Боздиди расонаии 12 нафар сарварону сармуҳаррирони ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, инчунин роҳбарони студияи истеҳсолӣ ва оҷонсии рекламавии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 7-12 июни соли 2019 ба амал омада буд.
Мақсад аз баргузории он роҳандозии ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни ВАО ва ташкилотҳои рӯзноманигории Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин мусоидат ба инъикоси робитаҳои мутақобилан судманди ду ҷумҳурии шарики стратегӣ буд. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи «Беҳтар кардани ҳамкории рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» амалӣ гардид.
Дар зер матолиби яке аз ин агентиҳоро, ки дар паёмади ин сафар навишта шудааст, мухтасар ба хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳавола мекунем.
Ин дигар воқеияти рӯзҳои мост...
Ошноӣ бо пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоии Ӯзбекистони соҳибистиқлол, боздид аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ, як каф дуо бар сари турбати Исмоили Сомонӣ, гаштугузор дар кӯчаҳои Бухоро, ки замоне бузургони миллат қадам мезаданд, аксбардорӣ дар майдони Регистон, лаҳзае будан дар ҳавлии Устод Садриддин Айнӣ, ошноӣ бо ҳамкасбони ӯзбекистонӣ ва аз наздик дидану шунидани ин ки онҳо дар бораи Тоҷикистон чӣ менависанду чӣ мегӯянд, суҳбати аҳли илму адаб ва ҷамъиятҳои тоҷикони Самарқанду Бухоро... ин ҳама аз ҷумлаи барномаи сафар буданд.
Ташкили ин боздид ба дунболи сафари якҳафтаинаи журналистони ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 иттифоқ афтод. Онро Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон — асри XXI» бо гирифтани аккредитатсияи муваққатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои 12 нафар кормандони ВАО-и Ӯзбекистон баргузор карда буд. Чунин ташаббус аз иқдоми муҳим дар рушди равобити дуҷониба, бахусус, густариши ҳамкории рӯзноманигорони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Агар бо сабабҳои маълум то ин замон барои як журналисти тоҷик рафтан ба ҷойҳое, ки зикр шуданд, (он ҳам бидуни раводид ва дарёфти аккредитатсия) кори саҳлу содда набуд, ҳоло дигар ин воқеияти рӯзҳои мост.
Дар омади гап бояд зикр кард, ки шояд ин ҳам бахт аст, ки аввалин боздиди расонаии гурӯҳӣ насиби мо гардид.
Субҳи 7-уми июн ба шаҳри Тошканд парвоз кардем. Се сол қабл парвози озод аз Душанбе ба фурудгоҳи Тошканд як кори ғайримумкин буд. Туфайли даркушоиву марзкушоиҳои роҳбарони давлатҳо ҳоло на танҳо тавассути роҳи заминӣ, балки бо ҳавопаймо ва ҳамагӣ дар 45 дақиқа аз Душанбе ба Тошканд расидан имконпазир аст.
Ва расидем ба пойтахти Ӯзбекистону фикр кардам, ки гӯё боре ба ин ҷо омада бошам: фазои ошно, чеҳраҳои пуртабассуми кормандони фурудгоҳ, кӯчаҳои мисли Душанбе ободу зебо, истиқболи шарқиёна.
Ва ин оғози сафари рангину пур аз хотироти мо аз кишвари ҳамсоя буд.
«Овози тоҷик» — садое аз сад соли қабл
Тибқи барнома, нахустин мулоқоти мо дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» бо ҳайати эҷодии ин нашрия буд. Баробари вуруд ба идораи рӯзнома аввалин коре, ки кардем, ба даст гирифтани шумораҳои нашршудаи он буд. Аҷаб эҳсосе. Шояд бовар кардан мушкил аст, аммо ҳамин рӯзнома наздик 100 сол инҷониб дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ нашр мешавад.
Воқеан, номи «Овози тоҷик» барои ману хонандагони рӯзномаи «ИмрӯзNews» шинос аст. Чанд сол қабл бо кӯшиши рӯзноманигор ва шоири маъруфи тоҷик Исфандиёри Назар тақрибан кулли матолиби солҳои аввали нашри ин рӯзнома ба хати сирилик баргардон ва дар зиёда аз 300 шумораи «ИмрӯзNews» чоп шуда буд.
Айни замон дар рӯзномаи «Овози тоҷик» 27 нафар фаъолият мекунанд, ки 16 нафарашон эҷодкор, 3 нафар узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон мебошанд.
Мулоқоти баъдии мо бо роҳбарияти Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Маркази бозомӯзии рӯзноманигорон, инчунин сарварону сармуҳаррирони ВАО буд, ки дар Маркази миллии матбуот баргузор шуд.
Сайёҳӣ: Ӯзбекистон — садрнишини беҳтаринҳо
Пеш аз ин дар бораи иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон, таваҷҷӯҳи сармоягузорон, вуруди сайёҳони хориҷӣ, имтиёзҳову дигар барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди иқтисоди ин кишвар шунидаву хонда будем. Бахши навбатии боздиди рӯзи аввал ҳам ба ин мавзӯъ иртибот дошт ва барои дарёфти иттилооти бештар ба Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон рафтем.
Тибқи маълумоте, ки Саидакбархон Акбаров, муовини раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ пешниҳод кард, ин кишвар аз лиҳози вуруди сайёҳони хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ яке аз мақомҳои аввалро дорад. Соли 2018 ба Ӯзбекистон 5 миллиону 346 ҳазор, соли 2017 — 2 миллиону 690 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид шудааст.
Дар нимаи аввали соли 2019 зиёда аз 3 миллион сайёҳ хоҳад омад. Ба якборагӣ афзудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба он марбут аст, ки бо дастури ҳукумат зербинои соҳаро бамаротиб беҳтар кардем. Боло бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, имтиёзу ҳавасмандсозӣ, тағйири куллӣ дар низоми пазируфтани сайёҳон, соддагардонии дарёфти раводид ва ғайра аз ҷумлаи чораҳои андешидаи ҳукумати Ӯзбекистон аст, изҳор дошт ӯ.
Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар Ӯзбекистон фаъолияти 983 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарият дорои имтиёзҳои соҳавӣ ҳастанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии ҷумҳурӣ соли гузашта 1 095 505 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон (асосан ба тамошои Самарқанду Бухоро) омадаанд, ки ин баъд аз Қазоқистон нишондиҳандаи дувум дар паҳнои ИДМ мебошад. Харҷи миёнаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро дар он кишвар Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ 60,4 доллари ИМА ҳисоб кардааст. Маблағи умумии дар соли 2018 сарфкардаи тоҷикистониён дар Ӯзбекистон беш аз 66 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Аз шиносоӣ бо дастовардҳои сайёҳии Ӯзбекистон маълум гардид, ки барои рушди ҷаҳонгардӣ чанд омили хеле муҳим мавҷуд аст. Ба назарам, дар доираи Барномаи сесолаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки дар Тоҷикистон эълон шудааст, ба инобат гирифтани ин омилҳо ба афзоиши вуруди сайёҳони хориҷӣ мусоидат мекунад. Яке аз муваффақиятҳои ҳамсоякишвар дар ин бахш, ба гуфтаи Акбаров, «ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ дар Ӯзбекистон аст, ки дар маҷмӯъ, осонкунии дарёфти раводид ва ҷараёни бақайдгирӣ, рушди зербинои сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя, муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ ва омодасозии кадрҳои ҳирфаиро дар бар мегирад».
Ба унвони мисол, зимни чораҳои андешидаи давлат соли гузашта дар Ӯзбекистон теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ 75 дарсад афзудааст. Ин омил, дар навбати худ, хизматрасонии сайёҳиро бештар кардааст. Танҳо соли гузашта 142 макони нави ҷойгиршавии ҷаҳонгардон (меҳмонхона, хостел ва ғайра) бо дороии 4121 ҷой ба истифода супорида шудаанд.
Ҳамаи ин омилҳо ҳамзамон ба рушди босуръати минтақаҳо, ба вуҷуд омадани ҳазорҳо ҷойи корӣ, вуруди миллионҳо доллар сармоя, афзоиши даромади аҳолӣ мусоидат кардаанд, ки дар ниҳоят баландшавии сатҳи зиндагии мардум ва беҳтаршавии имиҷи байналмилалии кишварро дар пай дорад.
Ҳамин чораҳои андешидаи ҳукумат аст, ки айни замон Ӯзбекистон дар рейтинги Gallup Global аз лиҳози «Кишвари осоишта барои саёҳат» дар миёни 142 мамлакат дар мақоми 5-ум ва дар рейтинги 10 самти ҷолиб барои сайёҳӣ дар мақоми 2-юм меистад. Ҳамзамон маҷаллаи «Travel and Leisure» Ӯзбекистонро дар феҳристи «Беҳтарин ҷой барои ҷаҳонгардӣ» дар мақоми аввал ҷой додааст.
Чунин феҳристҳо, ки ин кишварро аз лиҳози сайёҳӣ дар мақомҳои беҳтарин ҷой додаанд, кам нестанд.
(Давом дорад).
Назири НУСРАТ,
хабарнигори «ИмрӯзNews».