САФАРИ ҲУНАРИИ ТЕАТРИ ЛӮХТАК БА ОХИР РАСИД

Хабар дода будем, ки Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона меҳмон буд.

Тавре ки роҳбари бадеии ин театр Наргис Розиқова мегӯяд, сафарашон хеле бобарор ва хотирмон буд.
– Аз маросими қабул то роҳандозии намоишҳо мо дар иҳотаи ҳамкорону дӯстони зиёди худ қарор доштем. Ин сафари ҳунарии мо ба вилояти Фарғона баъди як сафари ҳунарии Театри лӯхтаки ин вилоят ба шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст. Мо ба забони русӣ намоишномаи “Маликаи шӯх”-и муаллиф Ҳотам Салимов, таҳиягар Зафар Ҷаводовро ба кӯдакони зиёд намоиш додем, – мегӯяд Наргис Розиқова.
Наргис Розиқова мегӯяд, ки дар шаҳрҳои Марғилон ва Қӯқанд низ аз ин намоишномаи ҳунармандони тоҷик хеле хуб истиқбол намуданд.
– Сафари ҳунарии мо ба ноҳияи Сӯх тавассути ҳавопаймо сурат гирифт. Аз ташрифи мо кӯдакони ин ноҳияи тоҷикнишин басо хушҳол шуданд. Мо дар толори Кохи фарҳанг ва чанд мактаби он “Маликаи шӯх”-ро намоиш додем. Маълум шуд, ки тамошои намоишнома ба забони модарӣ барои ин кӯдакон ҳодисаи ғайримунтазир ва хеле хурсандибахш мебошад, – изҳор намуд роҳбари бадеии Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон. Чун пешакӣ аз он огоҳ будем, ки дар ноҳияи Сӯх бештар аз 99 дарсади аҳолии онро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунанд ва барои кӯдакони онҳо тақдими намоишнома ба забони тоҷикӣ ҳатман шавқу завқ хоҳад бахшид. Ва айнан ҳамин тавр шуд ва шавқу завқи кӯдакони сӯхиро дида мо низ рӯҳбаланд гардидем.
Барои ҳунармандони ин театр Гулнисо Сайдалиева, Искандар Бухориев, Сироҷиддин Ашӯров, Зебунисо Муродова, устои равшанӣ Сайфиддин Сатторов, коргардони овоз Равшан Касиров, устои либосҳо Муниса Асророва,  коргардони намоишномаи “Маликаи шӯх” Ҳотам Салимов низ сафари ҳунарӣ ба ноҳияи Сӯх хеле гуворову хушоянд буд. Онҳо медиданд, кӯдакони ноҳияе, ки аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад, тӯли даҳҳо сол ба забони модарӣ ягон намоишнома тамошо накардаанд ва муштоқи чунин ҳунарнамоиҳо мебошанд. Онҳоро дар ноҳияи Сӯх одамони зиёд, ҳатто, калонсолон низ гарму ҷӯшон истиқбол гирифтаанд.
Маълум шуд, ки рӯйи саҳна овардани намоишномаи “Маликаи шӯх”  танҳо дар рӯзи охири сафари ҳунарии актёрони тоҷик ба Риштон рост омадааст ва онҳо баъди анҷоми намоишнома аз ҳамон ҷо рост худро ба марзи Тоҷикистон расонидаанд.
– Ваъдаву қарор шуд, ки дар давраи навбатии сафари ҳунарии ҳунармандони театр онҳо бо намоишномаҳои дигар низ меҳмони мо мешаванд ва ғайр аз маркази ноҳия дар минтақаҳои атрофи он низ кӯдакон аз тамошои намоишномаҳои тоҷикӣ баҳра мебаранд, – мегӯяд ба хабарнигори “Овози тоҷик” мудири бахши ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифати вилоят Дилором Додобоева.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: