САДРИДДИН АЙНӢ — ПУЛИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Дар садаи ХХ Устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва ӯзбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст.

Устод Айнӣ бо адибони ӯзбек – Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар тарбияи онҳо нақши назаррас дорад. Ӯ аз аввали қарни ХХ бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи ӯзбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст. Махсусан, дар тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» дар қатори адибони барҷастаи тоҷик аз сухансароёни тоинқилобии ӯзбек, ки дар қаламрави Мовароуннаҳр умр ба сар бурдаанд, ёд карда, нахустин шуда, доир ба шарҳи ҳол ва осори онҳо маълумот додааст. Вай дар ин тазкираи комили худ доир ба осори гаронбаҳои Мир Алишер Навоӣ ва эҷодиёти Лутфӣ, Муҳаммад Солеҳ, Акмал, Гулшанӣ, Нодира, Машраб ва дигарон баҳои баланд дода, намунаҳои ашъори тоҷикӣ ва ӯзбекии онҳоро оварда, нақшашонро дар рушди адабиёти ҳар ду халқ таъкид намудааст. Масалан, вай дар бораи Машраб маълумот дода, аз ҷумла менависад: «Машраби Намангонӣ – исмаш Бобораҳим аст. Дар соли 1123 ҳиҷрӣ дар Қундуз ба фатвои уламо ва ҳукми Маҳмудбии Қатаған шаҳид карда шуд. Девони туркии Машраб мавҷуд аст. Уламо ва зуҳҳодро сахт танқид мекунад…»
Чунин таҳлил ва баррасии нақди ашъори адибони ӯзбекро Устод Айнӣ идома дода, доир ба аксари адибони ҳавзаи Мовароуннаҳр, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар офаридаанд, ахбори воқеӣ пешниҳод кардааст.
Дар баробари ин, Устод Айнӣ ду асари бунёдии дигар дар бораи ду адиби ӯзбек – Муқимӣ ва Алишер Навоӣ таълиф карда, нақши онҳоро дар адабиёт ва фарҳанги тоҷику ӯзбек рӯшану барҷаста муайян кардааст. Ӯ соли 1943 рисолаи «Муқимӣ ва давраи ӯ» ва соли 1948 рисолаи «Мир Алишер Навоӣ»-ро ба забони ӯзбекӣ ба табъ расондааст. Пасон асари дуюмашро ба забони тоҷикӣ низ аз нашр баровардааст.
Ҳамзамон, Устод Айнӣ соли 1940 «Хамса»-и Навоиро ба забони ӯзбекӣ чоп намуда, ба «Хамса»-и талхискардааш муқаддимаи муфассал навишта, нақши Мир Алишер Навоӣ ва Мавлоно Ҷомиро дар рушди адабиёт ва ирфон, инчунин, дӯстии ин ду халқ возеҳ шарҳ медиҳад.
Гузашта аз ин, Устод Айнӣ ба бисёр адибони ӯзбек ҳаққи устодӣ дошта, аксари онҳо дар хотироташон аз муҳаббат ва меҳрубонии ӯ бо самимият изҳори назар кардаанд. Ҳамчунин, дар пайравии Устод С. Айнӣ асар офарида, мактаби адабии ӯро таҳким бахшидаанд. Махсусан, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом аз мактаби устод гузашта, соҳиби дастовардҳои зиёде гардидаанд. Доир ба ин масъала муҳаққиқи робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек М. Қӯшҷонов қайд мекунад: «Устод Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ дӯстони хеле наздик буданд. Онҳо зуд-зуд бо ҳам мулоқоту суҳбат мекарданд. Айнӣ ба Тошканд сафар мекард ва Абдулло Қодирӣ ба Самарқанд меомад. Абдулло Қодирӣ дар асарҳояш борҳо аз Айнӣ ёд мекунад ва ҳамчунин, Устод Айнӣ дар асарҳояш номи Абдулло Қодириро зуд-зуд зикр кардааст».
Устод Айнӣ, инчунин, донандаи хуби забони ӯзбекӣ буда, анъанаи зуллисонайниро идома додааст. Дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ бошад, мақолаҳои зиёди Устод Айнӣ ба забони ӯзбекӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистон чоп шуда, дар онҳо адиб халқи заҳматкаши ӯзбекро барои ба даст овардани саводу дониш ва рушди мактабу маориф даъват кардааст.
Ҳамин анъанаи неку писандида ва дӯстиву рафоқати ду халқи ҳамсояро баъдан ду шахсияти барҷастаи фарҳангу сиёсат — Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов идома дода, ба он мазмунҳои баланди инсондӯстона ва башардӯстона ҳамроҳ намудаанд.
 Бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баргузор намудани солномаи Устод Айнӣ Кумитаи Айнӣ мавзӯи «Садриддин Айнӣ ва Алишери Навоӣ»-ро ба нақша гирифт ва ин чорабинии илмӣ бо иштироки олимони ду кишвари ҳамсоя ва дӯст баргузор гардид. Ҳамчунин, дар маросими пардабардорӣ аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ доир ба ёдбуди Фотеҳ Ниёзӣ дар шаҳри Самарқанд адибони тоҷик иштирок карда, аз маҳорат ва истеъдоди ин адиб, ки аввал ба забони ӯзбекӣ шеъру мақолаҳо таълиф мекардааст, ёд намуда, нақши ӯро дар рушди ду адабиёт ба некӣ ёдоварӣ намуданд.
Дар ҳамин давра баъзе ҳунармандони тоҷик дар саҳнаву театрҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон консерти ҳунарӣ ва эҷодӣ баргузор карда, иддае аз овозхонони машҳури Ӯзбекистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвари мо бо барномаҳои ҳунарӣ баромад карда, садои дӯстӣ ва оҳангҳои дилкаши бародариро дар фазои мамлакатамон паҳн намуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳои фарҳангӣ аз муҳаббат ва дӯстии ин ду халқ дарак дода, риштаҳои бародариро устувортар мегардонанд.
Асоси ин ҳама муваффақиятҳо, бе шакку шубҳа, сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ буда, тоҷикон ва ӯзбекҳо ин сифатҳои олиро ба дигарон тарғиб мекарданд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя менамуданд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи дӯстиву рафоқат, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ яке аз мавзӯъҳои умдаи адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷикон ва ӯзбекҳо ба шумор меравад. Ҳамин нуктаро аллома Б. Ғафуров қайд карда, аз ҷумла навишта буд: «Дар тӯли ин қарнҳо байни назму ҳамосаи ӯзбекон ва ҳамосаю адабиёти мардуми тоҷик таъсири мутақобил мавҷуд буд. Дар ин давра синтези расму одатҳо, маросим ва фарҳанги халқҳои тоҷику ӯзбек пурмаҳсул давом кардааст».
Дар воқеъ, дӯстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабияшон низ таҷассум гардида, шуҳрати беандоза касб мекард. 
                  
Абдуҷаббор 
РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: