ё худ Эрон кишвари мӯъҷизаосо
Ҳавопаймои мо аз майдони ҳавоии байналмилалии Тошканд парвоз карда, баъди се соат дар майдони ҳавоии ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку фуруд омад.
Саҳни бинову иншооти майдони ҳавоии Боку то даруни шаҳр хеле озода ба назар расид. Аз тамошои ин биноҳову иншоот, ки хеле замонавӣ сохта шуда буданд, ҳар бинанда ба ҳайрат меомад. Дарвоқеъ, кулли мусофирон, аз ҷумла аъзои понздаҳнафарии гурӯҳи мо, ки барои бозомӯзии забони форсӣ, табодули таҷриба ва саёҳат озими Эрон буданд, аз ин хеле хушҳол шуданд.
Пойтахти Озарбойҷон баъди касби истиқлолият хеле ободу зебо шудааст. Қаблан шунида будам, ки озариҳо таҳти сарварии Президент Илҳом Алиев дар шаҳрсозӣ ба пешрафтҳои азим ноил шудаанд. Тамошои ин шаҳр, ҷилои биноҳои гуногунсохту бошукӯҳи он мавриди таваҷҷӯҳи мо низ қарор мегирифт.
Намунаи беҳтарини ин шаҳрсозиро ҳар фард метавонист дар мисоли пойтахти Озарбойҷон бубинад. Ҳар як бино мувофиқи тарҳи алоҳида ва суннатҳои мардумии он бунёд ёфта буд. Дидани чунин иншооти хушсохту замонавӣ, ҳаракати боназми нақлиёт, бидуни иштибоҳ, барои ҳар меҳмони он хушоянд буда метавонист.
– Ҳаракати мошинҳоро бубинед. Роҳи равони мошингард ба як самт ба чаҳор қисм ҷудо шуда буд ва суръати ҳаракати нақлиёт тавассути ҳар як хати ин роҳ мухталиф муқаррар мешуд, – мегӯяд ҳамсафари мо, устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев.
Вақте ки бо автобус аз Боку ба посгоҳи гумрукиву марзбонии Астара расидем, то маҳали назорати шиносномаҳо аз мусофирбар поён нашудем. Ин ҳолро низ дар ҷои дигар надида будем.
– Акнун шиноснома ва борҷомаҳои худро гиред ва аз назорати марзбониву гумрукӣ гузаред, – эълон кард ронандаи автобус.
Вай аз форстаборони шаҳри Теҳрон будааст ва солҳо боз дар масири Теҳрон–Боку мусофиркашонӣ мекардааст. Ба ин ронанда бо ҳисси кунҷковӣ суолҳо медодем.
Мо шиносномаву борҷомаҳои худро аз назорат гузаронидем ва дубора ба автобус савор шудем. Гумон кардам, ки масофаи байни ду посгоҳро шояд пиёда тай кунем. Аммо ин гумонам нодуруст баромад ва ронанда моро то дохили посгоҳи шаҳри Астараи Эрон интиқол дод. Хеле зуд аз он гузаштем. Хушбахтона, ҳеч мушкиле пеш наомад, ки мӯъҷиби нороҳатии ҳамсафарони мо гашта бошад.
Ёдовар мешавам, ки шаҳристони Астара ё Осторо дар шимолу ғарби Эрон воқеъ гаштааст ва марбути вилояти Гелон мебошад. Ин мавзеъ шаҳристони бандарӣ аст ва аҳолии он ҳудуди 50 ҳазор нафарро ташкил мекардааст. Астара аз шаҳристонҳои тиҷоратӣ ва гумрукӣ буда, аз тариқи он молу маводи зиёди Эрон ба Русия ва баръакс интиқол меёбанд.
– Акнун то шаҳри Теҳрон бештар аз нӯҳ соат роҳ монд, – гуфт ронандаи мо бо як назокати хос.
Баъд аз шаҳристони Астара ба ҷониби шаҳристонҳои Рашт ва Қазвин ҳаракат кардем. Шаҳристони Рашт, ки қаблан ба номи Доруламон шӯҳрат доштааст, дар айни ҳол маркази маъмурии вилояти Гелон ба шумор меравад. Нуфуси ин шаҳристон бештар аз 622 ҳазор.
Аҳолии он асосан аз гелониҳо, озарҳо, толишҳо ва мозандарониҳо иборат будааст.
Аз маълумоте, ки ба даст омад, дар ин ҷо якчанд донишгоҳ низ мавҷуд буда, бештар бо таълимоти динӣ машғуланд. Шаҳристони Қазвин низ дар ҳамин масир воқеъ гашта буд. Аҳолии он беш аз 331 ҳазор нафар ва аз шаҳрҳои саноатии Эрон маҳсуб меёфтааст. Дар он корхонаҳои бофандагӣ, абрешим ва чармбарорӣ мавқеи ба худ хос доштаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
ТОШКАНД–БОКУ–ТЕҲРОН.