Барномаи пурмазмуни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Қазон ба охир расид.
Баъди анҷоми чорабиниҳои сафари корӣ Сарвари давлатамон ба Тошканд рафт. Дар фурудгоҳ меҳмони олиро Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Президенти Ӯзбекистон дар ҷаласаи умумии нишасти "БРИКС плюс" бо ташаббусҳои муҳиме, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои муштараки рушди устувор нигаронида шудаанд, суханронӣ кард.
Дар ҳошияи чорабинӣ Сарвари давлатамон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин, Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фам Мин Тин, Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, президенти Банки нави тараққиёт Дилма Русеф, раиси раёсати "Сбербанк" Герман Греф мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом дод.
Ҳамчунин барои саҳми арзандааш дар рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тотористон, таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни халқҳо маросими супурдани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тотористон – ордени «Дуслык» ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.