Барномаи сермаҳсули сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Италия ба анҷом расид.
Сарвари давлат дар Рим бо Президенти Италия Серҷо Маттарелла ва Сарвазир Ҷорҷ Мелони мулоқотҳои судманд анҷом дод. Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегии байни ду кишвар Декларатсияи муштарак қабул гардид.
Инчунин бо директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Цюй Дуню мулоқот баргузор гардид.
Сафар бо чорабиниҳои тиҷоратӣ дар Милан идома ёфт. Дар ин ҷо Президент губернатори Ломбардия Аттилио Фонтанаро ба ҳузур пазируфта, бо намояндагони соҳибкорони бузурги итолиёӣ суҳбати «мизи мудаввар» баргузор намуд ва ҳамчунин аз намоишгоҳи мошинсозии нассоҷӣ дидан кард.
Дар анҷоми чорабиниҳои сафар сарвари давлати моро дар фурудгоҳи «Малбенсе» губернатори минтақаи Ломбардия Аттилио Фонтана ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд. Президент ба Тошканд рафт.