Чанде пеш гузориши маҷаллаи маъруфу муътабари «The Economist «- ро рӯйи сафҳаи фейсбукиам кошта будам, ки Ӯзбекистонро «Кишвари сол» эълон карда буд.
Ростӣ, бовар надоштам, зеро ҳамеша ба ҳама навиштаҳо бо шубҳаву шакк менигарам. Бо вуҷуди бовар накардан ин хабари хушро ба ҳамсоягонамон табрик гуфтам ва назди худ аҳд кардам, ки ҳатман дар сафаре, ки пешопеш ба нақша гирифта будам, аз дидаҳоям нақл кунам ва аз дурустиву нодурустии он бигӯям. Субҳи 3-юми январ аз тайёраи Turkish Airlines ба Тошканд фуруд омадам.
ФУРУДГОҲ
Корти шиносоии ҳар кишвар яқинан фурудгоҳу вокзалу гузаргоҳҳои марзиаш ҳастанд. Дар фурудгоҳ истиқболи кормандон хеле гарм буд. Ходимони назорати шиноснома хеле муаддабона ва бо эҳтироми хос ба меҳмонони кишварашон бархӯрд доштанд. Корманде, ки шиносномаи маро тафтиш мекард, аз ман бо меҳрубонӣ ва эҳтиром узрхоҳӣ кард, ки мушкиле пеш омадааст ва бираваму каме биншинам, баъд ӯ худаш маро садо хоҳад кард. Намедонам чӣ мушкиле буд, вале дар зарфи 30 дақиқа се бор наздам омад ва ҳар бор мегуфт: «Бахтиёрака, бубахшед ками дигар сабр кунед».
Ин лаҳзаҳо худам ба чашму гӯшам бовар намекардам, ки дар Ӯзбекистон ҳастам ё кишвари дигар. Баъд маро садо карда, шиносномаро ба дастам доданду бароям сафари хушу хотирмон орзу карданд. Аз назоратгоҳ берун шудам ва рафтам то ҷомадонамро бигирам. Онро гирифтам ва хостам симкорт бихарам.
Пешопеш дӯстон гуфта буданд, ки дар худи фурудгоҳ метавон симкорт харид. Осон лавҳаҳои вежа барои сайёҳонро ёфтам ва боз ҳам бо муҳаббати хосу лутфу зиёд симкорти ӯзбекистониро ба тилфонам гузоштанду истироҳати хуш таманно карданд.
ТОКСИРОНҲО
Берун баромадам, токсиронҳои бисёре мунтазири муштарӣ буданд ва мепурсиданд куҷо мехоҳам равам, то бибаранд ва ҳеч кадом ба одам “намечаспид”. Чун мегуфтам, ки дӯстонамро интизорам ва меоянду бо онҳо меравам, боз ҳам меҳрубон буданд. Яке лутф мекард, ки дар мошинаш биншинам, то хунук нахӯрам, дигаре гӯшиашро пешкаш менамуд, то ба дӯстонам занг бизанам...
МИЛИСА
Милисаро дар шаҳр қариб ки намебинӣ. Ва бо чанде, ки вохӯрдам, бо ҳар баҳонае аз эшон суол мекардам, бодиққат гӯш мекарданд ва ба қадри донисти худ ҷавоб медоданд. Аз он бархӯрди бад, ки солҳои 90-ум буд, ному нишоне намондааст. Намедонам чӣ тур, вале тавонистаанд, ки дар ин сохтор низ дигаргуниҳои хубу назаррас анҷом диҳанд.
САРРОФӢ
Медонем, ки бозори арзи Ӯзбекистон пештар чӣ тур буд. Пинҳонӣ арз иваз мекарданд ва агар милиса бохабар мешуд, ҳатто зиндон ҳам мекард ва фарқи бадали арз ҳам дар бонкҳо ва “бозори сиёҳ” хеле тафовут дошт. Ҳоло онро бо фисади ночизе дар бонкҳо иваз мекунанд, ҳеч ҳаёҳуе нест ва бозори сиёҳи хариду фурӯши арз аз байн рафтааст.
Берун аз тасаввур аст, ки ҳар фард метавонад дар як рӯз то 100 ҳазор доллар иваз кунад.
БОЗОР
Ман чун як одами шарқӣ ошиқи бозорам. Зеро аз бозор ҳар чӣ хостӣ, бо қимате, ки розӣ ҳастӣ, мехарӣ. Қариб 60 дарсади маҳсулоти бозор аз навои зиёди панир, ҳасиб, ширу қаймоқу шаробу дигару дигар сар карда, то мошину трактор истеҳсоли худи Ӯзбекистон аст.
ОМӮЗГОР
Таваҷҷуҳи вежаи Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба тарбияву таҳсили насли наврас қобили ситоиш аст. Ӯ ба кӯдакистону макотиб диққати хоса медиҳад. Ҳақи миёнаи омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ баробари 280 доллори амрикоӣ аст. Президент ният дорад, ки ин рақамро дучанд боло барад. Омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ҳоло аз 700 то 1000 доллор моҳона мегиранд.
МАСОҶИД ВА ОЗОДИҲОИ ДИНӢ
Ҳутали ман рӯбарӯи яке аз масоҷиди ҷомеи Тошканд буд ва ман аз тиреза намозгузоронро мушоҳида мекардам. На танҳо рӯзи ҷумъа, дигар рӯзҳо низ намозгузорон кам набуданд. Аксарашон ҷавонон. Бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудам, шодиовар буд, ки аслан таассуби динӣ надоштанд. Ҳарчанд ман ҳарфҳое сахту тунд мегуфтам. Дар кӯчаҳои шаҳр бонувони сатрпӯш ва ҷавонони ришдор бо ҳамсолони худ, ки мисли ҷавонони Вошингтону Порису Берлин либос мепӯшиданд, озодона гаштугузор мекарданд. Қаҳвахона ва ресторунҳо, ки дар сари ҳар қадаманд, ҳамеша серодам.
ОЗОДИИ БАЁН
Раисиҷумҳур аҳамияти озодии баёнро дар рушди кишвар хуб дарк кардааст. Аз ин рӯст, ки ҳамвора рӯзноманигорон ва блогеронро даъват мекунад, ки ҷасурона аз камбудиҳое ки дар кишвар мебинанд, интиқод кунанд ва ба худсонсурӣ роҳ надиҳанд.
МАРҲАБО, ХУШ ОМАДЕД!
Инҳо калимаҳое мебошанд, ки меҳмонон дар сари ҳар қадам мешунаванд. Сиёсати дарҳои боз ва муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо натиҷаи хуб дода. Танҳо сайёҳӣ дар соли гузашта тахминан 6.5 миллиард суд овардааст. Аз сармоягузориҳое, ки Чину Туркияву дигар кишварҳо кардаанд, чизе намегӯям. Танҳо дар як сафари соли гузаштаи Раисиҷумҳур ба Фаронса қарордодҳо ба маблағи бештар аз 5 миллиард доллар ба имзо расидаанд.
ГУЛИ УМЕД
Дар ин сафар, ҳар ҷо ки мерафтам, бо ҳар кас, ки менишастам, як падида эҳсос мешуд: ҳама ба оянда бо як умед бо назари нек менигаранд ва хушбинанд. Ин як ангеза (мотиватсия) барои сохтани зиндагии обод барои худ ва шукуфоии кишвар аст. Дӯсти тошкандиям инро “Баҳори Мирзиёев” мегуфт...
Бахтиёр АМИНӢ,
сайёҳ аз Олмон.