САДУ ЯК БӮЮ ТАЪМ

Бори нуздаҳум аст, ки Идораи хидмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ин гуна фестивалро дар Тошканд роҳандозӣ менамояд.

 Аммо ҳар дафъа гӯё ин манзара ба ҳар иштирокдор завқу шавқи беандоза мебахшад.
Сабаби он завқу шавқ ҳам маълум, зеро ин фестивали хайрия аз анъанаҳои маданӣ ва хусусан, таомҳои миллии мардумони гуногун иборат аст. Тасаввур кунед, ки дар як боғи начандон  калон, ки он ин дафъа «Central park» ном дошт, даҳҳо ғурфа дар мисоли сафорату намояндагони он мамлакатҳо дар худ анвои зиёди хурданиву нӯшиданӣ ва чашиданӣ ҷамъ оварда буд. Ин таомпазиву меҳмондориҳо хусусияти мусобиқа низ, ки дошт, рағбати иштирокдорони онро дучандон сохта буд. Аз ин боис  кӯшиши намояндагиҳои дипломатӣ барабас нарафт, ки дар натиҷа онҳо тавонистанд чун муште аз хирвор як нишонае аз фарҳанг ва ғизоҳои милливу маҳаллии худро намоиш диҳанд. 
– Мо фақат бо имконияти дохилии сафоратамон иктифо накарда, аз вилояти Суғд ҳунармандони наҷҷору ва кордсозонро даъват кардем, ки маҳсули дасти ҳунарманди худро ин ҷо ба намоиш гузоранд, – мегӯяд ходими сафорати Тоҷикистон Рамзиёр Атоӣ. – Аз таомҳо бошад, оши палави тоҷикӣ ва чанд навъи ғизои дигари миллиро таҳия кардем, ки меҳмонон аз он тавонистанд бичашанд.
Воқеан, он рӯз сафорати Тоҷикистон на фақат бо таому ҳунармандӣ, боз барои калонсолону кӯдакон базми лотерея ташкил намуд, ки ба ин тариқ базми таому маданиро боз гармтар намуд.

Т. МИРҲАЁЕВ.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: