САФАРИ АҲЛИ ҚАЛАМ – БА ФАРҒОНА

Ба вилоятҳо сафар кардани журналистон аз анъанаҳои навинест, ки дар ду соли охир бо саъй ва эҳтимоми Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва шӯъбаҳои вилоятии он дар кишварамон роҳандозӣ мешавад.

 Ба вилояти Фарғона сафар намудани як гурӯҳи калони адибон, сармуҳаррирони нашрияҳои даврӣ, сайтҳои интернетӣ ва блогерҳо маҳз аз ҳамин иқдоми наҷиб маншаъ гирифтааст.  
– Меҳмонҳо тавассути қатори поезд ба шаҳри Қӯқанди латиф расиданд ва дар ин ҷо бо тантана ва шукӯҳи хос истиқбол гирифта шуданд. Баъд  онҳо сафари худро аз шиносоӣ бо бунёдкориҳое шурӯъ намуданд, ки дар солҳои охир дар ин шаҳри зебо ва дилрабои вилоят ба вуқӯъ пайвастаанд, – гуфт раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Обидов.
Аъзои гурӯҳ аз осорхонаи “Алломаҳои бузург”-и Қӯқанд боздид намуданд. Дар осорхона қадриятҳои миллӣ, сарватҳои беназир ва ноёби маънавият гирдоварӣ шудаанд. Меҳмонон ҳамчунин  дар осорхона бо мероси алломаҳо ва адибоне ошно шуданд, ки маҳз дар ин шаҳр зиндагонӣ ва эҷод кардаанд. 
Шаҳраки қадимии Риштон дар ин рӯзҳо комилан намои дигарро касб менамояд. Дар ин ҷо корҳои сохтмон бо суръати баланд идома доранд. Дар айни ҳол барои васеъ намудани шоҳроҳи асосӣ, ки аз миёни ин шаҳрак мегузарад, ҳавлиҳои зиёд, иншоот ва биноҳои сари роҳ қисман ё куллан вайрон карда шуданд ва ба ҷои он биноҳои наву замонавӣ бунёд мегарданд.   
Меҳмононро дигаргуниҳое, ки дар ин шаҳраки қадимӣ рух медиҳанд, хеле ба ваҷд овард. Дар пайи он меҳмонон аз якчанд боргоҳи ҳунари кулолгарони риштонӣ боздид намуданд, ки шуҳрати онро берун аз Ӯзбекистон машҳур кардаанд.
  – Вақте ки меҳмонон ба ноҳияи Олтиариқ равона шуданд, интизор мерафт, ки пеш аз ҳама аз хоҷагии фермерии “Нурли обод”-и Қаҳрамони Ӯзбекистон Лолахон Муротова ҳатман боздид мекунанд. Дар бошишгоҳи саҳроии ин хоҷагии фермерӣ суҳбату мулоқотҳои шавқовар, ҳазлу шӯхиҳои фаромӯшнопазир ба вуқӯъ пайваст ва дар лавҳи хотири меҳмонон нақши муассир гузошт, – гуфт раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон.
Сармуҳаррирон, журналистон ва блогерҳо дар иҷлосияи навбатии телевизионии “Пресс-клуби Фарғона” ширкат карданд. Дар он ба манзури пешбурди кори хабарнигорӣ, бурду бохт ва вазифаҳои муҳими журналистон фикру назар ва ақидаҳои муҳим баён гардиданд. Яке аз масъалаҳои доғи рӯз мавзӯи “Озодии баён ва масъулияти он” мебошад, ки дар атрофи он баҳсу мунозираҳои зиёд сурат гирифт.
Баъд меҳмонон  маҷмӯаи асппарварии “Аспҳои водӣ”, ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсолии коғази сангии шаҳри Қувасойро тамошо карданд, бо фаъолияти маҷмӯаи бофандагии “Наримтекс”-и Ӯзбекистону Хитой аз наздик ошно шуданд. 
Дар идомаи сафар меҳмонон озими шаҳри Марғелон шуданд. Онҳо қабл аз ҳама ба назди муҷассамаи шоири маъруф, Қаҳрамони Ӯзбекистон Эркин Воҳидов омаданд ва ба зери ин муҷассама гул гузоштанд. 

Файзулло ИБРОҲИМОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: