Чорабиниҳои барномаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Остона анҷом ёфт.
Дирӯз, 3 июл, сарвари давлати мо бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин гуфтушунид анҷом дода, дар рафти он масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, масоили густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Имрӯз Президенти кишварамон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқот дар формати “СҲШ плюс” иштирок намуда, дар он як қатор пешниҳоду ташаббусҳои муҳимро, киба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои шарикии гуногунҷанба дар фазои созмон нигаронда шудааст, ба миён гузошт.
Дар анҷоми чорабиниҳои сафар Президенти Ӯзбекистонро дар фурудгоҳи байналмилалии Остона Сарвазири Қазоқистон Олҷас Бектенов ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд. Сарвари давлатамон ба Тошканд рафт.