Сафар ба Арабистони Саудӣ таърихӣ гардид

  • Сафар ба Арабистони Саудӣ таърихӣ гардид
  • Сафар ба Арабистони Саудӣ таърихӣ гардид
  • Сафар ба Арабистони Саудӣ таърихӣ гардид
  • Сафар ба Арабистони Саудӣ таърихӣ гардид

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.

17 август раҳбари мамлакатамон бо Валиаҳд Муҳаммад бин Салмон Ол Сауд музокирот анҷом дод. Дар натиҷа, Баёнияи муштарак дар бораи тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷониба ва 15 ҳуҷҷат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, гумрук, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ қабул гардид.

18 август бо раҳбарони Созмони ҳамкории исломӣ ва Бонки исломии рушд, намояндагони доираҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқотҳо баргузор шуданд.

Рӯйдоди махсусан муҳими сафар зиёрати Макка ва Мадина буд.

Президент Шавкат Мирзиёев шаби 19 август аз Ҷидда ба  Тошканд баргашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: