САФАР БА ТОҶИКИСТОН ПУРСАМАР БУД

Дар байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик робитаҳои тӯли асрҳо аз санҷиш гузаштаи дӯстии мустаҳкам вуҷуд дорад.

Дар байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик робитаҳои тӯли асрҳо аз санҷиш гузаштаи дӯстии мустаҳкам вуҷуд дорад. Бахусус, солҳои охир ба туфайли саъю ҳаракати зиёди роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ин дӯстии азалӣ ва алоқаҳои хешутаборӣ беш аз пеш ривоҷ ёфтанд, муносибатҳои мо сифатан ба зинаи нав – дараҷаи ҳамкории стратегӣ бардошта шуд.
16 сентябри соли равон дар доираи ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай  дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар музокираҳо масъалаҳои минбаъд инкишоф додани муносибатҳои серҷанбаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, ҳамчунин мушкилоти рӯзмарраи ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд. Мувофиқи муоҳидаи дараҷаи олӣ ба мақсади татбиқ сохтани лоиҳаҳои кооператсионии самтҳои иқтисодиёт ва татбиқ намудани барномаи ҳамкории маданиву инсонпарварӣ таъкид гардид, ки мулоқоти фаъол ва додугирифтҳо идома дода шаванд.
Воқеан солҳои охир самараи ҳамкорие, ки ба ҳамсоягии неки байни ду халқи бародар ва ба манфиатҳои умумӣ такя мекунад, хеле назаррас шуданд. Ташрифи ҳайатҳои дӯстӣ ва сафарҳои эҷодӣ гузаронида мешаванд, баргузор кардани рӯзҳои маданият, намоишгоҳҳо, анҷуманҳо анъанавӣ мегардад. Ҳамҷиҳатӣ ва саъю ҳаракатҳои фаъол барои ҳамкории серҷанбаи минтақавӣ имкониятҳои нав фароҳам меоваранд.
Бо мақсади беш аз пеш мустаҳкам кардани робитаҳои маданиву маърифатӣ, таълим ва илму фан дар байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик соли 2019-ум Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» ташкил гардид. Дар даврони сипаришуда бобати аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардоштани фаъолияти ҷамъияти дӯстӣ як қатор вохӯриҳо гузаронида шуданд, баробари ин аъзои идораи ҷамъият, ҳамчунин аҳли эҷод ва илм, фаъолони мансуб ба миллати тоҷик, ки дар кишварамон зисту зиндагӣ мекунанд, ҳамҷиҳатона кор мебаранд.
Дар ин маврид бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташрифи расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли 2021 ба вуқӯъ пайваст, пешниҳод намуд, ки дар Душанбе ва Тошканд асарҳои мунтахаб – антологияи адабиёти замонавии ӯзбек ва тоҷик нашр карда шаванд. Ба сифати самараи ин ташаббус аз ҷониби Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон», Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин ташкилоти ҷамъиятии Маркази маънавият ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғди Тоҷикистон китоби «Тожикистон ӯзбек адабиёти антологияси» («Антологияи адабиёти ӯзбеки Тоҷикистон») чоп гардид.
Дар ин китоби калонҳаҷм намунаҳои хуби эҷодиёти шоиру нависандагони боистеъдоде, ки дар Тоҷикистон зисту зиндагӣ карда, ба забони ӯзбекӣ эҷод мекунанд, ҳамчунин шоиру адибони тоҷик, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ доранду ба забони ӯзбекӣ асар менависанд, ҷой гирифтаанд. Дар асарҳои назмиву насрӣ эҳсоси олии инсонӣ, дӯстӣ ва муҳаббати байни ду халқ, истиқболи Ватан ва ғайра таърифу тавсиф шудаанд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки аз ҷониби бунёди ҷамоатии дастгирии идораҳои ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва дигар ҷамъиятҳои шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои нашр кардани китоби «Тожикистон ӯзбек адабиёти антологияси» («Антологияи адабиёти ӯзбеки Тоҷикистон») ва бо адабиётҳои ба забони ӯз-бекӣ чопшуда таъмин кардани шаҳрвандони ба миллати ӯзбек мансуби Тоҷикистон гранти давлатӣ ҷудо карда шуд. Аз ҳисоби ин грант беш аз 70 номгӯй адабиётҳои гуногун харид гардиданд.
Ба мақсади расонда додани китобҳои мазкур ҳайати Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» 19-21 сентябри соли равон ба Тоҷикистон сафари хидматӣ дошт.
Рӯзи аввали сафар дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти ташкилоти ҷамоатии «Маркази маънавият ва маърифати ӯзбекон» ва фаъолони он вохӯрӣ баргузор шуд. 
Худи ҳамон рӯз аъзои ҳайат ба шаҳри Душанбе рафтанд. Субҳи рӯзи дигар онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ қабрҳои Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва Мавлавӣ Ҳоҷӣ Ҳиндустониро зиёрат карданд. Намояндаи бузурги таълимоти Нақшбандия Мавлоно Яъқу-би Чархӣ, ки устоди Ҳоҷа Аҳрори Валӣ ба шумор рафта, дар нимаи аввали асри XV дар Мовароуннаҳр зиндагӣ кардааст, дар деҳаи Чархи наздикии шаҳри Ғазна (Афғонистон) таваллуд шудааст. Вай баъд аз он ки илмҳои замонаи худро азхуд кард, дар дил нисбат ба тасаввуф хоҳиш пайдо мекунад, ба Бухоро меояд ва бо Ҳоҷа Баҳоуддин Нақшбанд вохӯрда, ба шогирдии ӯ пазируфта мешавад. Чархӣ дар асри XV дар даврони Темуриён ҳамчун намояндаи бузурги таълимоти Нақшбандия маъруф мегардад.
Номи аслии Мавлавӣ Ҳоҷӣ Ҳиндустонӣ Муҳаммадҷон буда, писари Мулло Рустам мебошад, вай соли1892 дар деҳаи Чорбоғи тобеи музофоти Қӯқанд таваллуд ёфтааст. Аҳли илм номи ин алломаро, ки 97 сол умр дидааст, ҳамчун «Ҳоҷӣ Ҳиндустонӣ», «Мавлавии Ҳиндустонӣ», «Ҳоҷӣ домулло», «Ҳазрати Мавлавӣ» машҳур шудааст, бо ҳурмату эъзоз ба забон меоваранд. Ӯ тарҷумаи маънавии Қуръони карим – китоби «Баён ул-Фурқон фи тарҷиматул-Қуръон»-ро тасниф кардааст.
Дар идомаи зиёрат бо имом-хатиби масҷиди ба номи Мавлоно Яъқуби Чархӣ, фаъолон ва ӯзбекон, ки барои зиёрат омадаанд, мулоқот баргузор шуд.
Сипас ҳайат Боғи Рӯдакии маркази шаҳри Душанбе, майдонеро, ки дар он ҷо Парчам ва Герби он давлат гузошта шудаанд, муҷассамаи Исмоили Сомониро, ки рамзи асосии шаҳр маҳсуб меёбад, сохтмон ва ободониҳоеро, ки дар пойтахт амалӣ мешаванд, тамошо карданд.
Дар сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон муаррифии китоби «Тожикистон ӯзбек адабиёти антологияси» ба амал омад. Дар он Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Шоисматов, ходимони сафорат, аз Кумитаи иҷроияи Бунёди байналхалқии наҷоти Арал намояндаи Ӯзбекистон И.Ҷӯраев, сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» нашрияи ӯзбекии ҳукумати Тоҷикистон Ё.Абдуманнонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» М.Камолова, вакилони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шоирон, нависандагон, журналистон ширкат ҷустанд. Аз номи ҳайат муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, фаъоли Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» Ғ.Маҷидов, инчунин мудири шуъбаи Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷии  назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ф.Беков ба сухан баромаданд. 
Ба сафоратхонаи Ӯзбекистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва рӯзномаи «Халқ овози» аз ҷониби Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» китобҳо тақдим гардиданд. Ҳамчунин ба Кумитаи иҷроияи Бунёди байналхалқии наҷоти Арал, таҳририяти «Народная газета» ва шоиру нависандагон аз номи Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ китобҳо туҳфа шуданд. Тадбир самимӣ ва бо рӯҳбаландӣ гузашт. Нотиқон барои эътиборе, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ба ҳамзабонони тоҷикистонӣ зоҳир мегардад, миннатдорӣ баён карданд ва хурсандии худро изҳор доштанд.
Дар рӯзи охири сафар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муаррифии китоби «Тожикистон ӯзбек адабиёти антологияси» ба амал омад. Дар он ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷ.Ҷӯразода, сардори Иттиҳодияи хоҷагии оби ҳавзаи оби «Сирдарё» О.Холхӯҷаев, муовини раиси Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд М.Бойматова ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи муносибатҳои байни халқҳоямон ва робитаҳои адабӣ ҳарф заданд.
Дар доираи чорабинӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Маркази маънавият ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғд, Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд, ба мактаби рақами 33-юми ноҳияи Спитамен китобҳо супурда шуданд.
Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба корҳое, ки дар Ӯзбекистон бобати ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об амалӣ мешаванд, тақдимот баргузор шуд. Чорабиниро сардори Иттиҳодияи хоҷагии оби ҳавзаи «Сирдарё» О.Холхӯҷаев кушод. Дар он мутахассиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Омад Стар» А.Абдураҳмонов дар бораи технологияҳои каммасрафи об ва афзалиятҳои онҳо маълумот дод.
Сафари ҳайат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсамар ва аз мулоқот ғанӣ буд. Дар он нақшаҳои минбаъда бобати мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳоямон муайян шуданд.

Шуҳрат СУЮНОВ,
директори иҷрогари Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: