САФАРИ МАТБУОТИИ ПУРСАМАР

1. АРЗИ ВУҶУД КАРДАНИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ҲАРОРАТӢ — ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ МАМЛАКАТ

1. АРЗИ ВУҶУД КАРДАНИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ҲАРОРАТӢ — ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ МАМЛАКАТ

Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош яке аз нерӯгоҳҳои азим маҳсуб меёбад, ки Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразмро пурра бо нерӯи барқи бефосила таъмин менамояд. Ҳамзамон корхонаи маъдани кӯҳии Навоӣ низ аз нерӯи барқи ин нерӯгоҳ бархурдор мебошад.
Зимни сафари дурӯзаи матбуотӣ ба ин ҷумҳурӣ журналистону блогнависон шоҳиди он гардиданд, ки нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош ба ивази маблағҳои хеле калон арзи вуҷуд намудааст. Ин сафари матбуотӣ тибқи нақшаи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти ҷумҳурӣ ва Вазорати энергетика ба вуқӯъ пайваст. Сохтмони нерӯгоҳ мувофиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ сурат гирифта, дар ҷараёни бунёди он қувваи зиёди корӣ низ корбаст шудааст.
Баъди он ки ҳавопаймо иштирокчиёни сафари матбуотиро аз Тошканд ба Нуқус расонд, дар дафтари маъмурии ин нерӯгоҳ семинар-тренинги доманфарох баргузор шуд. Дар он мавзӯи “Самараҳои механизми бозтоби соҳаи барқ дар васоити ахбори умум” мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Директори генералии нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ Фахриддин Халилаев суҳбатро аз он шурӯъ намуд, ки мувофиқи қарори Президенти мамлакат аз 11 сентябри соли 2017 таҳти рақами ҚП-3264 лоиҳаи дастгоҳу таҷҳизоти лӯлаҳои газу бухор амалӣ гардид. Қувваи ҳар яки ин таҷҳизоти буғу газ аз 230 то 260 мВт ва аз он ҳам бештарро ташкил мекунанд. Таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи ҳароратиро ширкатҳои General Elektric ва Hyundai истеҳсол намудаанд.
– Ҳадаф аз сохтани нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош таъмини Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм бо барқи бефосила ва босифат, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ, сарфаи захираҳои сӯзишворӣ ва истифодаи самараноки он мебошад, – иброз дошт директори генералӣ.
Арзиши умумии лоиҳа 678,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ин шумор беш аз 230 миллион доллар аз ҳисоби кредитҳои Хазинаи эҳё ва рушди Ӯзбекистон, 27,3 миллион доллар аз ҳисоби маблағи Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ ва 102,2 миллион доллар аз ҳисоби ҳиссаи пуштибонӣ аз лоиҳаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон харҷ шудааст. 300 миллион доллари боқимонда ба маблағҳои инвеститсионии Бонки рушди Осиё тааллуқ доранд.
– Корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатошро консорсиуми ширкатҳои Hyudai Engineering & Conctrukcion бар асоси технологияҳои замонавию пешрафта анҷом додаанд. Дар ин нерӯгоҳи барқ ба кор даромадани ду дастгоҳи газу буғ нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодии нерӯгоҳро боз бештар афзоиш дод, – иброз дошт Фахриддин Халилаев.
Тавре ки вай таъкид варзид, нерӯи он аз 730 МВт ба 1000 МВт боло рафт. Минбаъд миқдори тавлиди солонаи нерӯи барқ аз 3 миллиард кВт-соат ба 3,6 миллиард кВт-соат меафзояд. Ҳаҷми сӯзишвории шартӣ, ки барои тавлиди 1 кВт-соат харҷ мешавад, ба 170,36 гр-кВт соат коҳиш меёбад. Ба ибораи дигар, дар тӯли сол 488,6 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа мегардад. Гузашта аз ин, миқдори оби истифодашаванда ба 293 миллион метри мукааб коҳиш меёбад.
Ҳифзи муҳити зист ва экология ҳамеша дар мадди назари онҳо қарор дорад. Бар ин асос истифодаи технологияҳои наву замонавии нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ мусоидат менамоянд, ки партобаҳои оксиди азот ба севуним баробар, партобаҳои умумии ифлоскунандаи атмосфера ба 5,1 баробар, дараҷаи ифлосшавии он ба 3,2 баробар коҳиш ёбад. 
– Ба кор даромадани ду таҷҳизоти буғу гази иловагии нерӯгоҳ 100 нафари дигарро ба кор таъмин мекунад. Аммо аз оғози иҷрои лоиҳа дар маҷмӯъ 2 ҳазору 155 нафар муҳандис ва коргар ҷалб шудаанд, ки 1 ҳазору 511 нафари онҳоро аҳолии маҳаллӣ ташкил медиҳад. 644 нафар аз зумраи мутахассисону коргарони хориҷӣ мебошанд. 65 нафар мутахассисони ҷавон барои корбасти дастгоҳҳо ва таҷҳизоти нав буғу газ дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратии Навоӣ, Тошканд ва Талимарҷон тарбия карда шуданд ва соҳиби сертификат гардиданд, – гуфт директори генералии нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ.
Гуфта шуд, ки агар нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош соли 2020 тавлиди 3 миллиарду 563 миллион кВт-соат нерӯи барқро ба нақша гирифта бошад, то охири сол ин нишондиҳанда ба 110 дарсад иҷро гардид. Нерӯгоҳ аз ҳисоби тавлиди барқ 410 миллиарду 587 миллион сӯм даромади соф ба даст овард. Дар мавриди пойин бурдани арзиши аслии барқ низ ба комёбиҳои муҳим даст ёфтанд.
Тавре ки таъкид гардид, дар ояндаи наздик ба воситаи рақамикунонии корхонаи мазкур хароҷотҳо ва гардиши коғаз низ коҳиш дода хоҳад шуд. Зеро тамоми корҳо автоматикӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Дар назди компютерҳои маркази идоракунӣ ва назорат мутахассисоне машғули кор ҳастанд, ки аз зумраи мутахассисони варзидаи нерӯгоҳ ба шумор мераванд. Ҳамчунин онҳо мунтазам аз такмили ихтисос мегузаранд ва донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.
Як гурӯҳ мутахассисони Куриёи Ҷанубӣ дар ин нерӯгоҳ вазифаҳои гуногунро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, яке аз менеҷерони лоиҳа Ҷин Ҷи Ли мебошад. Вай дар бораи он ҳарф зад, ки то ба Ӯзбекистон омаданаш дар чанд кишвари дунё кор кардааст. Ба гуфтаи ӯ дар муқоиса бо кормандоне, ки ҳамроҳи ӯ дар як қатор кишвари Осиё ва Африқо кор кардаанд, ӯзбекистониҳо хеле меҳнатдӯст ва меҳмондӯст мебошанд.
– Соли сеюм ин ҷо иқомат ва кор мекунам. Худро тарзе эҳсос менамоям, ки дар хонаи худ бошам. Давраи пуршиддати пандемияро хеле сабурона пушти сар кардем ва тавонистем, ки дастгоҳи дуввуми нерӯгоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем, – гуфт Ҷин Ҷи Ли. Ӯзбекистон хеле устуворона тараққӣ мекунад ва пеш меравад. Барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвар имкониятҳои хеле фаровон фароҳам оварда шудаанд ва ҳар як сармоягузор соҳаҳои хостаашро метавонад сармоягузорӣ намояд.
Ногуфта намонад, ки корҳои сохтумонии нерӯгоҳ моҳи октябри соли 2017 шурӯъ гардида, зимни анҷоми ин корҳо аз маҳсулоти маҳаллӣ истифода гардидааст. Аз ҷумла, 47 ҳазору 411 метри мукааб маҳсулоти бетонӣ, 4 ҳазору 613 тонна арматура, 41 ҳазору 837 метри мураббаъ панелҳои сендвичӣ, 65 ҳазору 440 метри мукааб омехтаҳои регу шағал корбаст гардидаанд.
Устои калони дастгоҳи буғу гази нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош Қудрат Абдуллоев мегӯяд, баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмон дар блоки дуюм санҷишҳои тестӣ ба роҳ андохта шуданд ва ин раванд идома дорад. Ин тестҳои санҷишӣ барои муайян намудани нишондиҳандаҳои тавлиди барқ ва арзёбӣ кардани ҷараёни технологӣ корбаст шудаанд. Дар корхонаамон лӯлаҳои газу бухор, генераторҳои синхронӣ ва таҷҳизоти дигар ба кор бурда мешаванд, ки дар ширкатҳои маъруфи хориҷӣ истеҳсол шудаанд. Нерӯи ҳар як блок 260 мВт-ро ташкил мекунад ва солона 3,6 миллиард кВт-соат нерӯи барқ тавлид менамояд.
Вай боз илова намуд, ки нерӯи барқ аз ҳисоби сӯхтани газ ҳосил мешавад. Агар ҷараёни мазкурро тавзеҳу ташреҳ доданӣ бошад, кор ба ин шакл сурат мегирад: энергияи гармӣ ба деги бухор интиқол меёбад ва буғи технологӣ истеҳсол мешавад, ки дорои фишори хеле баланди ҳарорат мебошад. Ин буғ ба лӯлаи буғ фиристода мешавад ва дар марҳилаи дуюм маҳз ҳамин буғ нерӯи барқ тавлид менамояд.
Дар ҷараёни суҳбати ихтисосӣ директори генералии НБҲТ Фахриддин Халилаев гуфт, ки истеҳсоли нерӯи барқ чандин ҷараёни кориро паси сар менамояд ва ин ҷараён ҳаргиз кори саҳлу сода нест. Дар сардиҳои чилупанҷ дараҷаӣ ва гармои тобистон ходимони мо меҳнат мекунанд. Маблағҳои барои тавлиди нерӯи барқ заруриро аз хориҷа ба сифати қарз гирифтаем ва ин ҳол аз ҳар як шаҳрванди мо тақозо менамояд, ки ба қадри нерӯи ин барқ бирасанд.
Вай ба он нукта низ таъкид варзид, ки қаблан барои истеҳсоли 1 кВт-соат нерӯи барқ 430 грамм гази табиӣ сарф мешуд. Баъди насби технологияҳои наву замонавӣ миқдори гази сарфшуда то ба 250 грам пойин фаромад. Ин ба он маънист, ки ба 40 дарсади сарфакории гази табиӣ муваффақ шуданд. Мувофиқи нақша дар оянда низ афзоиш додани ҳаҷми нерӯи барқ, саҳми бештар дар сохтори мазкур ва коҳиши хароҷотҳо аз ҳадафҳои асосии онҳо ба шумор меравад.
– Ман низ ба ҳарфҳои директори генералӣ ҳамовозӣ мекунам. Мардуми мо бояд ба қадри истеҳсоли барқ бирасанд ва дар мавриди сарфакории он ҳамеша иқдом намоянд. Зеро барои истеҳсоли як кВт нерӯи барқ меҳнати шабонарӯзии кормандони нерӯгоҳ, воситаҳои мухталиф ва маблағи зиёд харҷ мегарданд. Аксар вақт дар хона ва корхонаву фароғатгоҳҳо, дафтарҳои корӣ бидуни эҳтиёҷ чароғҳо равшананд. Як идда одамони мо сарфакории нерӯи барқро ҳаргиз ба хаёл намеоранд. Аммо вақте ки чанд лаҳза барқ хомӯш мешавад, дарҳол ибрози норизоӣ мекунанд, ҳатто то фурӯзон шудани барқ сабру тоқатро аз даст медиҳанд, – мегӯяд роҳбари дафтари матбуот — мушовири масъалаҳои сиёсати ахбори раиси умумии “Шабкаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” Улуғбек Ӯрунов.
Дарвоқеъ, аз саёҳат дар нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ ба чунин натиҷа расидем, ки дар саҳрои холӣ арзи вуҷуд намудани нерӯгоҳи баландшиддати барқи ҳароратӣ эҳтиёҷи мардуми зиёд ва як қатор корхонаҳои саноатии ин минтақаро ба куллӣ рафъ карда метавонад. Дар суҳбатҳо бо мардуми маҳаллии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон низ ин маъниро дарёфтем, ки онҳо кайҳо инҷониб хомӯш шудани барқро дар ёд надоранд.
– Мо аз нерӯи барқи боэътимод ва муназзам истифода мекунем. Агар ин ҳарфҳоро касе аз мардуми қароқалпоқ чанд сол муқаддам мегуфт, ба ҳолаш тамасхур мекардем ва мегуфтем, ки ақли ин фард дар ҷояш нест. Аммо имрӯз вазъият комилан тағйир ёфтааст. Барои дар ҷумҳурии мо барпо намудани чунин як нерӯгоҳи бузурги барқи ҳароратӣ ба сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев самимона минатдорӣ арз мекунем, – мегӯяд сокини Тахиатош Алмосхон Бердақова.

2. ОСОРХОНА – БАЁНГАРИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ САНЪАТУ БОСТОНШИНОСӣ

Рӯзи дувуми сафари матбуотиро баъди шиносоии бештар бо ҷараёни кор ва роҳу усулҳои истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош бо боздид аз осорхонаи давлатии санъати ба номи Игор Савитский, воқеъ дар шаҳри Нукус, давом додем. Ин осорхонаи бузургтарин дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба шумор меравад. Осорхонаи мазкур 1 майи соли 1966 аз тарафи рассоми рус Игор Виталевич Савитский ташкил шудааст. Вай аз директорони нахустини ин осорхонаи санъат муаррифӣ шудааст.
Ба таърихчаи шарҳи ҳоли ин рассоми рус, дар айни замон, ба нақши беназири ӯ дар ҳифзи хазинаи ғании санъати рассомӣ ва маводи бостоншиносӣ назар афканем, маълум мешавад, ки Игор Савитский дар бунёди осорхона саҳми асосӣ гузоштааст. Вай соли 1915 дар шаҳри Киев ба дунё омадааст. Аз бачагӣ ба касби рассомӣ дил бохтааст ва барои расидан ба ҳадафҳои худ талошҳои зиёд ба харҷ додааст.
Соли 1920 оилаи онҳо аз Киев ба шаҳри Маскав кӯчидааст. Соли 1930 Игор барои идомаи таҳсил ба донишкадаи полгирафия дохил шудааст, аммо таҳсилро дар омӯзишгоҳи рассомии ин шаҳр идома додааст.
Гуфта мешавад, ки қабл аз оғози ҷанги зидди Олмон дар моҳи июни соли 1941 Игор Савитский ба Донишкадаи ба номи Суриков дохил шудааст ва аз устодони маъруфи худ – Р.Фалк, Н.Улянов, К Истомин ва дигарон нозукиҳои касби рассомиро амиқтар омӯхтааст. Ба далели он ки Игор бемор будааст ва имкони ширкат дар муҳорибаҳои ҷангро надоштааст, вайро ба корзори ҷанг нафиристодаанд. Ӯ фаъолияташро берун аз майдони набард дар коргоҳи расссомӣ давом додааст.
Бар асари ҷанги хонумонсӯз шаҳру деҳоти зиёд ба вайрона табдил ёфтанд. Ҳукумати вақти шӯравӣ соли 1942 тасмим гирифт, ки Донишкадаи ба номи Суриковро ба шаҳри Самарқанд кӯчонад. Игор низ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Самарқанд омад. Дар ҳасби ҳоли ӯ омадааст, ки ин сафари нахустини И.Савитский ба Осиёи Миёна мебошад ва он дар ҳаёти минбаъдааш нақши хеле муҳим бозид. Игор таҳсилро анҷом дода, ба Маскав баргаштааст.
Баъди анҷоми ҷанг ва пирӯзии артиши шӯравӣ аз болои фашизми Олмон Игор Савитский дубора ба Осиёи Миёна (солҳои 1950-1952) сафар кардааст. Ин бор ӯ ба Қароқалпоқистон омада, дар экспедитсияи бостоншиносии Хоразм ба кор сар кардааст. Баъдан тасмим гирифтааст, ки дар Қароқалпоқистон мемонад. Ӯро дар шӯъбаи этнографияи бахши қароқалпоқистонии Академияи улуми Ӯзбекистон ба сифати ходими илмӣ ба кор пазируфтаанд. Вай дар баробари пеш бурдани кори рассомӣ, ҳамзамон ба гирдоварии ашёи зебу зинати занҳо, либосҳои миллӣ ва маводи ороишии хаймаҳо пардохтааст.
Тавре ки дар ин осорхона ба мо гуфтанд, ҳоло 100 ҳазор ашёи гуногун барои намоиш омода карда шудаанд ва 80 ҳазор адади онро И.Савитский ҷамъомарӣ кардааст. Ин ашё ё экспонатҳои намоишӣ дар баробари суратҳои гуногун, аз бозёфтҳои бостоншиносӣ, асарҳои рассомони Ӯзбекистону Русияи марбут ба солҳои 1920-1930, ҳамчунин асарҳои намояндагони санъати тасвирии имрӯзи Қароқалпоқистон иборатанд.
– Асарҳои мутааллиқ ба солҳои 20-30-уми қарни гузашта маҷмӯи асосии хазинаи осорхонаи моро ташкил мекунанд. Ҳамон солҳо аз Русия ба Ӯзбекистон рассомон М.Курзин, Е.Коровай, Н.Кашина, В.Уфимсев, П.Бенков, З.Ковалевская, В.Лисенко ва дигарон омада эҷод кардаанд,  – мегӯяд корманди ин осорхона Ҳалима Нуруллоева.
Дарвоқеъ, маълум шуд, ки яке аз мусаввараҳои гаронарзиши осорхона, ё ба ибораи дигар, “корти муаррифӣ”-и он сурати “Барзагов” мебошад. Он ба мӯйқалами рассоми рус В.Лисенко тааллуқ дорад. Ин сурат ба сифати симои барҷастаи осорхонаи мазкур муаррифӣ мешавад. Онро Игор Савитский дар яке аз болохонаҳои ҳавлии хешовандони дӯсташ пайдо кардааст. Гуфта мешавад, ки ин сурат як қисми боми харобшудаи хонаро аз барфу борон ҳимоя мекард.
Соли 2017, ҳангоми сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Русия, бори нахуст намунаҳои зиёде аз осори гаронбаҳои осорхонаи Нуқус дар Маскав ба намоиш гузошта шуд. Сарварони ду давлат – Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин ба осорхонаи санъати тасвирии ба номи Пушкин барои ширкат дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи “Хазинаи Нуқус” омаданд.
Директори осорхона Марина Лошак дар маросими мазкур ашёи намоишии “Хазинаи Нуқус”-ро намунаи хосу беназири санъати тасвирӣ арзёбӣ кардааст. 
Ашёи намоишии Осорхонаи давлатии санъати Нуқус дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж низ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ногуфта намонад, ки бинои ин осорхона аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум маводи бостоншиносӣ, нумизматика(сиккашиносӣ) ва санъати амалии халқӣ гузошта шудаанд. Ошёнаи дувум аз хазинаи ашёи намоишӣ иборат аст ва 100 ҳазор ашёро гирдоварӣ кардааст, аммо ҳамагӣ 3 дарсади он барои тамошогарон ҳавола гардидааст. Дар ошёнаи севвум авангарди русӣ ҷой гирифтааст. Авангарди русӣ як равияи васеъ, гуногун ва зиддиятнокест, ки дар Русия аз соли 1910 то соли 1932 ташаккул ёфтааст. Ба истилоҳи дигар, ин дарки инқилобии воқеъият аст ва асри бистро ба даврае табдил додааст, ки тафаккури инқилобӣ дар санъат натиҷаи тағйирот дар ҷомеаро ташкил кардааст ва он тамоми сайёраро фаро гирифтааст.
Ҳамчунин дар ин ошёна маҳсули мӯйқаламҳои расссомони варзидаи ӯзбеку қароқалпоқ ба намоиш гузошта шудаанд. 
Зимни боздид ва тамошои ашёи осорхона шоҳид шудем, ки 160 нафар корманди он бо лутфу меҳрубонӣ ба муштариёни алоҳида ва гурӯҳ-гурӯҳ роҷеъ ба ашёҳои намоишӣ маълумотҳои хеле ҷолиб ва пурмуҳтаво ироа мекунанд.
Он нукта дар ин ҷо қобили зикр аст, ки рӯзномаи “Telegraph”-и Британия осорхонаи Нуқусро маскани асарҳои нодир ва ғайриоддӣ арзёбӣ кардааст. Боздид аз онро барои сайёҳони Британия ва мамолики дигари ғарбӣ низ хеле манфиатбахш донистааст. Ба навиштаи ин рӯзнома осорхонаи мазкур дар замони шӯравӣ дар яке аз шаҳрҳои минтақаи шимоли Ӯзбекистон бунёд ёфтааст ва “мисли гавҳарест, ки дар қаъри дарё ниҳон мебошад”.
Осорхонаи давлатии санъати Нуқус дорои 10 ҳазору 500 адад китоб низ мебошад. Китобхона дар ошёнаи якуми бино воқеъ гардидааст. Ба гуфтаи дастандаркорони осорхона соли 2019 аз ашёи осорхонаи мазкур 139 ҳазору 279 нафар муштарӣ боздид кардаанд. Аз ин шумор 14 ҳазору 737 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил додаанд.
Аммо як сол муқаддам ба далели пахши пандемия ин теъдод ба 18 ҳазору 539 нафар пойин рафтааст, ки танҳо 383 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил намудаанд. Хушбахтона, дар ду моҳи охир теъдоди муштариён беш аз пеш афзоиш ёфтааст. Интизор меравад, ки теъдоди тамошогарони ашёи Осорхонаи давлатии санъати Нуқус нисбат ба ду соли пеш ба карат хоҳад афзуд.

3. ШИЛПИҚҚАЛЪА – МЕРОСИ ДАВРАИ ЗАРДУШТИЁН

Сафари матбуотии гурӯҳи мо дар самти ноҳияи Амударёи Қароқалпоқистон идома пайдо кард. Мо аз тариқи роҳи Нуқус – Берунӣ ба самте ҳаракат мекардем, ки аз як қалъаи бостониву қадим дидан кунем. Ронанда гуфт, ки масофаи байни Нуқус ва Шилпиққалъа 43 километрро ташкил мекунад.
Баъди он ки тақрибан чиҳил километр масофаро тай кардем, роҳбалади мо ба номи Илҳомҷон гуфт, ки ҳама аз тирезаҳои автобус ба самти рости дашти васеъ назар афканем.
Тақрибан дар якуним километрии он баландие ба чашм намуд, ки шакли давраро мемонд. Дар назди ду хайма аз автобус фаромадем. Дар ин фасл ҳанӯз он беодам буд. Аммо чанд мошин он ҷо қарор доштанд, ки ҳувайдо буд саворонаш аллакай ба Шилпиққалъа баромадаанд.
Барои он ки ҳар як сайёҳ худро то болои қалъа расонад, бояд зинаҳои дурударозеро тай кунад. Мо низ пасу пеш қатор шудем ва аз ин зинаҳо ба боло ҳаракат кардем. Маълум шуд, ки зинаҳои симинтиро то наздикии ин қалъа сохтаанд ва акнун мебоист мо ба қалъа ба воситаи роҳраве бароем, ки онро мисли ҷӯй кандаанд. Бо вуҷуди ин, аъзои гурӯҳи мо яке оҳиставу дигаре чолокона худро ба болои ин қалъа расониданд.
Аз охири зинаҳо ин қалъа тақрибан дар баландии 15 метр воқеъ буд. Нисбат ба ҳамворӣ баландии он ҳудудан 40-45 метрро ташкил медод. Ин қалъаро 2200 сол муқаддам, дар давраи Зардуштиҳо сохтаанд. Майдони қалъаи Шилпиқ ҳамвор набуд ва аз пастиву баландиҳо ташкил меёфт. Диаметри он 65 метрро ташкил мекард. Ҳатто дар мобайни он ҳанӯз сангҳои хурду калони барҷомондаи кӯҳпояро дидан мумкин буд, ки интизор мерафт, ин қалъаро махсус дар атрофи ҳамон кӯҳпоя сохтаанд.
Ин иншоот аз ёдгориҳои бостоншиносии асрҳои якуми то милод ва асри якуми милодӣ тавсиф мегардид. Он Даҳмӣ Чилпиқ ё Шилпиққалъа ном бурда мешуд. Ин қалъаи ҳалқамонанд бом надошт. Дар як самти ин қалъа дарёи Омӯ равон буд. Аз болои қалъаманора ба поён нигоҳ кунӣ, дар се тарафи он дашти васеъро мебинӣ. Танҳо дар як самти он рӯди Омӯ якзайл ҷорӣ буд. Ба воситаи як роҳрави танг кас метавонист аз болои қалъа худро ба поён расонад.
Гуфта мешавад, ки аз болои манора тахтачаҳои гилин ва боқимондаи устухонҳои мурдаҳоро пайдо кардаанд. Ин бозёфтҳо дар ҳамин ҳол дар осорхонаҳои Нуқус ва Тошканд маҳфуз будаанд. Баробари ба Осиёи Миёна юриш намудани арабҳо, ки дар асри VII сурат гирифтааст, манора ё қалъаро бозсозӣ кардаанд. Дар замони гул-гулшукуфии давлати Хоразмшоҳиён (асрҳои IX-XI) он куллан тармим гардидааст.
Ба ақидаи пажӯҳишгарон хоразмиҳо аз ин қалъа барои расонидани хабар то ба қалъаҳои дигар, ҳамчунин ба сифати манораи муҳофизаткунанда аз душманон истифода кардаанд.
Ин қалъа дар рамзи давлатии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ифода ёфтааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси 
“Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – ТАХИАТОШ – НУҚУС – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: