САФАРЕ БА КИШВАРИ МУЪҶИЗАҲО

Шоир ва ношир, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Исмоилзода чанд рӯз пеш аз сафари мамлакати афсонаҳо – Миср баргашт.

Шоир ва ношир, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Исмоилзода чанд рӯз пеш аз сафари мамлакати афсонаҳо – Миср баргашт. Мо бо ӯ вохӯрда, доир ба таассуроти сафараш пурсон шудем.
– Зиёратҳо қабул Асадуллоҳ!
– Худованд муроди ҷумла муъминонро ҳосил бигардонад!
– Рӯйи олам дидан одам 
дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон 
санҷидан аст...
– Оре, ин мисраъҳои устод Мирзо Турсунзода мақсаду мароми сафари моро ифода мекард. Моҳи апрел аз ҷониби Созмони байналмилалии “Форуми мадании Тагрид Файёд Ливан” ба як гурӯҳ аҳли илму адаб барои иштирок дар рӯзҳои маданият ва адабиёти Ӯзбекистон дар Миср даъватнома омад. Дар он қатор, хушбахтона, номи ман ҳам буд. Рӯзи 30-юми апрел мо ҷониби мамлакати мӯъҷизаҳо – Миср парвоз намудем ва ба бандаргоҳи ҳавоии шаҳри сайёҳии ин мамлакат Шарм-ал Шайх, ки дар қитъаи Осиё ҷойгир аст, фуруд омадем. Пас аз як рӯзи истироҳат ва дидани ҷойҳои сазовори ин шаҳри навбунёд, ки таърихи 40-сола дораду танҳо барои сайёҳон бунёд шудааст, моро барои иштирок дар анҷуман ба шаҳри Коҳира бурданд. Пойтахти Миср – Коҳира дар қитъаи Африқост.
– Яъне Шумо дар як сафар ду қитъаи рӯйи Заминро дида, ҷойҳои маълуму машҳури онро тамошо кардед.
– Шукр, ки дидани Эҳромҳои Миср, дарёи дарозтарини дунё – Нил, яке аз китобхонаҳои бузургтарини олам Искандария, Баҳри Миёназамин ва Баҳри Сурх нисибамон гардид.
– Рӯзҳои маданияту адабиёт чӣ гуна сурат гирифтанд?
– Мақсади асосии ташрифи ҳайати намояндагони Ӯзбекистон, ки аз адибону аҳли санъат ва ҷавонони соҳибистеъдод иборат буд, иштирок дар тадбирҳои маданию маърифатӣ ва адабӣ ба шумор мерафт. Дар шаҳри Коҳира ба ин мақсад чандин шабҳои шеър баргузор гардид. Хушбахтона, ман ҳам аз намунаҳои эҷодам барои иштирокдорони анҷуман, ки аз давлатҳои гуногуни қитъаҳои Осиё ва Африқо иштирок доштанд, бо забони тоҷикӣ қироат намудам. Иштирокдорон хуб пазируфтанд. Дар доираи ин форум тақдимоти китоби дастҷамъии ҳайати намояндагони Ӯзбекистон бо номи “Саёҳат ба дилҳо”, ки бо забонҳои арабӣ ва англисӣ дар Коҳира нашр гардидааст, баргузор шуд. Дар ин китоб чанд шеъри камина ҳам бо тарҷума ба забонҳои англисию арабӣ дохил шудааст.
– Табрик мекунем, ин барои эҷодкор дастоварди бузург аст.
– Дар ҳақиқат, барои ман ҳам шунидани шеърҳоям бо забони арабӣ аз ҷониби ровиёни араб хеле гуворо буд. Китоби мазкур арзишмандтарин раҳоварди ин сафар буд.
– Лаҳзаҳои хотирмони сафар...
– Ин сафар лаҳзаҳои зиёди фаромӯшнопазиру хотирмон дошт. Дар як шаби шеър, ки дар саҳна парчамҳои давлатии Ӯзбекистону Миср гузошта шуда буданду шеърдӯстони зиёд ҷамъ омаданд, мадҳияи Миср садо дод. Пас аз анҷоми он бо сабабҳои техникӣ мадҳияи Ӯзбекистон садо надод. Ташкилотчиён ба нишастан даъват намуданд. Аксар нишастанд, вале мо намояндагони Ӯзбекистон, гӯё маслиҳат карда бошем, (лекин бе ҳеҷ омодагӣ) даст ба рӯйи сина гузошта баробар мадҳияи мамлакатамонро сурудем. Тамоми аҳли толор аз ҷой хеста, бо эҳтиром ва ҳайрат ба мо менигаристанд. Кафкӯбиҳои бардавом толорро ба ларза овард. 
– Китобхонаи Искандария чӣ таассурот гузошт?
– Ман, ки чандин сол инҷониб ба табъу нашри китоб машғулам, дар дил орзу доштам, ки китобхонаҳои бузурги дунёро бинам. Дар ин сафар дидани яке аз қадимтарин ва бузургтарин китобхонаҳои олам – Китобхонаи Искандария насибам гардид. Он дар соҳили Баҳри Миёназамин ҷойгир аст. Вақте ба даромадгоҳи китобхонаи мазкур омадем, мардуми зиёде дар навбат буданд. Ба мо маълумот доданд, ки ин маскани маърифат дар як вақт 2000 китобхонро қабул карда метавонад. Толорҳои барҳавои мутолиа, осорхонаҳои санъату маданият ва таърихи матбааи дунёро тамошо карда, кас дар бораи пайдоиши хат ва китоб маълумот мегирад. Ин ҷо тақдимоти китоби “Саёҳат ба дилҳо” баргузор шуд. Ман дар бораи фаъолияти ноширӣ дар Ӯзбекистон маълумот додам. Пас аз он 10 номгӯй китоби худро ба бойгонии ин китобхона тақдим намудам. Масъулони он китобҳоро бо мамнуният қабул ва барои онҳо ҷойи махсус ҷудо карданд. Аз он хушнудам, ки акнун асарҳои ман ҳам дар бойгонии ин китобхонаи машҳури дунё ҷой дорад. 
– Гашта-гашта аз 
сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба 
парвоз омадам...
– Бале, гашта-гашта пас аз як ҳафта бо таассуроти зиёд аз мамлакати муъҷизаҳо ҷониби ватани маҳбубамон парвоз намудем. Ростӣ, табиату обу ҳавои Ӯзбекистони азиз таровати ба худ хос дорад. Баъди ба фурудгоҳи Тошканд расидан танамон гӯё рӯҳи тоза гирифт. Худо хоҳад, нақшаи таассуроти худро батафсил хоҳам навишт.
– Ба орзуи худ расед.
– Ташаккур!

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: