд. Аммо акнун вазъият комилан тағйир ёфтааст. Мо ба ин ҷо ҷавононро низ зуд-зуд даъват мекунем ва ба онҳо мефаҳмонем, ки хизмат ба Ватан ва ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди кишварамон мебошад. Тавре ки дар айни ҳол мебинед, як гурӯҳ ҷавонон  ба ин ҷо даъват шудаанд. Онҳо бо шароити қисми ҳарбии мо аз наздик ошно мешаванд ва ба саволҳои зиёди худ посух пайдо мекунанд, – изҳор кард Фарҳод Сайидҷонов.
Вай афзуд, ки журналистону блогнависон низ аз меҳмонҳои ҳамешагии қисмҳои низомии Округи ҳарбии шарқӣ мебошанд. Онҳо аз қисмҳои ҳарбӣ боздид намуда, дар бораи чорабиниҳои низомиён хабару мақолаҳо нашр мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: