Сафи китобхонони ҷавон меафзояд

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ гуфтугӯйи кушоди илмӣ-амалӣ оид ба мавзӯи «Масъалаҳои муҳим, таҳлил, пешниҳод ва роҳҳои ҳалли рушди адабиёти бачагона» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ адибон, шоирон, намояндагони соҳаи таълими халқ, аҳли санъат, донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбор ширкат варзиданд.
Дар он таъкид гардид, ки китоб манбаи дониш аст. Бидуни омӯхтани асарҳои шоиру нависандагони бузург ҳеч кас шахс соҳиби маънавияти баланд шуда наметавонад. Хуб медонем, ки ҳамаи мутафаккирони мо, осори бузургони пешинро хондаву омӯхтаанд. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки мо бояд барои китобхон шудани насли наврас эътибори алоҳида диҳем.
Дар нишасти матбуотӣ номзади илми филология, адабиётшинос Раҳматулло Баракаев таъкид намуд, ки дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ хонандагонро ба китобхонӣ бештар ҷалб намоем. Дуруст аст, ки дар мактабҳо  тарғибу ташвиқи китобдӯстдориву китобхонӣ дар ӯҳдаи омӯзгорон мебошад. Омӯзгорони забон ва адабиёт, таърих дар рафти омӯзиши дарсҳо вобаста ба мавзӯъ хонандагонро ба хондани ин ё он китоби бадеӣ ё илмиву таърихӣ тарғиб намоянд. Омӯзгори фанҳои дигар низ аз рӯйи масъулият бояд ин гуна тарғиботу ташвиқотро ба роҳ монанд.
– Китобхона аз ҳаррӯза серодам  аст. Боиси хушнудист, ки сафи китобхонони ҷавон торафт меафзояд. Ба хонандагони ҷавон мутолиаи китобҳои шавқовар, дорои аҳамияти тарбиявиро тавсия мекунам. Дар китобхона натанҳо китобҳои бадеӣ, балки рӯзномаву маҷаллаҳо, маҷмӯаҳо барои хурдсолон мавҷуд аст, – мегӯяд директори Китобхонаи миллӣ Умеда Тешабоева.
Дар поёни чорабинӣ мушоираи шоирон баргузор гардид. 

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: