Дар якчанд тӯю хурсандии хонаводаи мо меҳмонони асосӣ – холаҳову тағоҳоям иштирок карда натавонистанд.
Агар тавонанд ҳам, як ё ду нафарашон омада метавонистанд халос. Онҳо дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд ва солҳои зиёд бо сабаби душвориҳои сафар, роҳи баста, мушкили дарёфти раводид имкон намеёфтанд, ки омадурафт кунанд.
Аммо, вақте ки роҳҳои баста кушода шуданду муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯ ба беҳбудӣ оварданд, шодиву хурсандии моро ҳадду канор набуд. Модарам баъди солҳои зиёд бо шодмонӣ нахустин маротиба бе раводид сӯйи зодгоҳаш – шаҳри Тошканд роҳ пеш гирифт.
***
Соли 1974 падарам Бобоҷон Абдулвоҳидов (рӯҳашон шод бод!), ки ба Тошканд, барои таҷрибаомӯзӣ фиристода шуда буданд, ба духтараки тошкандӣ Марҳабо дил мебанданд. Пас аз се соли шиносоӣ онҳо оила барпо мекунанд ва модарам ба Тоҷикистон меояд.
Модарам мегӯяд: «ҳатто фикр ҳам намекардем, ки рӯзе мерасаду роҳҳо баста мешаванд ва робита бо пайвандон қатъ мегардад. Вале сад афсӯс, бар рағми хоҳишу иродаи мардуми ду кишвар солҳои дароз девори ҷудоӣ миёни фарзандону волидайн ва бародарону хоҳарон баланд гардид».
– Шукри Худо, ҳар чӣ буд, гузашт. Имрӯз неруи дӯстиву рафоқат пирӯз шуд ва марзҳои бастаро ба арзҳои дӯстӣ табдил дод, – хурсандона меафзояд ҳоло модарам.
Вақте модарам аз Тошканд баргашт, давоми чанд рӯз аз шодиву хушҳолии мардуми он ҷо сухан мегуфт. Аз Душанбе тавассути Панҷакент ба Самарқанд ва аз Самарқанд ба Тошканд рафт. Аз сифати баланди роҳи Душанбе – Панҷакент, суҳбат бо ҳамсафарони тоҷикистонӣ, ки ба дидорбинии хешу табор мерафтанд, ҳарф мезад ва чашмонаш аз хурсандӣ медурахшиданд. Аз ҷумла, гуфт: мӯйсафеде, ки духтару наберагонашро солҳо боз надида будааст, беист такрор мекард: «Худованд, умри сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистонро дароз кунад, дуои хайри ҳазорон мардуми чашм ба роҳро гирифтанд. Мо аз ин дурӣ хеле ба танг омада будем. Охир, Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо ҳамсояи наздик, балки ду бародаранд, ки мардумаш дар ҳам омехтаанд».
– Дар Тошканд фазои идона ҳукмрон буд, – нақл мекунад модарам. – Нишасти аҳли оила ин дафъа тамоман дигаргуна ба назар мерасид. Мо мисли солҳои пеш дигар дар сухан гуфтан саросема набудем, медонистем, ки дигар рафтуомад осону арзон ва бафурҷа аст. Дар хонаи ҳамсоя бошад, гурӯҳи дигари меҳмонони тоҷикистонӣ суҳбат ороста буданд…
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»