САФАР БО НАТИҶАҲОИ ЗИЁД АНҶОМ ПАЗИРУФТ

Зимни як сафари ҳайати вилояти Фарғона таҳти раёсати Хайрулло Бозоров ба Олмон ва Австрия бо маблағи умумии 238,9 миллион доллари амрикоӣ 8 шартномаи сармоягузорӣ ва содиротӣ ба имзо расид.

Дар ҷараёни сафар аъзои ҳайати мазкур дар шаҳрҳои Франкфурт ва Нюрнберги Олмон ва дар шаҳри Гмундени Австрия бо ходимони ниҳодҳои молиявӣ, ширкатҳои тиббӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ дидору мулоқотҳо ва музокирот анҷом додаанд.
Аз ҷумла, 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 232 миллион доллар ва 3 шартномаи содиротӣ бо сармояи 6,9 миллион доллар, инчунин 1 созишномаи ҳамкорӣ дар ин сафар имзо шудааст. Гузашта аз ин, ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар Фарғона маркази диагностикаи тиббии аз ҳар нигоҳ муҷаҳҳазу замонавӣ арзи вуҷуд хоҳад кард.  
Ҷиҳати истеҳсоли сими мис, лӯлаҳо ва маҳсулоти фолгавӣ як лоиҳа бо маблағи умумии 169 миллион доллари ИМА низ ба имзо расидааст. Ин лоиҳа дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Қӯқанд” мавриди татбиқ қарор дода мешавад. Тибқи боз як тавофуқ пешбинӣ шудааст, ки меваю сабзавоти хушки истеҳсоли вилояти Фарғона вориди бозорҳои Олмон хоҳанд шуд. 
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои байни ширкати «JES Green Line Gmbh» ва ҶММ «ИЛЯСОВ», ки бахше аз ширкати холдингии «Марафон Групп»-ро ташкил мекунад, бо арзиши 5 миллион доллар шартномаҳои содиротӣ ба имзо расидааст.
Ҳамаи ин гуфтушунидҳо дар ояндаи наздик барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд хеле мусоидат хоҳанд кард.
 Ин ҳайат пеш аз бозгашт  дар намоишгоҳи кишоварзӣ ва хӯроквории «BIOFACH-2022»-и Нюрнберг ширкат варзидааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: