САДРИДДИН АЙНӢ – ФАРЗАНДИ БУЗУРГИ ДУ ХАЛҚ

Саҳни мактаби таҳсили ҳамагонии рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё бо роҳбарии сарвараш Саодат Сангинова намои идона дошт.

 Маҳз ба ҳамон Сариҷӯе, ки устод Садриддин Айнӣ дар романи «Дохунда»-и худ «Дараи Ниҳон аз Сариҷӯ оғоз мешавад» гуфта буд, меҳмонон барои ёдбуди домулло Айнӣ омада буданд.
Ҷашнвораи Садриддин Айнӣ аз тамоми гӯшаву канори паҳновари кишварамон аҳли илму адаб, мухлисони каломи бадеъро ин ҷо сарҷамъ карда буд. Ба муносибати 146-умин солгарди устод як моҳ дар саросари Ӯзбекистону Тоҷикистон чунин ҷашнвораҳо васеъ ва бошукӯҳ таҷлил гардид ва он гӯё дар Сариҷӯи Дараи Ниҳон дар ватани Ёдгору Гулнор – қаҳрамонони «Дохунда» ҳусни мақтаъ ёфт.
Дар чорабинӣ раисони маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон иштирок карданд. 
Ҳокими ноҳия меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки халқи тоҷику ӯзбек аз азал дӯсту бародар ҳастанд ва ҳеҷ қуввае онҳоро аз ҳам ҷудо карда наметавонад. 
– Мо шароити имрӯзаи мактабиёнро дида истода, беихтиёр «Мактаби кӯҳна»-и домулло Айниро пеши назар меорем. Фарқ аз осмон то замин аст, вале Устод Айнӣ барин мутафаккирон дар ҳамон замон ҳам ба халқ ва фарзандони халқ нуру зиё бахшидаанд, – гуфт бо ифтихор ҳоким.
Тазаккур бояд дод, ки мактаби мазкур ҳоло навтаъсис буда, аз мактаби рақами 38-уми овозадор ҷудо гардида, ҳамагӣ чор сол боз фаъолият дорад. 
Раҳбари Саридораи таълими мактабӣ ва томактабии вилояти Сурхондарё Ҳусниддин Мамадиев дар бораи саҳми Айнӣ дар пешрафти илму фарҳанг ва мактабу маорифи ин ду халқи бародар суханони самимӣ изҳор дошт. 
Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Сурхондарё Рамазон Абдуллоев низ эътироф кард, ки донишомӯзони бахши тоҷикии факултаи филологияи тоҷик ва дигар факултаҳои донишгоҳ маҳз донишомӯзони макотиби ноҳияи Сариосиё мебошанд. Ҷавонони ин минтақа ҳамеша ташнаи донишанд ва дар сафи пеш қарор доранд. 
Хуллас, ҳар нафаре, ки дар ин анҷумани дӯстӣ сухан мекард, оҳанги дӯстӣ дошту номи неку хидматҳои устоди абадзинда Садриддин Айнӣ зикр мегардид. Сурудхонии устоди санъат Тоҳирҷон Зокиров, шеъру сурудхонӣ ва рақсҳои ҷаззоби шогирдони мактаб дар ин ҷо низ табъи ҳозиринро болида сохт. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: