САФАРИ САРВАРИ ӮЗБЕКИСТОН БА ИМА – ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОҚИЛОНАИ Ӯ

Нигоҳ аз Итолиё

Аввалин сафари расмии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба ИМА, инчунин рушди имрӯзаи муносибатҳои Ӯзбекистону Амрико алҳол мавзӯи мавриди муҳокимаи РАО-и хориҷӣ ва доираҳои корчаллони байналхалқӣ гардидааст.
Инак, ноиб-президенти ширкати итолиёии Techint Industrial Corporation, раиси Палатаи муштараки савдои «Италия-Ӯзбекистон» Луиҷи Иперти таъкид намуд, ки вохӯрии президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп дар Вашингтон аҳамияти амиқи рамзӣ дошта, эътирофи он сиёсати ҷиддӣ ва оқилона ба ҳисоб меравад, ки роҳбарияти Ӯзбекистон дар тӯли ду соли охир татбиқ менамояд.
«Ман суханони ӯро бобати он, ки мамлакат ба ислоҳоти демократӣ, озодгардонии иқтисодиёт ва муносибатҳои некҳамсоягӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ такя менамояд, дастгирӣ менамоям, таъкид намуд соҳибкори итолиёӣ. Дар айни ҳол Ӯзбекистон муваффақ гардид,  ки ҳамкории самарабахшро бо давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад».
Л.Иперти қайд намуд, ки барои ҷомеаи ҷаҳон равшан аст, ҷониби Ӯзбекистон дар тамоми дараҷаҳо корҳои азими тайёриро амалӣ намуд, ки аз он ҷоннокгардии бемисли алоқаҳои дуҷониба, инчунин ташаккул ёфтани дараҷаи баланди боварии Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп далолат медиҳад.
Чи хеле ки соҳибкори итолиёӣ таъкид кард, ИМА, зоҳиран, мехоҳад алоқаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро бо Ӯзбекистон, ки он қодир аст дар дараҷаи назаррас ба таҳкими устувории Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ба танзими вазъияти Афғонистон ҳисса гузорад, мустаҳкам намояд. «Маълум аст, ки Президент Трамп Шавкат Мирзиёевро ба сифати шарики хеле ояндадор эътироф менамояд ва ба форматсияи нави иқтисодии Ӯзбекистон боварӣ дорад». 

ОА «Дунё» 
РИМ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: