САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ЧИН ВА ГУФТУШУНИДҲОИ ДАРАҶАИ ОЛӢ, КИ ДАР ПЕКИН БА АМАЛ ОМАДАНД, ДАР РАСОНАҲОИ БОНУФУЗИ АХБОРИ ОММАВӢ ВА ДОИРАҲОИ КОРШИНОСИИ ҶМЧ ВАСЕЪ АКСИ САДО ПАЙДО КАРДАНД

Сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Чин дар доираи иштирокаш дар маросими кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин дар расонаҳои машҳури ахбори оммавӣ ва доираҳои коршиносии ҶМЧ акси садои зиёд пайдо кард.

Сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Чин дар доираи иштирокаш дар маросими кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин дар расонаҳои машҳури ахбори оммавӣ ва доираҳои коршиносии ҶМЧ акси садои зиёд пайдо кард. Гуфтушунидҳои дуҷонибаи Президенти Ӯзбекистон бо Раиси ҶМЧ Сӣ Сзинпин, ки 5 феврал ба вуқӯъ пайваст, бахусус боиси эътибори зиёд шуд.
Тавре ки Оҷонсии давлатии иттилоотии «Синхуа» таъкид мекунад, дар ҷараёни вохӯрии сарони ду давлат қайд гардид, ки тӯли 30 соли охир муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бардошта шуданд. Чин ва Ӯзбекистон равандҳои баробарӣ, эҳтиром ва манфиатҳои тарафайнро дастгирӣ менамоянд. Ҷонибҳо эътимоди тарафайни сиёсиро мустаҳкам карда, ҳамкориҳои муфиди дуҷонибаро пеш мебаранд.
Рӯзномаи машҳури «Жэнмин Жибао» эътибори худро ба муоҳидаҳои сарони ду мамлакат дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайн ба манфиати халқҳои Ӯзбекистон ва ҶМЧ нигаронидааст. Президент Шавкат Мирзиёев ва Раис Сӣ Сзинпин муҳимияти минбаъд зиёд кардани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро таъкид карданд.
Рӯзномаи «China Daily», ки ба забони англисӣ чоп мешавад, дар навбати худ изҳороти сарвари Чинро дар бораи омодагии ҶМЧ ба ҳамкориҳои қарини тарафайн бо Ӯзбекистон дар соҳаи рушди устувор таъкид менамояд. Тайёрии ҷонибҳо ба ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои саноат, манбаъҳои нави энергия, мубориза ба муқобили пандемияи COVID-19 ва коҳиш додани нодорӣ қайд карда мешавад.
Рӯзномаи «Global Times» эътибори хонандагони худро ба вусъати минбаъдаи робитаҳои нақлиётиву коммуникатсионии Чин бо Ӯзбекистон ва умуман бо Осиёи Марказӣ ҷалб менамояд. Сарони ду давлат ҳамчунин бинобар ҳамкориҳои тарафайн дар доираи СҲШ ва ташаббуси «Як камар, як роҳ» мубодилаи афкор карданд.
Дар навбати худ коршиносони чинӣ муҳити самимиеро, ки гуфтушунидҳои байни Раис Сӣ Сзинпин ва Президент Шавкат Мирзиёев гузаштанд, таъкид менамоянд. Бинобар баҳои онҳо ин шаҳодати муносибатҳои махсуси эътимодбахш ва дӯстонаи сарони ду кишвар мебошад.
Тавре ки коршиноси Пажӯҳишгоҳи рушди иҷтимоии Авроосиёи Маркази рушди иҷтимоии назди Шӯрои давлатии ҶМЧ Сюй Тао зикр мекунад, Президенти Ӯзбекистон дар маросими кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ширкат варзид ва бо Раиси ҶМЧ дар ин даврони воқеаҳои таърихӣ, аз ҷумла таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ гуфтушунид кард.
Бинобар ақидаи коршинос ин дараҷаи олии эътимоди тарафайни сиёсӣ ва муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии байни Чин ва Ӯзбекистонро намоиш медиҳад. Сарони ду давлат масъалаҳои асосии рӯзномаи дуҷонибаро муҳокима карданд ва ҷиҳатҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанбаро барои солҳои минбаъда мушаххас намуданд. Сарони кишварҳо ҳамчунин дар бораи ҳамкории тарафайни ду мамлакат дар доираи СҲШ ва созмонҳои дигари байналхалқӣ табодули афкор намуданд.
Раис Сӣ Сзинпин ва Президент Шавкат Мирзиёев ба ҷараёни рушди ҳамкориҳои тарафайни амалии ду давлат баҳои мусбат доданд. Тӯли чанд соли охир Чин мақоми шарики асосии тиҷоративу иқтисодӣ ва бозори бузургтарини содиротиро барои молҳои Ӯзбекистон нигоҳ медорад. Ҳамкориҳои муфиди дуҷониба дар соҳаҳое чун хоҷагии қишлоқ, инфрасохтор, молия, логистика, хиёбонҳои саноатӣ мустаҳкам мешаванд.
Сюй Тао таъкид менамояд Чин ва Ӯзбекистон, ки таърихан бинобар Шоҳроҳи абрешим алоқаманд мебошанд, барои ҳамкорӣ дар соҳаи робитаҳои тарафайни нақлиётӣ пешомадҳои бузург доранд. Вобаста ба ин ҳамкории тарафайн дар доираи ташаббуси ташкил додани Маркази умумии инноватсионӣ ва дониш дар соҳаи нақлиёти устувор, ҳамчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти «ақлӣ», логистикаи «ақлӣ», гузаргоҳҳои «сабз» ба манфиати ҳар ду давлат ҷавобгӯ мебошанд.
Корманди пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Су Чан дар бораи гуфтушунидҳои дараҷаи олии ӯзбекистониву чинӣ дар Пекин ибрози назар намуд. Бинобар ақидаи ӯ вохӯрии Раис Сӣ Сзинпин ва Президент Шавкат Мирзиёев шаҳодати эътибори шахсии онҳо ва дастгирии мустаҳками таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни ду давлат ба шумор меравад.
Тавре ки коршинос мегӯяд, солҳои охир муносибатҳои дуҷонибаи байни ҶМЧ ва Ӯзбекистон ҷиҳати сифатан нав ва муттасил пайдо карданд. Бо вуҷуди пандемияи COVID-19, бо саъю кӯшишҳои муштарак кишварҳои мо тавонистанд рушди мустақимро дар бисёр соҳаҳо таъмин намоянд. Дар самтҳои зерин, аз ҷумла мубориза ба муқобили бемории коронавирус, сӯзандорукунӣ, нигаҳдории тандурустӣ, коҳиш додани нодорӣ ҳамкориҳои муфиди тарафайн ба роҳ монда шуданд.
Дар Пекин ба саъю кӯшишҳои фаъоли Ӯзбекистон, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои вусъат додани робитаҳои бисёрҷанба, инкишоф додани низоми нақлиётиву коммуникатсионӣ нигаронида шудаанд, баҳои баланд медиҳанд. Ҳамаи онҳо бо вазифаҳои асосии ташаббуси Раиси ҶМЧ «Як камар, як роҳ» бинобар пешбурди ало-қаҳои тарафайни байниминтақавӣ ҳамоҳанг мебошанд.
Умуман, бинобар ақидаи коршиносони чинӣ гуфтушунидҳои байни Раис Сӣ Сзинпин ва Президент Шавкат Мирзиёев боз як шаҳодати равшани пешрафти мустақими ҳамкориҳои чиниву ӯзбекистонӣ гардиданд. Чин ва Ӯзбекистон, ки дар гардишгоҳи нави таърихӣ қарор доранд, минбаъд низ гуфтушунидҳои фаъоли сиёсиро идома медиҳанд, ҳамкориҳои амалиро вусъат дода, муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаро ба сатҳи нав мебардоранд.

 АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: