САДРИДДИН АЙНӢ ВА АҲЛИ ИЛМУ АДАБИ САМАРҚАНД

Устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) натанҳо асосгузори адабиёти нави тоҷик, нависанда ва шоири маъруф аст, балки бунёдгузори илму фарҳанги навини халқи тоҷик низ ба шумор меравад.

Устод  Садриддин Айнӣ (1878-1954) натанҳо асосгузори адабиёти нави тоҷик, нависанда ва шоири маъруф аст, балки бунёдгузори илму фарҳанги навини халқи тоҷик низ ба шумор меравад. Ӯ аз зумраи бузургтарин фарзандони халқамон аст, ки дар нимаи аввали асри ХХ дар Самарқанди илму адабпарвар машъали илму маърифатро афрӯхта, роҳи мардумро ба оянда мунаввар намудааст. 
Ин шахсияти бузург, ки таълими дақиқи мадрасаро гирифта, забонҳои арабӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекиро мукаммал аз худ намуда, дар муҳити илмию адабии олим ва шоири номӣ Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ҳамчун олим ва адиб ташаккул ёфта буд, дар муҳити илмию адабии Самарқанд дар натиҷаи шиносоӣ ва муносибатҳои дӯстона бо Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сайид Аҳмади Васлӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодири Шакурӣ, Нақибхон Туғрал, Масеҳо Тамҳид барин маърифатпарварон ва фозилони давр уфуқҳои илмиашро фарохтар намуда, нуктасанҷу фидоитар мегардад.
Осори адабиётшиносии Устод Айнӣ, ки дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ офарида шудаанд, дар ин замина басо арзишманд аст. Ҳарчанд суннатҳои адабиётшиносӣ дар асрҳои гузашта вуҷуд доштанд, вале аввалин асарҳои илмии адабиётшиносӣ ба мафҳуми имрӯзиаш дар ибтидои асри ХХ маҳз дар Самарқанди бостонию бӯстонӣ аз ҷониби ӯ навишта шудаанд. Чунончи, тазкираи беназири ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926, бо ҳуруфи арабӣ) ҳамин гуна тадқиқоти арзишманде буд, ки аз ҷиҳати вуқуфи комил доштани муаллифаш аз таърихи ғании адабиёти мумтози форс-тоҷик, пухтакорӣ ва амиқияти муҳокимарониҳо, дурустфаҳмию дурустбаҳодиҳӣ ба шахсияту осори шоирони гузашта, ташхиси дурусти классикон ва мавқеи онҳо мақому манзалати баланди илмӣ дорад. Дар қисматҳои ин китоби бузург таърихи ҳазорсолаи адабиёти тоҷик дар мисоли шахсияту осори 221 шоири соҳибсабк шарҳ ёфтааст, ки 35 нафари онҳо нисбаи самарқандӣ доштанд. 
Гуфтан бамаврид аст, ки дар қисмати аввали тазкира аз шоирони асрҳои Х-ХVIII Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Амир Муиззӣ, Рашидии Самарқандӣ, Низоми Арӯзӣ, Ашрафи Муиниддин, Ҳаким Сӯзанӣ, Рӯҳии Самарқандӣ, Сайфиддин Исфарангии Самарқандӣ, Хоҷа Абдулмалик, Бисотии Самарқандӣ, Риёзии Самарқандӣ, Давлатшоҳ ибни Алоуддавла Бахтшоҳ, Мирҳоҷии Самарқандӣ, Ваҷҳии Самарқандӣ, Мутрибии Самарқандӣ, Муъмини Самарқандӣ, Сайид Роқим, Фитрати Зардӯзӣ, Исматӣ – духтари Қозии Самарқандӣ, Оиша – аз аҳли Самарқанд, яъне ҷамъ 20 нафар ва дар қисмати дуюм аз шоирони охири асри ХVIII ва аввали асри ХХ Адо – Султонхоҷа Шайх-ул-ислом Аҳрорӣ, Қорӣ Масеҳо Тамҳид, Забеҳо Яҳудии Самарқандӣ, Мирзо Раҳими Девона, Мирзо Абдулкарими Сипандӣ, Абдушакур Шакурии Самарқандӣ, Сайид Аҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ, Мирзо Абдулло Файёз, Мирзо Акрами Фикрӣ, Қозӣ Абдуҷаббори Ургутӣ, Қозӣ Абутоҳирхоҷаи Наво, Сайид Аҳмади Васлӣ, Мирзо Назруддини Ҳодӣ – ҷамъ 13 нафар ва дар қисмати сеюми тазкира ном ва намунаи осори шоироне, ки дар ҳудуди солҳои 1905-1925 фаъолият доштанд, чун Саидризо Ализода, Тӯрақул Зеҳнӣ шарҳу тафсир шудаанд. 
Хидматҳои С.Айнӣ дар пешрафти илми забоншиносии тоҷик низ шоистаи қадршиносист. Аввалин мақолаҳои ӯ «Масъалаи маориф ва китоб», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» ва ҳоказо оиди масъалаҳои забоншиносӣ дар Самарқанд навишта шуда, дар онҳо содагиву покизагӣ ва ба мардум наздик кардани забони адабии тоҷик, омӯхтан ва истифода кардан аз сарвати лаҳҷаҳо, бахусус, амиқ таҳқиқ шудаанд. 
Забоншиноси маъруф Носирҷон Маъсумӣ дар китоби «Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик» овардааст: «Садриддин Айнӣ асосгузори услуби нав дар забони ҳозираи адабии тоҷик ҳисоб меёбад, ки инкишофи минбаъдаи он бо фаъолияти илмӣ ва адабии худи Айнӣ сахт вобаста аст».
Устод Айнӣ дар тарбияи суханшиносони Самарқанд, бешубҳа, саҳми муносиб дорад.  Маҳз ба туфайли роҳнамоии ӯ дар ин ҷо Саидризо Ализода (1887-1943) нахустин алифбои тоҷикӣ «Китоби нахустин» (1920),  асари илмии «Сарфу наҳви тоҷикӣ» (1926)-ро навишта, аз забонҳои қадимӣ будани забони тоҷикӣ ва дорои қоидаҳои хеле мукаммалу қавӣ будани онро ба исбот расондааст. 
Ин амали хайру савоби ӯро муаллими фидоӣ ва фозили пуркору пурбор Тӯрақул Зеҳнӣ (1891-1983) ба танҳоӣ ва ҳам бо ҳамқаламии рафиқони ҳамкораш давом дода, барои мактаббачагон китобҳои қироатӣ бо номи «Омӯзиш», китоби дарсии «Сарфу наҳви тоҷикӣ»-ро менависад. Бахусус, китоби дарсии ӯ «Сарфи забони тоҷикӣ», ки бо ҳамкории Ҳомид Бақозода (1910-1943) барои хонандагони синфи 5-уми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҳамон солҳо навишта шудааст, аҳамияти калонро соҳиб буд. Аввалин муаллимони самарқандӣ ва муҳаққиқони сухан Абдуқодир Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Абдусалом Деҳотӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Обид Исматӣ, Вадуд Маҳмудӣ низ дар пайравии Устод Айниву Саидризо Ализода ба омӯзиши забону  адабиёти тоҷик ва таълиму тадриси он камари ҳиммат бастаанд.
Устод Айнӣ дар китоби «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» воқеаҳои таърихии Самарқандро дақиқназарона қаламдод намудааст.
Дар асари «Таърихи Инқилоби Бухоро» бошад, оид ба саршавии ҳаракати маорифпарварӣ маълумоти муфид дода шудааст,  ки ба қавли академик Б.Валихоҷаев «ҳамчун манбаъи беҳамтои илмӣ дар омӯхтани соҳаҳои гуногуни таърихи Бухорои шариф ва Самарқанди латиф аҳамияти бузургеро дорост».  Биноан, меҳру оқибат, самимияту  эҳтироми мардуми Самарқанд нисбати ӯ бузург аст. 
Дар китобҳои бисёрҷилдаи «Ҷашнномаи Айнӣ» ва «Садриддин Айнӣ дар хотири дӯстон ва шогирдон» мақолаҳои илмӣ ва ёддоштҳои пурмӯҳтавои аҳли илму фарҳанги Самарқанд, чун Тӯрақул Зеҳнӣ, Наберахоҷа Валихоҷа, Абдуқодир Ҷомеъ, Ҳасан Ирфон, Фахриддин Маъруфӣ, Исмоил Акрам, Мардонқул Муҳаммадиев, Воҳид Абдулло, Раҳим Муқимов, Ботурхон Валихоҷаев ва дигарҳо ҷойгоҳи муносиб доранд, ки нишони гуфтаҳои болоиянд. Чунончи,  академик Воҳид Абдулло ёдовар шудаанд, ки ҳанӯз хангоми дар мактаби усули нави Шакурӣ хондан бо Устод Айнӣ вохӯрда, минбаъд шавқи эҷодиёти ӯ якумра дар дил маъво гирифтааст. Тазкираи батозагӣ нашршудаи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бо завқи беандоза мутолиа карда, аз файзи суҳбатҳои адиб, ки дар дӯкони Иброҳимҷонака Ниёзӣ (бародари калонии адиби маъруф Фотеҳ Ниёзӣ) ба вуқӯъ мепайвасту он ҷо падари меҳнатқаринашон кор мекард, бо шавқ нақл кардаанд. Олими маъруф ва адиби соҳибистеъдод, профессор Раҳим Муқимов, ки дар ташаккул ва такомули илму тадриси филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд саҳми калон гузоштааст, ба туфайли Ҳабиб Юсуфӣ бо Садриддин Айнӣ шинос гаштану минбаъд зери роҳбарии ӯ дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти адабии Муҳаммад Шариф Гулханӣ» рисолаи номзадӣ навиштан, панду сабақҳои аз ӯ гирифтаашонро бо меҳру садоқат нақл кардааст. Дар мақолаҳои илмии В.Абдуллоев, Р.Муқимов, Ю.Авалиани, Р.Эгамбердиев, Б.Валихоҷаев, Т.Абдуҷабборов, Ш.Шукуров, С.Ҳалимов, А.Қамарзода, А.Воҳидов, И.Ғафуров, Р.Маъруфов ва дигарон дар бораи хидматҳои шоёни Устод Айнӣ дар соҳаи илми филология сухан рафтааст,  муҳаққиқи забардасти адабиёт будани ӯ,  маҳорати ҳаҷвнигорӣ,  методи эҷодӣ, саҳми ӯ дар тадқиқ ва талқини осори Восифӣ, Бедил ва Аҳмади Дониш, мавқеи адиб дар муҳити адабии Самарқанд, роли ӯ дар омӯзиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, инкишофи лексикографияи нави тоҷик ва таълифи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор ёфтаанд.
Дар китоби тозанашри «Айнишиносӣ дар Самарқанд» навиштаҷоти пурмуҳтавои аҳли илму эҷоди бадеӣ – Раззоқ Ғаффоров, Шавкат Шукуров, Аслиддин Қамарзода, Амон Воҳидов, Ато Аҳроров, Абдусалом Самадов, Баҳор Хуррамзод, Ғафурҷон Маҳмудов, Нуъмон Маҳмудов,  Шавкат Ҳасанов,  Салим Кенҷа, Абдукарим  Ғанизода, Адаш Истад, Нусрат Раҳмат, Бахтиёр Ҷумъа ва дигарҳо гирд оварда шудаанд.
Устод Айнӣ дар тарбияи адабиётшиносони Самарқанд, бешубҳа, саҳми муносиб дорад. Ӯ чандин пажӯҳишгарони ҷавонро ба арсаи илм ҳидоят намуда, нисбаташон ғамхорию раҳнамоӣ намудааст, ки дар байнашон номи мубораки устодон Воҳид Абдулло, Раҳим Муқимов бо эҳтироми хосса ба забон гирифта мешавад. 
Академик Воҳид Абдулло анъанаи неки шогирдпарварии Устод Айниро минбаъд ба сифати мударриси фозил, ректори донишгоҳ (1963-1970) бо меҳру ихлос идома дода, ба рисолаҳои номзадии  адабиётшиносони зуллисонайни донишгоҳ Ботурхон Валихоҷаев, Шавкат Шукуров, Солеҳ Ҳалимов ва дигарон роҳбарӣ менамояд, дар камолоти илмии олимони ҷавон  саҳм мегирад.
Устод Айнӣ мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ суннатҳои беҳтарини халқҳоямонро дар замони худ идома додааст. Ӯ ба сифати устод ва муаллими маънавии адибони ҳар ду халқ ба Воҳид Абдулло, Исмоил Акрам, Саид Назар, Раъно Узоқова, Мардонқул Муҳаммадқулов, Саида Нарзуллоева, Ҳамдам Бердиёров, Раҳим Муқимов, Олимҷон Орифӣ, Қурбоной Убайдуллоева барин адибон  ва олимони Самарқанд ғамхорию раҳнамоӣ намудааст.
Мардуми Самарқанд гавҳаршинос аст. Вай хотираи дурахшони Устод Айниро ҳамеша бо эътирофу эҳтироми беандоза пос медорад. Ба ин маънӣ, агар соли 1964 адабиётшиноси донишгоҳ Мирсафо Атоев таҳти роҳбарии шогирди Устод Айнӣ Раҳим Муқимов дар мавзӯи  «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ – нахустин романи таърихӣ дар адабиёти тоҷик» рисолаи номзадӣ навиштаву ҳимоя карда бошад, олимони барӯманд Ботурхон Валихоҷаев «Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт» (дар ҳамкорӣ бо Раҳим Воҳидов) (Душанбе, 1978), Талъат Абдуҷабборов «Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ» (Душанбе, 1978), Абдукарим Ғанизода «Фаъолияти педагогии Садриддин Айнӣ» (Тошканд, 1965) барин рисолаҳои илмӣ навиштаанд. Устоди нуктасанҷ Т.Абдуҷабборов ният дошт, ки дар мавзӯи «Ташаккул ва такомули реализм дар адабиёти тоҷик (дар заминаи асарҳои С.Айнӣ)» рисолаи докторӣ ҳимоя кунад ва бо ҳамин мақсад дар маҷаллаҳои илмии Ӯзбекистону Тоҷикистон даҳҳо мақола нашр намуда буд.
Ҳамин нишони меҳру садоқат нисбати Айнӣ буд, ки устодони зиндаёд Воҳид Абдулло, Раҳим Муқимов, Ботурхон Валихоҷаев узви доимии Кумитаи Айнӣ буданду дар маҷлисҳои он, ки ҳар сол дар Тоҷикистону қадамҷойҳои адиб таҳти унвони «Солонаи Устод Айнӣ» баргузор мегашт, фаъолона ширкат варзида, бо маърӯзаҳои шавқовар баромад мекарданд.
Имрӯз ҳам дар Хона-музейи Устод бо ташаббуси устодони донишгоҳ Аслиддин Қамарзода, Ҷумъақул Ҳамроев ва роқими ин сатрҳо зуд-зуд суҳбатҳои адабӣ гузаронида мешаванд, фозилону адабиётдӯстон вохӯриҳои худро бо Устод Айнӣ ба хотир меоранд. 
Солҳои истиқлол хидматҳои шоистаи Устод Айнӣ баҳри рушду камоли адабиёти бадеӣ ва илму фарҳанги тоҷику ӯзбек барҳақ бо ордени «Буюк хизматлари учун» тақдир шудааст, ки мисоли равшани эътибори ҳамешагии давлатамон ба илму адаб ва арҷ гузоштан ба хотираи дурахшони намояндагони бузурги он мебошад.

Абдусалом САМАДОВ, 
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: