САФАРИ КУҲАНСОЛОН БА ТОҶИКИСТОН

Ҳайати вакилон иборат аз як гурӯҳ куҳансолони сурхандарёӣ дар Тоҷикистон сафар доштанд.

Риштаҳои хешу таборӣ, қудодориву бародарӣ дар байни халқҳои мо аз азал мустаҳкаманд. Солҳои охир дар робитаҳои байниҳамдигарӣ дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасанд.
Намояндагони кишварамонро вакилони ҷамоатӣ ва фаъолон бо сарварии раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода бо шодиёна ва ҳурмати баланд пешвоз гирифтанд. Куҳансолон аввал ба пойи пайкараи қаҳрамони миллии халқи тоҷик, арбоби ҷамъиятӣ ва давлатӣ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Баъд ба хонадони Камолҳоҷӣ Мадумаров ташриф оварданд.
Узви ҳайат аз осорхонаи таърихӣ ва китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода, рӯзномаи «Ҳидоят»-и Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Қалъаи қадимаи Ҳисор, ҷойҳои ба диққат сазовори шаҳри Душанбе, Боғи миллии Тоҷикистон, Маҷмӯи ёдгориҳои бузурги ду халқ – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дидан карданд. Ғайр аз ин, дар доираи чорабинӣ саёҳат ба «ТАЛКО» – ширкати алюминии Тоҷикистон баргузор шуд. Иштирокдорон дар он ҷо бо фаъолияти идораи радио ва рӯзномаи «Алюминийи Тоҷикистон» шинос шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: