Дар вилояти Фарғона ташкили сафари матбуотии кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар вилояти Фарғона ташкили сафари матбуотии кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин бор чунин сафар аз тарафи Садорати вилоятии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ роҳандозӣ гардид. Як гурӯҳ журналистон ба ноҳияи Данғара сафар намуданд.
– Мақсад аз ташкили ин пресс-тур ҳамин аст, ки журналистони нашрияҳои марказӣ ва маҳаллӣ, радио ва телевизиони давлативу хусусӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли он бевосита ҷараёни кори кишоварзону соҳибкоронро аз наздик бубинанд, бо дастовардҳои меҳнатии онҳо ошно шаванд, – гуфт ба мухбири “Овози тоҷик” сармутахассиси ин садорат Мирзоҳид Мирзоев.
Вай афзуд, ки чунин сафарҳои матбуотии журналистон зуд-зуд ташкил карда хоҳад шуд.
Масоҳати умумии ноҳияи Данғара 440 километри мукаабро ташкил мекунад. Он аз чаҳор тараф бо ноҳияҳои Фурқат ва Учкӯприк, вилояти Намангон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон марзҳои муштарак дорад. Теъдоди аҳолиаш бештар аз 180 ҳазор нафар мебошад. Ноҳияи мазкур 40 ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳоро муттаҳид намудааст. Дар ноҳия мунтазам корхонаҳои саноатӣ арзи вуҷуд мекунанд ва барои коҳиши бекорӣ саҳми калон мегузоранд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳокими ноҳия Шуҳратҷон Тоҷиҳакимов роҷеъ ба ҳимояи иҷтимоии аҳолии ноҳия дар давраи пандемия маълумоти муфассал дод, ки гуфта мешавад, ҳамчун қишри камбизоат ба феҳрасти “Дафтари оҳанин” ворид шудаанд,.
– Дар ин дафтар аввал 2 ҳазору 246 хонаводаи камбизоат бо шумори 9 ҳазору 561 нафар аъзои он ворид шуда буданд. Ба онҳо ҳафт миллиард сӯм кӯмакҳои молӣ расонида шуд. 2,7 миллард сӯми он аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, 564, 4 миллион сӯм аз буҷаи маҳаллӣ, 382,5 миллион сӯм аз ҳисоби хазинаи “Саховат ва кӯмак”-и ноҳия, 2,2 миллард сӯм аз ҳисоби бонкҳои тиҷоратӣ ва 1,2 миллиард сӯм аз ҳисоби ҳомиёни ташаббускор пардохта шуданд, – гуфт Шуҳратҷон Тоҷиҳакимов.
Ҳокимияти ноҳияи Данғара мусоидат намудааст, ки бист хонавода барои беҳтар намудани вазъияти иқтисодии худ ба соҳибкории хусусӣ машғул шаванд. Ҳокимият ба ин хонаводаҳо 40 сар гӯсфанд ва 26 ҳазор парранда ҷудо карда додааст.
– Бо қаноатмандӣ гуфта метавонам, ки илова ба ин корҳо 1 ҳазору 137 аъзои оилаҳои камбизоат бар асоси татбиқи лоиҳаҳои мо ба кор банд карда шуданд. Онҳоро корхонаҳои саноатӣ ва сохтумонҳо ба кор пазируфтанд, – тазаккур дод Шуҳратҷон Тоҷиҳакимов.
Маълум шуд, ки дар ин ноҳия барномаи “Ҳар як оила – соҳибкор” вусъат меёбад. Барои талабгорон бонкҳо қарзҳои имтиёзнок ҷудо мекунанд. Ин маблағҳо барои ба кор андохтани гармхонаҳо, кооператсияҳои истеҳсолии меваву сабзавот равона карда шудаанд.
Вай дар робита ба таъмини мардуми бархе аз ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия бо гази табиӣ иброз намуд, ки лӯлаи гази табиӣ қаламрави ноҳияи Данғараро убур мекунад, бо вуҷуди ин дар ин самт баъзе мушкилиҳо мавҷуданд. Ба гуфтаи Шуҳратҷон Тоҷиҳакимов дар ҳамоҳангӣ бо идораи газтаъминкунии вилоят як қатор сокинони деҳаҳову маҳаллаҳо бо гази табиӣ таъмин карда шуданд. Қисмати боқимондаи мардум хонаҳои худро дар фасли зимистон бо ангишт гарм хоҳанд кард.
Баъд журналистон аз гармхонаи марбути корхонаи “Реал кабел инвест” боздид карданд. Ин гармхона дар масоҳати дуним гектар сохта шудааст. Барои сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он дастикам якуним миллион доллари амрикоӣ харҷ шудааст. Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур маблағи аз ҳисоби кредит гирифтаашро аллакай бо фоизаш ҷуброн кардааст.
– Гармхона бо усули қатраӣ обёрӣ карда мешавад. Ин ҷо ба таври доимӣ 35 нафар ва мавсимӣ 100 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Ҳосили давраи аввал ҷаъоварӣ ва ба дасти муштариёни мо дар Русия расид. То анҷоми соли равон дар маҷмӯъ 500 тонна помидори хушсифатро ба ин кишвар содир хоҳем кард, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо Зафар Эгамбердиев.
Дар ноҳияи Данғара барои бо манзил таъмин кардани аҳолӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ мешаванд. Яке аз ин лоиҳаҳо сохтани 10 бинои баландошёна барои 240 хонавода ва маҷмӯаи “Гузари ҷавонон”-ро дар худ муҷассам намудааст.
– Ин майдонро бо масоҳати чор гектар қаблан барои сохтумони маҳбасхона ҷудо карда буданд. Аммо аз тарафи ҳукумат ин кор лағв гардид. Он ба тасарруфи ҳокимияти ноҳия гузашт. Дар айни ҳол сохтумони ин биноҳо бо суръат идома доранд, – гуфт ноиби ҳокими ноҳияи Данғара оид ба инвеститсия ва тиҷорати беруна Элбек Кенҷабоев.
Дар ноҳия ба ивази ду миллиард сӯм ҳафт адад чоҳ кофтаанд, ки тавассути оби он обёрӣ намудани 305 гектар заминҳои то ин замон бекорхобида мадди назар гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Данғара корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Айюбхон-текстил” фаъолият мекунад. Бинои он соли 2012 сохта шудааст. Ин корхона марбути Дилшода Усмоноваи соҳибкор мебошад. Вай мегӯяд, ки бинои корхонаро бо маблағи худ бунёд намудааст. Дар ин корхона як гурӯҳ занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
– Маҳсулоти асосии моро пироҳанҳои мардона ташкил мекунанд, ки бо дизайнҳои гуногун дӯхта шудаанд. Мо дар назди корхонаамон як мағоза низ ташкил намудем, ки мизоҷон бо нархи нисбатан арзон ин пироҳанҳоро харида мебаранд ва дар дӯконҳои худ ба фурӯш мерасонанд, – мегӯяд Дилшода Усмонова.
Маълум шуд, ки дар шафати ин корхона муассисаи таълими томактабии хусусӣ низ арзи вуҷуд намудааст. Бинои онро ҳокимияти ноҳия ба соҳибкорзан Дилшода Усмонова ба қимати сифр фурӯхтааст. Ҳоло ин муассиса комилан бозсозӣ ва ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик ин муассисаи томактабӣ 170 нафар кӯдакони мардуми маҳаллиро барои таълиму тарбия ба канор мепазирад.
Иштирокчиёни пресс-тур боз аз чанд минтақаи ноҳияи Данғара боздид намуданд ва бо таассуроти бой аз он ҷо баргаштанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.